Узви "Ихвонулмуслимин" - иттиҳом алайҳи 6 имом-хатиби Суғд

Сулаймон Болтуев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (Қайроққум)

Шаш имом-хатиби масоҷиди ҷомеъ дар вилояти Суғд барои узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, аз ҷумла "Ихвонулмуслимин", муттаҳам мешаванд.

Додситонии вилояти Суғд шаш имом-хатиби боздоштшудаи масоҷиди ҷомеъ дар шимоли кишварро "барои узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ" айбдор донистааст. Ин ходимони расмии дин ҳудуди як моҳи пеш аз сӯи нерӯҳои пулис дастгир шуда, ҳоло дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.

Як манбаъ дар Додситонии вилояти Суғд рӯзи 5 апрел ба Озодӣ гуфт, тафтиши парвандаи имом-хатибонро шӯъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи додситонӣ пеш мебарад. Вале манбаъ ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтиш аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин замина худдорӣ кард.

Ду нафар аз ин имом-хатибон аз Хуҷанд, дуи дигар аз Конибодом ва якнафарӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Гулистон (Қайроққум) будаанд. То кунун номи се тани онҳо барои мо маълум шудааст, ки онҳо Мақсуд Урунов, Абдуҷамил Юсуфов ва Сулаймон Болтуев – имом-хатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Гулистон (Қайроққум) мебошанд.

Файзиннисо Воҳидова

Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои Сулаймон Болтуев - имом-хатиби шаҳри Гулистон гуфт, ки мақомот ин 6 ходими расмии динро асосан барои шомил шудан ба созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Ихвонулмуслимин" муттаҳам мешуморанд. Ба қавли ин вакили дифоъ, мақомот гуфтаанд, ки ин шаш нафар дар охирҳои солҳои 90-ум вориди ин ҳаракат шуда, то лаҳзаи боздошт ба ҳамин ақида устувор будаанд.

Ӯ афзуд, "масалан, нафари зерҳимояи ман иқрор шудааст, ки воқеан узви ҳамин созмон буд. Вале фаъолияти онҳо фақат аз даъват ба ислом иборат буд. Дигар ягон амале, ки барои тағйири сохтори конститутсионии Тоҷикистон ё даъват ба кинаву адовати диниву мазҳабӣ бошад, содир накардааст. Намозгузориву ақидаашон ҳам пурра аз рӯи мазҳаби ҳанафӣ будааст. Фақат мақсад гузошта будаанд, ки бо роҳи даъвати осоишта шумораи пайравон ва намозгузорони исломиро дар кишвари худ зиёд гардонанд."

Файзиннисо Воҳидова гуфт, бино ба иттилои мақомот бархе аз ин ходимони дин дар Донишгоҳи Осиёмиёнагии исломии Тошканд таҳсил карда, сипас омӯзишро дар Донишгоҳи исломии шаҳри Мадина идома додаанд.

Даромадгоҳи масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон

Фаъолияти созмони "Ихвонулмуслимин" дар Тоҷикистон соли 2006 баъд аз шомил шудани ин созмон дар феҳристи созмонҳои террористии Русия ва бархе кишварҳои Аврупо мамнӯъ шуд. Вале то кунун мақомот дар бораи фаъолияти аъзои ин созмон ва теъдоди аъзояш дар Тоҷикистон иттилои кофӣ надодаанд.

Аммо ин созмон ҳатто дар даврае, ки Муҳаммад Мурсӣ, раҳбари “Ихвонулмуслимин” дар Миср ба сари қудрат омад, дар Тоҷикистон мамнӯъ буд. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистону Миср бо ҳам робитаи дипломатӣ доштанд ва теъдоде аз ҷавонҳои тоҷик дар он кишвар таҳсил мекарданд, вале Душанбеи расмӣ ин созмонро аз листи созмонҳои мамнӯъ ҳазф накард.

Айби алайҳи ин 6 ходими расмии дини боздоштшуда, дар сурати исботаш дар додгоҳ, ҷазои аз 8 то 12 соли маҳрум шудан аз озодиро пешбинӣ мекунад.