Генерал Шарифхоҷаев Ҳаёт Шавкатович, муовини пешини раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон боздошт ва ба мӯҳлати ҳабси бародари зиндонии ӯ -- полковник Ҷавдат Шарифхоҷаев чор соли дигар изофа шудааст. Дар ин бора манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ хабар дода ва гуфтаанд, ки ҳоло Шарифхоҷаев дар боздоштгоҳи муваққати Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ва дар утоқи "ҷинояткорони хавфнок" нигоҳдорӣ мешавад.
Боздошти Ҳаёт Шарифхоҷаеви 52-сола ҳафтаи гузашта сурат гирифта, ба қавли манобеъ, ӯ барои даст доштан дар фасоди молӣ ва дуздии амволи давлатӣ муттаҳам мешавад. Ҳаёт Шарифхоҷаев моҳи апрели соли ҷорӣ аз мақомаш дар Хадамоти амнияти миллии Узбакистон барканор шуда, муаллими одӣ дар Мактаби олии СНБ таъин гардид.
Як манбаи дигари бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки Ҳаёт Шарифхоҷаев бо "ташаббус"-и нахуствзаири Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба ҳабс гирифта шудааст. "Дар вақташ Шарифхоҷаев ду корманди Вазорати корҳои дохилӣ ва як додситонро ба ҳабс гирифта, барои ба даст овардани шаҳодати онҳо аз шиканҷа кор гирифта будааст. Баъд аз он ки Мирзиёев наздикони ин қурбониёни шиканҷаро ба ҳузур мепазирад, масъалаи "адаб додан"-и Шарифхоҷаеро дар миён мегузорад," -- илова кардааст манбаъ.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, раҳбари собиқи Идораи амнияти миллии Узбакистон дар Қашқадарё - Иброҳим Деҳқонбоев ва соҳибкори зиндонӣ Ҳусан Зиёмуҳаммедов, ки дар олами ҷиноӣ бо номи "Ҳусан Московский" низ маъруф аст, алайҳи Ҳаёт Шарифхоҷаев шоҳидӣ додаанд.
Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, дар ҳамин ҳол, муҳлати зиндони бародари Ҳаёт Шарифхоҷаев -- полковник Ҷавдат Шарифхоҷаев, ки дар гузашта раҳбари Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва фасоди молӣ дар Хадамоти амнияти миллии Узбакистон буд, чор соли дигар дароз шудааст. Ҷавдат Шарифхоҷаев дар охири соли гузашта бо қарори Додгоҳи ҳарбии Узбакистон бо айби даст доштан дар фасоди молӣ, машғул шудан ба соҳибкории ғайриқонунӣ ва сирқати амволи давлатӣ чор сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.
Боздошти Ҳаёт Шарифхоҷаев дар ҳоле сурат гирифта, ки дар муҳосибаи ахираш ба нашрияи туркии “Ҳуррият” Гулнора Каримова мегуфт, ки Ҳаёт Шарифхоҷаев ва Ҷадват Шарифхоҷаев, ба фасод олудаанд. Дар суҳбати баъдияш бо маҷаллаи Bilan низ духтари президенти Узбакистон аз нав муовини раиси Хадамоти амният Ҳаёт Шарифхоҷаев ба фасоду ришват муттаҳам намуд.
Манбаъҳои “Озодӣ” бар инанд, ки ҳамаи он афсарон ё амалдорони давлатӣ, ки Гулнора дар сафҳааш дар Твиттер онҳоро айбдор мекунад, яке паси дигар бо мушкилоте гирифтор мешаванд. Яке аз кормандони собиқи риштаи амният мегӯяд, боздошти мансабдороне, ки дар мусодираи молу мулки Гулнора Каримова даст доштаанд, чизҳои зиёдеро рӯшан мекунад.