Дар мактаб-интернати шаҳри Чкалов акси Зиёдбек Ҷӯраев, як шогирди 17-солаи ин мактабро бо лентаҳои сиёҳ дар давру бараш гузоштаанд ва бо ин як қитъа шеър:
Худовандо, Туӣ довар!
Шаҳидонро ба ҷаннат бар
Тамоми ташнагонатро
Бидеҳ аз оби он Кавсар.
Зиёдбек шаби 15 ба 16 январ бо гумони дуздӣ дастгир шуда, аз сӯи масъулони бозори "Назари нек" то мурдан латтукӯб шуд. Ӯ падару модар надошт ва хешовандонашон ҷанозаи ин ятими ҷавонмаргро дар зодгоҳаш - ноҳияи Зафаробод дафн кардаанд.
Табибони бемористони шаҳри Чкалов барои аз панҷаи марг раҳондани Эраҷ Исоев, хонандаи 16-солаи мактаб-интернати ин шаҳр, ки низ ҳамроҳ бо Зиёдбек аз сӯи масъулони бозори “Назари нек” шадидан латтукӯб шудааст, 3 рӯз боз мубориза мебаранд. Эраҷро, ба гуфтаи мураббиёни мактаб-интернат, табибон бо "осеби мағзи сар" ва дар ҳолати "шок" дар беморхонаи Чкалов бистарӣ кардаанд.
Раис ва посбонони бозори “Назари нек” ба сари Зиёдбек ва Эраҷ бо пояи миз ва чароғи оҳанин кӯфтаанд. Дар ҳоле ки ин ду хонандаи Интернатро, ки бо гумони дуздӣ дастгир карда буданд, метавонистанд ба дасти пулис супоранд. Зиёдбеки 17-сола то расидани пулис ҷон дода, Эраҷи 16-сола осеби мағзи сар бардоштааст.
Пулиси Суғд мегӯяд, ин ҳодиса соати тахминан якуними шаби 15 ба 16-уми январ дар бозори "Назари Нек"- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст. Ин бозор баъди гардиши роҳи Хуҷанд ба сӯи Қайроққум воқеъ буда, умдатан аз фурӯшгоҳҳои бузурги мебел иборат аст. Раиси бозор - Рустам Ҷӯраеви 38-сола, сокини шаҳри Хуҷандро барои ду маротиба маросими ҳаҷро адо карданаш атрофиёнаш "Ҳоҷӣ Рустам" ном мебаранд.
Муҳсин Юсуфов, корманди хадамоти матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ду талабаи мактаб - интернати шаҳри Чкалов нимашаб дари мағозаи хӯроквории "Сабрина" дар канори ин бозорро шикаста, аз хазинаи он 386 сомониро медузданд. Аммо ин вақт Ҳоҷӣ Рустам, Аҳлиддин Файзиев - сардори хадамоти бехатарӣ ва Бобурҷон Юсупов - посбони бозор бохабар ва ҳозир шуда, дари мағозаро аз дарун маҳкам мекунанд.
Сухангӯи пулис давоми ҳодисаро чунин нақл мекунад: "Рустам Ҷӯраев, сардори бозор Эраҷ Исоевро аз гиребонаш гирифта, ба ошхонаи паҳлӯи мағоза мебарад ва ба сару рӯяш бо мушт зада меафтонад. Аҳлидин Файзиев, сардори хадамоти бехатарии бозор ҳамин тавр ба зӯрӣ Зиёдбекро ҳам мебарад ва ҳар се онҳоро зери мушту лагад мегиранд. Рустам Ҷӯраев бо пояи мизи пластикӣ ва Файзиев бо чароғи оҳанин чанд бор ба сари Зиёдбек мекӯбанд ва ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад."
Ба гуфтаи пулис, соҳиби дӯкон ва ошхонаи “Сабрина” – Набиҷон Тоҷиев -низ дар замони ин гирудорҳо ва латукӯби наврасон дар ҷои ҳодиса будааст.
Зиёдбек Ҷӯраеви 17-сола ва Эраҷ Исоеви 16-сола талабаҳои синфҳои 10 ва 9 - и мактаб - интернати шаҳри Чкалов буда, он ҷо зиндагӣ мекарданд. Он нимашаб онҳо аз интернат бе иҷозат гурехта, тарк карда буданд.
Пулис нисбат ба Рустам Ҷӯраев, раис, Аҳлидин Файзиев, сардори бехатарӣ ва Бобурҷон Юсупов – посбони бозори “Назари нек” мутобиқи банди 110, қисми 3-юми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст ва ба таҳқиқи ҳодиса машғул аст. Ҳарсе масъули бозор дар боздошт қарор доранд.
"Инҳо бачаҳои бе падару модар, аммо баъзе хешонашон гоҳ - гоҳ хабаргирӣ меомаданд," - мегӯянд мураббиёни онҳо дар мактаб - интернати шаҳри Чкалов.
Сокинони огоҳ аз ин ҳодисаро бераҳмӣ ва бешафқатии масъулони бозор дар бархӯрд бо ин навҷавонони бекас дар ҳоли “шок” гузоштааст.
Насиба Шокирова, равоншинос аз маркази “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд, ки ба занону атфоли хушнатдида ёриҳои равонӣ ироа мекунад, мегӯяд: “Дар ҷомеаи имрӯзии мо қадри пул баланд ва қадру манзалати одам паст шудааст. Бархе одамоне, ки бо пулу мол кор мекунанд, агар ба онҳо зиёни молӣ расад, хашм ӯазаби хдашонро урӯ бурдан наметавонанд ва ба одамони зердаст ва табақаҳои ба назарашон пасти иҷтимоӣ бисёр сард бераҳмона муносибат мекунанд. Худро аз қонн одоб боло мегиранд. Гумон мекунанд, ки пул доранд, ҷояш ояд, дили мақомотро ҳам ба худ гарм карда, корро ба нафъи худашон ҳал мекунанд. Вақте мақомот мегӯянд, ки ҷинояткорӣ, хусусан дуздӣ байни ноболиғон зиёд шудааст, онҳоро тарбият кунед, баъзеҳо ба таври худ, бо тарсондану зарби калтак тарбият карданӣ мешаванд.”
Субҳи 17 - уми январ, вақте ба ҷои куштор рафтам, кору савдо ба мисли рӯзҳои қаблӣ ҷараён дошт. Дар дӯкони хурдакак ва ошхонаи бо ҳам ҳамноми "Сабрина", мутааллиқ ба соҳибкор - Набиҷон Тоҷиев - нишонае аз фоҷиаи рухдода ба чашм наменамуд,ба ҷуз он ки дари ҳар ду баставу аз суи мақомоти тафтишотӣ муҳрзада буд. Дар дафтари раҳбарияти бозор танҳо як хонуми муҳосиб ва ҳуқуқшиноси бозор ҳузур доштанд. Ҳарфи аввалашон ин буд, ки дар бораи ин ҳодиса сӯҳбат кардан намехоҳанд.
Ҳуқуқшиноси бозор гуфт, вай аслан аз ҷузъиёти ҳодиса хабар надорад: "Раис одами ҳаҷ кардагӣ, ҳама "Ҳоҷӣ Рустам" гуфта муроҷиат мекарданд. Он кас одами худотарс, намозхон. Як одамро ҳамту оварда, раиси бозор намемонанд-ку. Аммо он шаб чӣ кор кардаанд, ман намедонам, аз шӯъбаи корҳои дохилӣ хабар доданд."
Вале тоҷирон ва коргарони бозори "Назари нек" ошкоротар суҳбат мекарданд ва аз ҳарфҳову симои маҳзуну норизои онҳо аён буд, ки бархӯрди бераҳмонаи раиси сарватманди як бозори бузург бо атфоли бекаси интернат аз чист, барояшон қобили дарк нест. Бебокӣ аз қонун, мақому мартабаи худро аз қонуну ҳомиёни он боло донистан, дӯстдории беш аз андозаи молу чиз, бераҳмӣ... ё чӣ ???
"Вай як одами нағз буд. Муносибаташ бо коргарони бозор бад набуд. Он кас мумкин сари феъли бад ин корро карда бошанд. Аммо ҳар чӣ ҳам бошад, ин корро аз рӯйи беақлӣ кардаанд. Он бачаҳоро, ки дастгир карданд, бояд ки ба дасти давлат медоданд, на ин ки худашон ҷазо медиҳем гуфта, зада кушанд," - гуфт як коргари ошхона.
Абдулаҳад Бобоев, марди миёнсоле, ки дар дӯкони хурди рӯ ба рӯи мағозаи "Сабрина" савдо мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ин як кори тамоман хато ва гуноҳ. Ҳар чӣ бошад, он бачаҳо падару модар надошта бошанд ҳам, фарзанди инсонанд. Фарзандони сағирхона. Мумкин аз гушнагӣ дуздӣ карда бошанд. Ба ҷои задан шикамашонро серу насиҳат карда сар медоданд, беҳтар буд. Шарм дошта, дигар кори бадро такрор намекарданд. Агар нашавад, ба дасти милиса медоданд."
Мусоҳибам афзуд, ки дар тӯли 10 соли кораш бори аввал барои дуздӣ тирезаи мағозаро шикаста даромадани бачаҳоро мешунавад.
Вокуниши масъулини мактаб-интернати Чкалов хеле шадид аст. Гулнора Мадаминова, мудири мактаб - интернат ба Озодӣ гуфт: "Барои чӣ раису посбонҳои бозор мисли ҷаллод рафтор карданд? Ба ШКД занг назаданд ? Ҳатто ба ман занг назаданд, маро кормандони милиса ба ҷои ҳодиса даъват карданд."
Ба гуфтаи мақомот, ҷинояткорӣ аз сӯи атфол дар ин минтақа рӯ ба афзоиш дорад. Додситонии Суғд мегӯяд, дар соли гузаштаи 2014 ноболиғон 17 ҷиноят ва умдатан дуздиву ғорат ва авбошӣ содир кардаанд, ки назар ба соли қаблӣ 9 маврид зиёд будааст. 117 ноболиғ ба таҳвилгоҳи раёсати корҳои дохилӣ интиқол дода шда, нисбат ба 53 нафари онҳо парвандаҳои профилактикӣ таҳия шудааст. Аз ин миён 35 нафар ба волидайнашон супурда шуда, 3 наврас ба мактаби махсуси тарбиявии Душанбе, 6 нафар ба мактаб – интернати шаҳри Чкалов, яке ба маркази солимгардонии Хуҷанд фиристода шуда, сарпарастиву таълиму тарбияти як кӯдаки дигарро як шаҳванд бар уҳда гирифтааст.
Оё талабаҳои мактаб интернат аз гушнагӣ ба дуздӣ баромаданд ?
Пулис ҳанӯз нагуфтааст, ки чаро ду талабаи мактаб - интернат барои дуздӣ аз хобгоҳи худ нимашаб фирор карданд ва чӣ онҳоро ба дуздӣ водор кард? Ин дар ҳолест, ки дар пайи ҳодиса байни сокинон овозаҳое ҳам паҳн шуд, ки он бачаҳо, дар дасти раису посбонони бозор фарёд мекарданд, аз гуруснагӣ ба дуздӣ даст задаанд.
Вале Гулнора Мадаминова, мудири мактаб - интернати шаҳри Чкалов мегӯяд: "Ин бачаҳо аз хӯрдан ва пӯшидан камбудӣ надоранд. Бо 4 - 5 маҳал хӯроки гарм таъминанд, захираҳо ҳам дорем. Намедонам аз чӣ Зиёдбеку Эраҷ ин корро карданд. Шабона пинҳонӣ баромада рафтаанд, мураббӣ бехабар мондааст."
Аммо бачаҳои мактаб – интернат ҳарчанд бо шароити хуби зиндагӣ фаро гирифта шудаанд, барои онҳо чун дар дигар чунин муассисаҳо барои кӯдакони бесаробон дар Тоҷикистон маблағе барои кисахарҷӣ дода намешавад. Як хонандаи интернат дар суҳбати бидуни микрон гуфт, ки бархе бачаҳо моҳҳо сомоние дар дасти худ намебинанд ва агар ягон хешашон дидорбинӣ ояду каме пул диҳад, барои онҳо чанд рӯз ид аст.
Бинову хобгоҳ ва ошхонаву дигар иншооти мактаб - интернат ободу зебо ба назар мерасид. Зоҳиран, барои зиндагии бачаҳо шароити хуб фароҳам карда шудааст.
Гулнора Мадаминова Зиёдбеку Эраҷро аз талабаҳои миёнаи мактабаш ном бурд, ки пешрафтҳои чашмгире надоштанд. Вале, меафзояд мудири интернат, аз онҳо рафтори нохуб низ мушоҳида намешуд. Аз чеҳраи ғамгини мураббиёни ин мактаб мушоҳида мешуд, ки фоҷиаи рухдода онҳоро дар ғаму андӯҳи амиқ нишондааст.
Дар мактаб - интернати шаҳри Чкалов 119 нафар бачаҳои бепарастору ятим зиндагиву таҳсил мекунанд. Вале таҳсили 86 нафари бачаҳо дар мактаби рақами 3 - и шаҳри Чкалов ҷараён мегирад ва баъди анҷоми дарс ба интернат бармегарданд. Интернат макони зисти доимии онҳо аст. Ба гуфтаи масъулони ин муассиса, шабона бачаҳоро мураббиён ҳамроҳӣ мекунанд. Посбонҳои муассиса, ки ба навбат шабонарӯзӣ кор мекунанд, танҳо ҳифзи утоқҳову ошхона ва дигар дороии муасссиаро бар дӯш доштаанд ва посбонии бачаҳо бар дӯши онҳо набудааст. Як посбони массиса дар суҳбати бидуни микроон ба Радиои Озодӣ гуфт, масоҳати интернат калон аст ва бачаҳои калонсолтар метавонанд аз девори бетонӣ ба кӯча фирор кунанд.
Вале масъулони мактаб интернати Чкалов иҷоза надоданд, бо шогирдони ин тарбиятгоҳ рӯбарӯ суҳбат кунем ва дар бораи Зиёдбеку Эраҷ бипурсем. Аз ҷумла дар ин бора ки чаро онҳо нимашаб худсарона тарки хобгоҳи интетнат карданд ва ба дуздӣ рафтанд ? Оё он шаб мураббии навбатдор ҳамроҳи онҳо буд?
Масъулони мактаб - интернат гуфтанд, ки бачаҳо аз шунидани ин ҳодиса дар ҳолати хеле бади равонӣ ва осебпазир доранд ва ҳар гуна суҳбат дар ин мавзуъ ҳоли онҳоро бадтар хоҳад кард. Ба ҳамин далел ҳам моро аз суҳбат бо Эраҷ, шогирди аз латукӯби шадид зиндамондаи ин мактаб дар бемористон боздоштанд.
Ҳоло дар мактаб - интернати шаҳри Чкалов акси Зиёдбеки кушташуда бо лентаи сиёҳ печонида шудаааст. Як корманди ин муассиса, ки маро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, дидани акси рафиқи ба ҳалокатрасидаашон барои рафиқонаш сангин аст ва кӯдаконро наздик шудан ба он аксу ёди воқеа ба андуҳи амиқ ва баъзеро ба тарс меандозад.
Дар моҳи равон ин аллакай чорумин ҳодисаи куштор дар вилояти Суғд дар заминаҳои маишист.