Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, чаҳор ҷавоне, ки ду нафарашон замони боздошт 17 ва дуи дигар 16-сола буданд, бо таблиғи як омӯзгори забони англисӣ мехостанд ба Афғонистон рафта, ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шаванд.
Бачаҳо вақте боздошт шуданд, аллакай талабаи мактаби мо набуданд. Шаҳодатномаи хатми мактабро гирифта буданд.
Маъмурони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон рӯзи 13-уми июли имсол чаҳор нафар – Сафармуҳаммад Абдуназарзода, Мустафо Қурбонов, Ҳоҷимуҳаммад Файзуллоев – сокинони шаҳри Душанбе ва Муҳаммад Набизода, сокини ноҳияи Рӯдакиро дар ҳудуди ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, тақрибан панҷ километр дуртар аз марзи Афғонистон боздошт карданд.
Ба ДИИШ - таҳти таъсири устоди забони англисӣ
Ду манбаъ - яке дар ниҳодҳои интизомӣ ва дигаре дар соҳаи маориф, боздошти ин чаҳор нафарро тасдиқ карданд. Манбаъ дар идораи маориф гуфт, ки онҳо таҳти таъсири муаллими худ тундрав шудаанд. Ин мақоми соҳаи маориф мегӯяд, ки муаллими забони англисӣ дар мактабҳои таҳсилкардаи ин чаҳор нафар дарс намегуфт, аммо бо онҳо дар курси хусусии таълими забонҳои хориҷӣ ошно шудааст. Ин омӯзгори ҷавон, ба гуфтаи мақомот, ҳоло дар боздошт қарор дорад.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, омӯзгори ҷавон баъд аз хатми донишгоҳ дар курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Душанбе ба алоқамандон аз забони англисӣ дарс медод. Ҳоло мақомот мушаххас мекунанд, ки муаллим аз куҷо ва таҳти таъсири кӣ ба таблиғгари ДИИШ табдил шудааст.
Як масъули мактабе, ки се ноболиғи боздоштшуда дар онҷо таҳсил кардаанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, "онҳо ҳангоми таҳсил рафтори ғайриоддӣ надоштанд".
Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳатто Сафармуҳаммад Абдуназарзода дар Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурда буд ва рӯзи 8-уми июли имсол дар охирин имтиҳон низ ширкат кард. "Ин бачаҳо вақте боздошт шуданд, талабаи мактаб набуданд. Шаҳодатномаи хатми мактабро гирифта буданд", - афзуд ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нақша дар рӯшноии "Моҳи хунин". Қотилони сайёҳони хориҷӣ кӣ буданд? ВИДЕОНӯҳ ҳамсинфро ташвиқ кардаанд
Муфаттишони Оҷонсии зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон, ки парвандаи ин чаҳор ҷавонро тафтиш кардаанд, мегӯянд, раҳбалади гурӯҳ барои сафар ба Афғонистон Сафармуҳаммад Абдуназарзода буд. Пайвандони Абдуназарзода дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ҳаммарз бо Афғонистон, зиндагӣ мекарданд.
Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, ки парвандаро таҳқиқ кардааст, гуфт, ин гурӯҳ ним сол барои сафар ба Афғонистон омодагӣ дидааст: “Аз он тарафи марз нафаре бо номи Абу Обид, ки зоҳиран шаҳрванди Тоҷикистон аст, ба онҳо гуфтааст, ба наздикии марз биёянд. Гуфтааст, фалон дидбонгоҳи сарҳадиро акс гиред. Онҳо акс гирифта фиристодаанд. Абу Обид бовар ҳосил кардааст, ки воқеан инҳо омодаи сафар ҳастанд. Баъдан, гуфтааст, ки мунтазир бошед. Ин бор вақте даъват мекунад, ки омада аз марз гузаред, боздошт шудаанд”, - гуфт мусоҳиби мо.
Пас аз боздошт, ба гуфтаи мақомот, маълум шудааст, ки ин ҷавонон борҳо бар ҷамъи нӯҳ ҳамсоли худ дар бораи “ҷиҳод” сӯҳбат кардаанд ва зоҳиран хостаанд бидонанд, ки кадоме аз онҳо майл ба “ҷиҳод” дорад.
Мусоҳиби мо гуфт, ки ин чаҳор ҷавон аз оилаҳои осебпазир буда, аз тарбияи падар дуруст бархӯрдор набуданд. “Падари яке аз модараш ҷудо шудааст, дигаре падар надорад, падари дигараш бемории равонист ва падари навраси дигар солҳо боз дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад. Ҳангоми суҳбат дарк кардам, ки ҳамеша онҳо мехостанд, аз дигарон бартарӣ дошта бошанд, мисли доштани телефони замонавӣ, либос, аммо вазъи иҷтимоӣ ин имконро барояшон надода буд. Зоҳиран ҳамин орзуи соддалавҳона наврасонро ба ин роҳ бурдааст”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: СММ: "Хатари ДИИШ ба Осиёи Марказӣ бештар мешавад"Ноболиғ террорист мешавад?
Умар Қурбонов, бобои Сафармуҳаммад Абдуназарзода, ҷавоне, ки ин гурӯҳро то марзи Афғонистон роҳбаладӣ кардааст, рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “тоза шуниданд, ки набераашонро касе аз роҳ задааст”.
Ӯ гуфт: “Набераам сардори синф буд. Бе модараш аз хона намебаромад. Дар тафтишот ҳам гуфтанд, ки як нафари калонсол ин кӯдаконро фиреб додааст, вале мо то ба ҳол ҳамон одаме, ки ӯро фиреб додааст, надидем.”
Боздошти ин наврасон дар ҳоле ҷиддӣ гирифта мешавад, ки моҳе пеш дар қатли чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ду ҷавони 19-сола низ иштирок дошт. Рӯзи 29-уми июл дар ноҳияи Данғара гурӯҳи панҷнафарӣ сайёҳони хориҷиро бо мошин зер карда ва сипас бо корду табар ба онҳо ҳамла намуд.
Аксҳои ин ҷавонон тариқи шабакаҳои давлатӣ намоиш дода шуд. Гулнора Солеҳова, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, то ин ҳодиса бовар надошт, ки наврасон террорист мешаванд. Ӯ мегӯяд, вақте акси ин ҷавонҳоро дид, зоҳиран, ҳамсоли ду писари худаш ба назар мерасиданд.
Се писари Гулнора дар синфҳои болоӣ таҳсил доранд. Ӯ ҳоло метарсад, ки онҳо мабодо фирефтаи таблиғгарони гурӯҳҳои тундрав гарданд.
“То ҳамин вақт бовар намекардам, ки кӯдакро террорист кунанд. Боварат намеояд, ки онҳо одам кушта тавонанд. Баъди ин аз писарони худам сахт тарсидам. Ҳар рӯз бо гапи хуб бо онҳо сӯҳбат мекунам, то бифаҳмам, ки чӣ андеша доранд. Андешаи кӯдакро фаҳмидан мушкил аст. Ҳамсояҳо ва хешу табор, ки бачаҳояшон мисли бачаҳои ман дар синфи 9-10 мехонанда, хеле нигарон ҳастанд”, - гуфт ӯ.
Коршиносон мегӯянд тарғибгарони ДИИШ бештар наврасону ҷавононеро ҳадафи таблиғ қарор медиҳанд, ки ҳанӯз имкони мустақилона андешидан надоранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Хонаи ҳамсояи сарватманд ё ҳукумати Панҷакент?" Ҳукми се ноболиғ барои омодагӣ ба таркиш