Норак дар зери сояи бадномии ҳамлаи террористӣ. ВИДЕО

Вақте дар осмон торикӣ мепечад, дар кӯчаҳои шаҳри Норак гурӯҳи мардоне бо камзул ва дастбанди сурх пайдо мешаванд. Амали шубҳаовар ва муноқишаи хурдтарин дар хиёбонҳо аз чашми онҳо пинҳон намемонад.

Навбатдории шабона

Гурӯҳи “Дружиначиёни ихтиёрӣ” дар шаҳре, ки муҳимтарин иншооти стратегӣ, ба мисли нерӯгоҳи Нораку Бойғозӣ ва маҷамааи кайҳонии “Окно” ҷойгир аст, беш аз даҳ сол боз фаъолият дорад.

Аммо ҳамлаи моҳи июли имсол ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара масъулияти онҳоро бештар кардааст. Аслиддин ва Ҷаъфариддин Юсуповҳо, ду бародар аз шаҳри Норак, узви фаъоли гурӯҳи ҳамлаварон буданд. Ба дунбол беш аз даҳ сокини дигари Норак низ боздошт шуданд, ки ба гуфтаи мақомот, аз ҳамла хабар доштанд, аммо ба пулис хабар надоданд.

Қиёмиддин Раҷабов

Қиёмиддин Раҷабов, сокини 48-солаи шаҳри Норак, узви гурӯҳи “Дружиначиёни ихтиёрӣ” аст. Ӯ дар нерӯгоҳи барқи обии Норак кор мекунад, вале моҳе ду дафъа дар хиёбонҳо шабзиндадорӣ мекунад.

Шаҳри Норак, ки беш аз 50 ҳазор аҳолӣ дорад ва ҳамчун шаҳри “энергетикҳо” машҳур аст. Пас аз ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар 30-километрии ин шаҳр матбуот бештар аз узвияти сокинони он ба гурӯҳҳои тундрав навиштанд.

“Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ номи шаҳри моро каме доғдор кард. Кӯшиш мекунем, ки бо назорати тартибот дар барқарор кардани номи неки шаҳрамон саҳм гузорем”, -гуфт Қиёмиддин Раҷабов.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Норак баъди чор моҳи ҳамла ба сайёҳон

Нигоҳе ба шаҳри “Нур”

Шаҳри Норак дар авҷи сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ пайдо шуд. Солҳои 1960-ум дар маҷрои рӯди Вахш ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Норак оғоз карданд. Барои бунёди ин нерӯгоҳ ҳазорон коргар аз саросари Шӯравии собиқ ҷалб гардид.

Ин коргарон нахустин сокинони шаҳре буданд, ки дар канори рӯдхонаи Вахш ва дар як ҷойи нообод бунёд шуд. Он замон дар ин шаҳр беш аз 40 халқу миллати гуногун зиндагӣ мекард. Нерӯгоҳе, ки солҳои 1970-ум сокинони ин шаҳр сохтанд, ҳанӯз беш аз 70 дар сади аҳолии Тоҷикистонро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Баландии сарбанди ин нерӯгоҳ ва шаршараи сунъӣ дар он ҷо як макони дӯстдоштаи саёҳони дохиливу хориҷист.

Танҳо чизе, ки аз замони Шӯравӣ дар ин шаҳр тағйир накардааст, ҳайкали Ленин аст. “Доҳӣ” чанд даҳсола боз дар хиёбони марказии шаҳр ҳузур дорад. Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ ва ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ аксари сокинони гуногунмиллати ин шаҳр Норакро тарк карданд. Пайдо кардани кор барои сокинони ин шаҳр, мисли дигар гӯшаҳои Тоҷикистон низ душвор шуд.

“Имконияте, ки дар замони Шӯравӣ буд, дигар нест”

Ҳоло ҳамасола аз ин шаҳр ҳудуди 4 ҳазор нафар барои кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд. Бо ин вуҷуд, мақомот мегӯянд, сатҳи бекорӣ 2,3 дар садро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон пасттар аст. Яъне, ба қавли масъулони Оҷонсии шуғли аҳолии шаҳри Норак, 45 дар сади сокини қобили кори шаҳр шуғли доимӣ надоранд.

“Ҷавонони мо он имкониятеро надоранд, ки дар замонаш мо доштем”, - гуфт Қурбон Қосимов, корманди пешини Идораи сӯхторхомӯшкунӣ, ки чанд соли пеш аз шаҳри Конибодом, шимоли Тоҷикистон ба инҷо омадааст.

Исматулло Ашӯров

Исматулло Ашӯров, ронандаи бознишаста, ки соли 1971 дар замони сохтмони нерӯгоҳи Норак ба ин шаҳр омадааст, шоҳиди лаҳза ба лаҳза ободии ин шаҳр будааст. Ӯ мегӯяд, дар шаҳри Норак “беҳтарин зиндагӣ” доштанд.

“Ҳама ба Норак меомаданд, то кор кунанд. Ҳоло баръакс, сокинони шаҳр барои кор ба дигар ҷо мераванд”, - афзуд ӯ.

Норак баъд аз ҳамлаи даҳшатнок

Рӯзи 21-уми ноябр мурофиаи додгоҳии парвандаи пурсарусадои сол – қатли чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара ниҳоӣ шуд. Рӯзҳои мурофиаи додгоҳӣ пушти дари ин Боздоштгоҳ сокинони зиёди шаҳри Норакро дидан мумкин буд, ки ҷараёни мурофиаро бо ташвишу нигаронӣ пайгирӣ мекарданд.

Ҳамроҳ бо Ҳусейн Абдусамадов, ягона ҳамлагаре, ки зинда боздошт ва ба ҳабси абад маҳкум шуд, 14 нафари дигар низ муҳокима шуданд. Онҳо сокинони шаҳри Норак ҳастанд, ки қабл аз ҳамла бо Ҳусейн Абудсамадов вохӯрӣ доштаанд. Абдусамадов то замони ҳамла тақрибан чаҳор моҳ дар ҳудуди Норак ҳамроҳ бо Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуповҳо якҷо буд. Асомиддин Маҷидов ва Зафарҷон Сафаров, ду сокини ноҳияи Панҷ, ки дар ин ҳамла шарик буданд, ду рӯз пеш аз ҳамла аз Русия баргаштанд ва мустақим ба Норак рафтанд. Видеои савганд ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”-ро низ ин гурӯҳ дар намои шаҳри Норак сабт кардаанд.

То замони ин ҳодиса низ мақомот аз ифротишавии ҷавонон дар Норак нигарон буданд. Наздики 30 ҷавони Норак ба гурӯҳҳои ифротӣ дар хориҷи кишвар пайвастаанд ва тақрибан 20 нафари дигар бо гумони узвият дар гурӯҳи тундрави ДИИШ дар Тоҷикистон боздошт шуданд. Аз ҷумла, 13 нафар барои овехтани парчами ин гурӯҳи тундрав дар маконҳои пуриздиҳоми шаҳр боздошту зиндонӣ шуданд.

Мақомот мегӯянд, ду узви фаъоли гурӯҳи тундрави ДИИШ аз ҳисоби тоҷикон низ аз ҳамин шаҳр аст. Анушервон Азимов, ки ба иддаои мақомоти тоҷик беш аз 100 тоҷикро ба ин созмони тундрав ҷалб кардааст, сокини деҳаи Кибили Норак аст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ соли 2016 дар Сурия кушта шуд.

Нафари дигар – Тоҷиддин Назаров, ки дар ДИИШ бо номи “Абу Усомаи Норакӣ” шинохта шудааст, ҳанӯз зинда буда, ба қавли мақомот, ба ҷалби тоҷикон ба сафи ин гурӯҳи тундрав машғул аст. Ӯ ҳамеша наворҳои таблиғии ДИИШ-ро нашр мекунад ва ба худ лақаби “Норакӣ”-ро ихтисос додааст, ки ишора ба зодгоҳаш дорад.

Мақомоти шаҳри Норак бо суҳбат ба сокинон ҳоло мехоҳанд дақиқ кунанд, ки кадом иштибоҳ бархе аз ҷавонони ин шаҳрро ба доми ифротиҳо бурд.

Дар ҷустуҷӯи роҳи хуб барои зиндагӣ

Камбуди ҷойи кор ва аз даст додани имкониятҳо барои зиндагии шоиста шояд яке аз омилҳои ифротишавии ҷавонон бошад, вале ин омил сабаби аслӣ буда наметавонад. Аз он сабаб, ки шумори ҷавонони бекор зиёд аст, вале на ҳамаи онҳо пайрави ақидаҳои ифротӣ мешаванд.

Идимоҳ Султонзода

​Тобистони имсол Идимоҳ Султонзода, сокини 17-солаи шаҳри Норак хабари хуш гирифт. Ӯ аз имтиҳони Маркази миллии тестӣ гузашт ва донишҷӯи Шӯъбаи ғоибонаи яке аз донишгоҳҳои пойтахт шуд. Соле ду дафъа бояд барои таҳсил ба Душанбе, тақрибан 100 километр дуртар аз Норак биравад. Таҳсили ӯ шаш сол бояд давом кунад. Ҳар сол беш аз 60 рӯз бояд барои дарсу супурдани имтиҳон дар Душанбе бошад.

Ба ин хотир, Идимоҳ дар канори майдони марказии Норак, дар рӯ ба рӯи ҳайкали Ленин тиҷорати хурд дорад. Ӯ санбӯса мепазад ва мефурӯшад. “Ба он хотир, ба ин тиҷорат машғулам, ки волидон тавони пардохти харҷи таҳсилро надоранд”, - гуфт ӯ ва изофа кард, ки воқеан агар кор кардан хоҳӣ, “пайдо кардан мумкин аст”.

Дар канори роҳ, Фирӯз Қосимзода, сокини 27-солаи шаҳри Норакро вохӯрдем, ки ҳамроҳ бо ҳамсару кӯдаки думоҳааш сайругашт дошт. Фирӯз аз насли ҳамон энергетикҳоест, ки аввали соҳои 1970-ум ба Норак омадаанд. Ҳоло ӯ дар сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун кор мекунад, ки 125 километр дуртар аз Норак аст. Маоше, ки ӯ мегирад, барои ҳамсар ва кӯдакаш кофӣ будааст.

​“Ҳоло коргари одӣ ҳастам, вале оянда бовар дорам, ки ба мақомҳои баланд мерасам. Он гоҳ маошам ҳам боз баландтар хоҳад шуд”, - гуфт Фирӯз Қосимзода.

Ҳамсуҳбати мо дар бекор мондани ҷавонони шаҳр худи онҳоро айбдор кард ва гуфт, “барои пайдо кардани ҷойи кор талош намекунанд”.

“Гоҳе аз орзу кардан метарсам”

Дар назди даромадгоҳи бозори марказии шаҳри Норак ҷавонони зиёдеро метавон дид, ки яке фурӯшанда ва дигаре ронандаи таксӣ ҳаст. “Ҳар коре пайдо шуд, анҷом медиҳам. Гоҳе хонаи мардумро таъмир мекунам, гоҳ дар бозор – боркашонӣ. Дар фасли тобистон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ низ кор мекунам. Барои рӯгузаронӣ ҳар коре омад мекунам”, - гуфт яке аз ин ҷавонҳое, ки назди бозор буд.

Ин ҷавон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ҳанӯз ба синни 25 нарасидааст, вале барои худ дар ин шаҳр “ояндаи дурахшон” намебинад. Ӯ афзуд, “аз орзу кардан гоҳе метарсам. Чун медонам, ки онҳо амалинашавандаанд. Намедонам, аз кӣ барои беҳ кардани рӯзгор машварат пурсам.”

Бисёре аз мусалмонони Тоҷикистон, ки беш аз 9 миллион аҳолӣ дорад, барои намозгузорӣ ба масҷид мераванд, вале ба назари рӯҳониён ҷавонон дар масҷидҳои расмӣ ба ақидаҳои ифротӣ намегараванд. Абдулҳай Наимов, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии Норак мегӯяд, сокинони шаҳр, ки ба гурӯҳи ифротӣ мепайванданд, дар хориҷ аз кишвар мағзшӯӣ мешаванд.

“Медонам, ки онҳо ақидаҳои ифротиро дар масҷид намегиранд, чун имомхатибони расмӣ чунин сӯҳбатҳо намекунанд. Мо, баръакс, ҳамеша зидди ақидаҳои ифротӣ гап мезанем”, - гуфт ӯ.

“Масъулияти сархатибон зиёдтар шудааст”

Сархатибону имомхатибон, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби давлат таъйин мешаванд, дар мубориза бо ақидаҳои тундгароӣ дар сафи пеш қарор доранд. Абдулҳай Наимов мегӯяд, пас аз ҳодисаи ҳамла ба ҷаҳонгардон масъулияташон бештар шудааст. Ӯ гуфт, “дар чанд намози ҷумъа дар ин бора суҳбат кардем. Дар бораи шомил нашудани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ҳатто дар маросими ҷаноза суҳбат мекунем. Тамоми имкониятҳоро истифода мебарем, то паёми дурустро ба мардум расонем.”

Ин рӯҳонӣ бовар дорад, ки ҷавонон асосан дар муҳоҷират ба “шаст”-и ифротгароён меафтанд. Аз ҷумла, ба қавли ӯ, яке аз ду ҳамлавар ба сайёҳони хориҷӣ дар гузашта муҳоҷири корӣ будааст.

Мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Норак мегӯянд, пас аз ин ҳодиса бо беш аз 700 муҳоҷири корӣ телефонӣ ва ҳангоми бозгашт дар ватан суҳбат карданд. Ба қавли мақомоти маҳаллӣ, онҳо аз муҳоҷирон даъват карданд, то аз одамҳои шубҳаовар дар ҳиҷрат дурӣ биҷӯянд.

“Аз падару модарон низ хоҳиш кардем, ки дар сурати дидани тағйирот дар рафтори фарзандон бо онҳо ҷиддитар машғул шаванд”, - гуфт Шаҳло Ҳасанзода, муовини раиси шаҳри Норак.

Бекорӣ, дурӣ, навмедӣ...

Як мақоми дигар дар шаҳри Норак гуфт, бекорӣ ё кори душвор, дурӣ аз ватану наздикон ва ноумедӣ аз зиндагӣ дар муҳоҷират ҷавононро тӯъмаи ифротиҳо мекунад. Ба қавли мақомот, бархеи дигар ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ватан низ ифротӣ мешаванд.

Бар асоси маълумоти охир наздик ба 1900 нафар ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд, ки беш аз 30 нафари онҳо сокини шаҳри Норак ҳастанд. Аз ин ҳисоб, Норак ҳам яке аз шаҳрҳои осебпазир аз лиҳози шомилшавии сокинонаш ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳисоб мешавад.

Дружиначиҳои ихтиёрӣ дар Норак

Мақомоти баландпояи шаҳр ба омилҳои мухталиф дар заминаи пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ишора мекунанд. Коршиноси умури минтақа Эдвард Лемон дар Вашингтон мегӯяд, пажуҳишҳои мухталиф нишон медиҳанд, ки дар гароиши баъзе ашхос ба гурӯҳҳои тундрав аз пайвандҳои хешутаборӣ ва маҳаллӣ сӯиистифода мешавад.

“Ҷалб кардан ба гурӯҳҳои тундрав баъзан тавассути як узви оила сурат мегирад, мисли бародарон Юсуповҳо, ё тавассути ҳамсинф ё ҳамкор”, - гуфт ӯ.

Лемон арқоми Бонки Ҷаҳониро мисол меовард, ки тибқи он 67 дар сади аҳолии Норак дар камбизоатӣ ба сар мебаранд. Лемон мегӯяд, дар ҳолате ки фақр худ ба худ сабаби тундравӣ намешавад, ин омил биёриҳоро ба муҳоҷирати корӣ ба Русия водор мекунад.

Дар Русия, ба гуфтаи Эдвард Лемон, бисёре аз муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, “якҷо бо мардуми дигар аз зодгоҳи худ кор меёбанд, якҷо будубош мекунанд... Аз ин лиҳоз, агар яке аз онҳо зери таъсири ақидаҳои тундгароӣ афтад, имкони зиёд вуҷуд дорад, ки ин нафар дигаронро низ ба тундгароӣ ташвиқ кунад.”

Чунин вазъият, ба қавли Лемон, “метавонад як шарҳи он бошад, ки чаро аз Норак миқдори нисбатан зиёде ба тундравӣ гаравидаанд.”

“Аз мо намепурсанд, ки ифротӣ шавем ё не”

Ҳоло дар кӯчаҳои Норак ҷавонони камтарерор дидан мумкин аст. “Мо пештар бо дӯстонамон то нисфи шаб дар кӯчаҳо сӯҳбат мекардем, вале пас аз ин ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон волидайн иҷоза намедиҳанд, ки шом аз хона берун шавем”, - мегӯяд Рустам Розиқов, сокини 23-солаи сокини шаҳри Норак.

Ӯ мегӯяд, волидонаш пас аз ғуруби офтоб ҳатман ба ӯ занг мезананд, ки зуд ба хона баргардад.

Пас аз ҳамлаи охири моҳи июл мақомот низ аз волидон даъват мекунанд, ки фарзандонашонро беназорат нагузоранд. Мақомоти маҳаллӣ дар Норак ҳамроҳ бо раҳбарони маҳаллаҳо миёни сокинон пайваста маҷлис мегузаронанд ва аз хатари терроризму экстремизм сӯҳбат мекунанд.

Фотима Шарипова, сокини 55-солаи шаҳри Норак борҳо дар чунин маҷлисҳо иштирок кардааст. Ӯ се писар ва як духтар дорад. Мегӯяд, фарзандонаш оиладор шудаанд, вале ҳанӯз онҳоро назорат мекунад, то “бо одамони бад ҳамроҳ нашаванд”.

“Ба наздики писари хурдиам ба як тӯйи дӯсташ рафт. Ман ҳам ҳамроҳ шудам. Хоҳиш кард, ки модар айб аст, маро ҳамроҳӣ накун, вале гуфтам, танҳо намеравӣ. Гуфтам, ҳама ҷо ҳамроҳат меравам, ин кори шӯхӣ нест. Ту бо кӣ меравӣ ва чӣ кор мекунӣ, бояд бидонам”, - гуфт ӯ.

“Чанд ифротгаро чеҳраи шаҳр нест”

Хонум Шарипова мегӯяд, ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ номи Норакро доғдор кард. “Тобистон дар Хоҷа Оби Гарм табобат гирифтам. Пурсиданд, аз куҷоӣ? Вақте гуфтам аз Норак, чеҳраашон дигар шуд. Ҳама дар бораи ҳодисаи террористӣ гап заданд. Ду нафари онҳо аз шаҳри мо буд, вале номи шаҳрамонро бад кард. Мо бояд номи неки шаҳрамонро барқарор кунем”, - гуфт ӯ.

Эҳсоси нороҳатӣ аз ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ на танҳо дар Норак, балки дар саросари Тоҷикистон эҳсос мешавад. Инро метавон дар лавҳаи ёдгорӣ дар маҳалли ҳодиса мушоҳида кард. Онҷо бо забони англисӣ ва тоҷикӣ навишта шудааст, ки “мардуми Тоҷикистон ба наздикону пайвандони саёҳон ҳамдардии амиқ баён мекунанд”.

Зайниддин Воҳидов

“Чанд ифротгаро чеҳраи як шаҳр нест. Ин шаҳр пур аз одамони неку хуб аст”, - мегӯяд Зайниддин Воҳидови 23-сола.

Ронандаи собиқадор Ашӯров мегӯяд, куштани сайёҳон воқеан таассуфовар буд. “Умуман, ҳамла ба одамони бегуноҳ худаш гуноҳи калон аст. Гуноҳи нобахшиданӣ”, -мегӯяд ӯ.

Қиёмиддин Раҷабов, узви гурӯҳи ихтиёриён инро хуб дарк мекунанд. Дар торикиҳои шаб шаҳрро назора мекунанд, то “душманони сулҳу оромӣ”-ро пайдо ва безарар кунанд.