Ихроҷи муҳоҷирон аз Амрико. Тоҷикон ҳам ҳастанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нашри 35-уми барномаи "Рӯзгори муҳоҷир"

Исми 149 шаҳрванди Тоҷикистон ба рӯйхати онҳое ворид шудааст, ки бояд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ихроҷ ё депорт шаванд.

Боздошт ва берун кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави ИМА аз сиёсати пешгирифтаи президенти тозаинтихоб Доналд Трамп аст, ки интизор меравад дар марҳилаи аввал ҳудуди якуним миллион нафарро фаро бигирад.

Амрико барои муҳоҷирон кишвари фурсатҳо ва имкони фароҳам кардани кору дурнамои хубе арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, аз ҳар гӯшаи дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, бо ҳар роҳе талош мекунанд, ба ин давлат бирасанд.

То кунун омори куллии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико нашр намешавад, вале бовар меравад, ки шумори онҳо даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар нашри навбатии барномаи “Рӯзгори муҳоҷир” дар бораи ҷараёни рейдҳо дар Амрико ва кору зиндагии тоҷикистониён дар ин кишвар сӯҳбат шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ноҳақ зиндонӣ шудааст!" Рӯзгори муҳоҷирТалаби нави Путин аз муҳоҷирон (Рӯзгори муҳоҷир #33)Рӯзгори муҳоҷир: "Шавҳарамро бурданд, дар мулки ғарибӣ танҳо мондам""Пуламонро баргардонед!" (Рӯзгори муҳоҷир #31) “Ду ҳафтаи аввал гурусна будам.” Рӯзгори як духтари тоҷик дар Олмон