Аксар дандонпизишкҳо дар шаҳри Душанбе аз ироаи баъзе хадамот, аз ҷумла кандани дандони муштариҳо, даст кашидаанд. Мегӯянд, ки барои кандани дандон дарёфти иҷозати махсус зарур аст ва онҳо чунин иҷозат надоранд. Ба баъзе корафтодаҳо машварат шудааст, ки ба бемористони давлатии воқеъ дар маҳаллаи "Якум Советский"-и пойтахт бираванд. Ҷое, ки Пажӯҳишгоҳи илмиву клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй фаъол аст.
- Баъзе аз корафтодаҳо шикоят доранд, ки дандонҳои дардманди худро ба як мушкилӣ кандаанд. Мақомот чунин вазъиятро тасдиқ мекунанд.
Гуфт, огоҳии ҷиддӣ гирифтаанд, ки агар як дандон бикананд, "литсензия"-ашон бекор мешавад
Муродалӣ Меликов, як масъули Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ, рӯзи 12-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз ин ба баъд танҳо дандонпизишкиҳое ҳаққи кандани дандонро хоҳанд дошт, ки иҷозатномаи расмӣ доранд".
Ӯ гуфт, "ҳуҷраҳое, ки то ин вақт барои табобати дандон иҷозатнома доштанд, пинҳонӣ дандон меканданд. Ҳоло назорат сахт шудааст ва дигар ин корро карда наметавонанд. Табобати дандон ва кандан ё ҷарроҳиии он аз ҳам фарқ дорад. Агар шароити зарурӣ дошта бошанд, ба онҳо иҷоза дода мешавад, вагарна - не."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: То 12 соли зиндон – ҷазои табибони тоҷик барои хунукназарӣ. ВИДЕО"Ба ҷойи манъ кардан шароит фароҳам кунанд"
Ҷумъа Одинаев, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, қариб ним рӯз бо дандони дардманд шаҳрро давр зад, вале дандонпизишкҳои мустақил аз кандани дандони ӯ худдорӣ карданд. Ба қавли мусоҳиби мо, дар нуқтаҳои табобати дандон ба ӯ гуфтаанд, ки кандани дандон "ба онҳо манъ шудааст".
"Табибон тавсия доданд, ки ба бемористони маҳаллаи "Якум Совесткий" равам. Аз як табиби шинос хоҳиш кардам, ки дандонамро биканад, аммо рад кард. Гуфт, огоҳии ҷиддӣ гирифтанд, ки агар як дандон бикананд ва мақомот огоҳ шаванд, литсензияашон бекор мешавад”, - гуфт Одинаев.
Ин сокини шаҳри Душанбе аз он норозӣ аст, ки чаро дар нуқтаҳои дандонпизишкӣ шароити зарурӣ фароҳам намекунанд ва танҳо аз роҳи манъ кардан кор мегиранд.
"Касби равғанӣ" зери заррабин
Дандонпизишкӣ яке аз бахшҳои сердаромади соҳаи тиб дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Аммо ба дунболи як интиқоди раиси ҷумҳур дар рӯзи 1-уми сентябри имсол ин бахш зери заррабини мақомот қарор гирифт. Тафтиши кори дандонпизишкҳо ба таври густурда оғоз ёфт.
Мақомоти соҳаи беҳдоштӣ гуфтанд, ки ҳадафашон пешгирӣ аз сироятёбии мизоҷон ба бемориҳо дар нуқтаҳои дандонпизишкӣ аст.
Гузориши видеоӣ аз бойгонӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тибқи омори расмӣ феълан дар Тоҷикистон 579 ҳуҷраи дандонпизишкӣ амал мекунад. Рӯзи 12-уми декабр ба чанд маркази дандонпизишкӣ ҳамчун бемор тамос гирифтем. Аз дандонпизишкиҳои хусусӣ танҳо клиникаи “Евродент” ва “Smile” розӣ шуданд, ки дандони моро табобат кунанд ва дар ҳолати зарарӣ кананд.
Боқӣ дар дигар дандонпизишкиҳо гуфтанд, танҳо баъзе хадамоти табобати дандонро пешниҳод мекунанд ва дандони мизоҷро намекананд.
"Ин "монополия" нест, талабот аст"
Бархе аз эҳтимоли “монополия” шудани ин бахш хавф доранд. Молики як дандонпизишкии пойтахт, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, “фаъолияти моро бо ҳар баҳона маҳдуд мекунанд. Дар ин ҳолат маҷбур ҳастем, ки барои кор ба ҷои дигар биравем. Аз рӯзе ки тафтишу эҷоди маҳдудият сар шуд, муштарии кофӣ надорем ва сатҳи даромадҳо ҳам поин омад.”
Маҳмадулло Қосимзода, мудири Пажӯҳишгоҳи илмиву клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй (бемористони “Якум Советский”) ҳамагуна “монополоия” дар бахши дандонпизишкиро рад кард. Ба бовари ин табиби тоҷик, соҳибони нуқтаҳои дандонпизишкӣ нахуст бояд ҳама шароитро барои мизоҷон омода кунанд ва сипас ба фаъолият давом диҳанд.
“Касе ин соҳаро монополия карданӣ нест, танҳо талабот сахттар шудааст. Агар ба талабот риоя кунанд, ҳоҷати ба назди мо фиристодани беморон нест”, - гуфт ӯ.
"Сафи мизоҷони мо афзуданд"
Мудири Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй тасдиқ мекунад, ки дар пайи худдории дандонпизишкҳои хусусӣ аз кандани дандон, сафи мизоҷони онҳо афзудааст.
Ин мушкил дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта порлумони Тоҷикистон низ барои ба вируси норасоии масунияти бадан ва ҳепатит гирифтор кардани муштариҳо дар дандонпизишкиву кошонаҳои ҳусн аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 5 то 8 соли зиндон ҷазо таъйин кард. Барои такрори ин амал табибон аз 8 то 12 сол зиндонӣ мешаванд.