"Кори бегона" ё Ғурури тоҷиконро дар Русия кӣ мешиканад?

Лаҳзае аз филми "Кори бегона"

Қиссаи муҳоҷирони тоҷик аз Новая Москва ба коргардони рус Денис Шабаев дар ҷашнвораи байналмилалии Швейтсария ҷоиза овард.

Филми коргардони рус Денис Шабаев «Кори бегона» («Чужая работа»), ки дар бораи саргузаштҳои муҳоҷири тоҷик Фаррух Ғафуров ва хонаводаи ӯ дар Новая Москва қисса мекунад, дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанад Visions du Réel ("Нигоҳи воқеӣ") дар Нйони Швейтсария аз байни 180 филм сазовори ҷоиза “Барои беҳтарин дебюти навоварона” шуд. Ин ҷашнвора, ки имсол барои бори 47-ум баргузор гардид, рӯзи 25 апрел ҷамъбаст шуд.

Ҳоло Денис Шабаев “Кори бегона”-ро дар ҷашнвораи байналмилалии Go East дар Висбадени Олмон ба маърази қазовати тамошобинон ва ҳакамон гузоштааст. Ғолибони ин ҷашнвора шоми 26 апрел эълон хоҳанд шуд.

“Кори бегона” бозгӯи ҳоли миллионҳо муҳоҷирест, ки чархи тақдир онҳоро дар бозори кори Русия афкандааст ва онҳо дар ин бозор, ба диди коргардон, кори бегонаро иҷро мекунанд. Падари Фаррух, ки иқтисоддон аст, дар Новая Москва маҷбур аст, посбонӣ кунад, модари ӯ бо вуҷуди дипломи ҳуқуқшиносӣ роҳрӯбӣ мекунад.

Худи Фаррух бо вуҷуди онки хонаводааш мазҳабианду намозхон ва орзуи ҳунарпеша шудани ӯро хуш надоранд, дар Русия ҳар кори сиёҳеро иҷро мекунад ва ҳамзамон дунболи расидан ба орзуи асосии зиндагиаш мегардад. Дар як филм ба ӯ нақши хурди муҳоҷиреро медиҳанд, ки ба куштор айбдор шудааст. Бо амри тасодуф, дар ҷараёни наворгирӣ худи Фаррух ба ҳалокати як нафар дар садамаи нақлиётӣ меуфтад ва пушти панҷара меравад.

Денис Шабаев

Денис Шабаев, ки рӯзи 26 апрел бо Радиои Озодӣ аз Висбаден сӯҳбат мекард, гуфт, “Кори бегона” ном гирифтани филмаш ба хотирест, ки аз як тараф, аҳолии маҳаллӣ дар Русия муҳоҷирони кориро мардуме мебинанд, ки гӯё ҷои кори онҳо ишғол мекунанд. Аз тарафи дигар, қаҳрамонҳои филм бо вуҷуди доштани маълумоти олӣ ва ихтисосҳои мухталиф маҷбуранд дар Русия ягон кори сиёҳ, ё кори барояшон бегонаро иҷро кунанд: “Ман мехостам пеш аз ҳама ба тамошобини рус нишон бидиҳам, ки набояд ҳамаи муҳоҷиронро ба як ранг ва он ҳам бо ранги сиёҳ тасвир кард ва дар зеҳни худ пешқазовте сохт, ки инҳо чунинанду чунон. Тайи якуним соли кор рӯи “Кори бегона” ман ин мардумро хубтар шинохтам, дарк кардам, ки дар пушти қиссаи муҳоҷирати ҳар кадоми онҳо дарде, ғуссае, фоҷиае нуҳуфтааст.”

Ӯ мегӯяд, ҳангоми таҳияи филмаш ду рӯи муҳоҷири тоҷикро дидааст: “Оне ки дар Душанбе ба қасди Русия савори ҳавопаймо мешавад, як нафари дар ҷомиаи худаш обрӯманд, то ҳадде бонуфуз ва соҳиби шарафу эътибори инсонист. Вале ҳамин одам, вақте дар Маскав ё ҳар шаҳри дигари Русия аз ҳавопаймо пойин мешавад, алакай комилан як нафари дигар аст. Ӯ зуд ба як гастарбайтери тарсхӯрда, беҳуқуқ ва дар муқобили таҳқиру паст заданҳои чӣ мардуми маҳаллӣ ва чӣ мақомоти гуногуни Русия ба як одами осебпазир табдил меёбад. Муҳоҷирон тайи ҳамагӣ чанд соати парвоз то Русия худро мешикананд, ғурури худро мешикананд ва ин як фоҷиаи андак нест.”

Ба ақидаи Денис Шабаев, як сабаби чунин ҳол худи қонунҳои муҳоҷирати Русия аст. Коргардони рус мегӯяд, ин қонунҳо чунон сохта шудаанд, ки муҳоҷирон баъди расидан ба Русия хоҳ-нохоҳ аз чорчӯбҳои қонунӣ берун мемонанд: “Аз онҳо талаб мешавад, ки дар зарфи ҳамагӣ се рӯз худро сабти ном кунанд. Вале кӣ як нафари бегона аз кадом як кишвари Осиёи Марказиро дар хонааш сабти ном мекунад? Ҳатто агар ӯ худро сабти ном кард, имтиҳонҳоро супурд, аз ташхиси тиббӣ гузашт ва иҷозатномаи кор ҳам гирифт, канӣ замонат, ки ҷои кор меёбад? Корфармоён аз ҷалби муҳоҷирон ҳаддалимкон худдорӣ мекунанд, чунки агар муҳоҷиронро ба кор бигиранд, тафтиши корхонаҳояшон бештар мешавад, мақомоти мухталиф бо баҳонаҳои мухталиф аз онҳо ҳаққ талаб мекунанд. Дар натиҷа, аксари муҳоҷирон ҳатто агар хеле бихоҳанд ки қонунӣ кору зиндагӣ кунанд, ин имконро надоранд.”

Дар солҳои охир таваҷҷӯҳи коргардонҳои синамои рус ба масоили муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла дар соли 2015 филми ҳунарии “Фирор аз Маскавобод” рӯи саҳна омад. Ин филм қиссаи Ҳасан ном суханчини ФМС аст, ки ҳамватанҳои бесабтиномашро ба ин идора мефурӯшад, вале дар ниҳоят барои корфармоҳояш ҳамчунон бегона боқӣ монда, дар чашми ҳамватанҳояш баракс хоин менамояд.

Яке дигар аз филмҳои пуртамошобин даро бораи ҳаёти муҳоҷирон сериали “Гулчатай” буд, ки солҳои 2013 ва 2014 дар шабакаи телевизионии “Россия” намоиш дода шуд. Дар ин филм нақши қаҳрамони асосиро ҳунарпешаи тоҷик Сайёра Сафарӣ бозӣ кардааст.

Дар соли 2013 коргардони шинохтаи рус Лариса Садилова филми “Она”-ро ба бозор дароварда буд, ки аз рӯзгори занони муҳоҷир дар Русия ҳикоят мекард. Нақши асосии Майяро дар ин филм ҳунарпешаи ҷавони тоҷик Нилуфар Файзиева бозӣ карда буд.

Лаҳзае аз филми "Меҳмонон"

Филми мустанади "Меҳмонон"-и коргардони рус Алексей Суховей, ки соли 2015 ба бзор даромад, аз тағйироте, ки муҳоҷират дар Русия дар зеҳну феълу рафтор ва табиати тоҷикон ба бор овардааст, қисса мекунад. Ин достони як гурӯҳи муҳоҷирон аз минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон аст, ки дар як ҷангали Русия дарахтбурӣ мекунанд.

Аз Денис Шабаев пурсидам, ки сарнавишти қаҳрамонаш Фаррух чӣ шуд? Ӯ мегӯяд, Фаррухро маҳкум ба зиндон шуд, баъди чанде мавриди афв қарор гирифт ва ба Тоҷикистон ихроҷаш карданд: “Ӯ ҳоло дар Душанбе пеши зану ду кӯдакаш ба сар мебарад, вале се рӯз пеш, ки сӯҳбат доштем, мегуфт, замони ихроҷаш ба поён меояд ва ӯ ҳоло дар фикри бозгашт ба Русия аст. Мехоҳад баргардад ва як бори дигар барои расидан ба орзуяш талош кунад ва ҳунарпеша шавад.”