Эълони омодагии ҲДТ барои ширкат дар интихоботи президентӣ.ВИДЕО

Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Раҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон эълон кард, ки ҳизбаш дар интихоботи президентии cоли 2020 ширкат хоҳад варзид. Тасмими ширкати Ҳизби демократи Тоҷикистон дар интихоботҳои порлумонӣ ва президентӣ, ахиран дар шӯрои инҳизб гирифта шудааст.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон соли 2020 баргузор мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 2-юми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар интихоботи президентии соли 2013 шояд ӯ ва ё шахси дигаре аз ин ҳизб номзад шавад. Оқои Усмонзода дар ҳоли ҳозир узви порлумони Тоҷикистон низ ҳаст.

"Мавқеи ҳизби демократ дар чанд соли ахир устувортар гардид. Шумораи аъзо ва ҳатто тарафдорони мо бештар шудааст. Барои ифодаи манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа, мавҷудияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳузури онҳо дар интихоботҳо зарур аст",-афзуд Саъидҷаъфар Усмонзода.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Усмонзода: Мо аз кадом киса пул, гирифтем, ки "ҳизби кисагӣ" шудем?

Ба ҳамин далел, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон бовар дорад, ки ширкати ҳизбаш дар интихоботи президентии соли 2020 ба нафъи мардум кишвар хоҳад буд. Аммо ҷаноби Усмонзода мегӯяд, ки тасмими ниҳоиро дар робита ба ширкати ӯ дар интихоботи президентии соли 2020, анҷумани ҳизб хоҳад гирифт. Ӯ бовар дорад, ки аъзои ҳизб ва тарафдоронаш аз нияти вай пуштибонӣ хоҳанд кард.

Раҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло бар иловаи ҳудуди 30 ҳазор аз аъзои ҳизб, 500 ҳазор дар дохили кишвар ва ҳамчунин аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, тарафдори ҳизбаш ҳастанд.

Қувваталӣ Муродов.

Саъидҷаъфар Усмонзода дуввумин нафарест, ки аз омодагиҳояш барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 хабар медиҳад. Чанд рӯзи қабл, Қувваталӣ Муродов, як узви собиқи Фронти халқӣ гуфт, ки мехоҳанд бо пешниҳоди номзад, дар интихоботи президентии соли 2020 ширкат кунанд.

Қувваталӣ Муродов ҳамзамон аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ талаб карда буд, ки гаравпулӣ ва теъдоди имзо ба тарафдорӣ аз номзадҳоро коҳиш диҳанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, набояд салоҳияти президент ва раиси ҳукуматро як нафар дар ихтиёр дошта бошад.

Эълони омодагии афрод ва гурӯҳҳои алоҳида барои ширкат дар интихоботи президентии соли 2020 дар ҳолест, ки ахиран порлумони Тоҷикистон синни номзад барои ширкат дар интихоботи президентиро аз 35 ба 30 сол поин овард.