Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» мегӯяд, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз ин нерӯгоҳ дубора рӯ ба афзоиш оварда, ба 409 миллион сомонӣ, муодили 82 миллион доллар расидааст.
Дафтари матбуоти нерӯгоҳи обию барқии «Сангтуда-1» рӯзи 3-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси баррасии натиҷаи тавлиди барқ дар моҳи март ва ҷараёни пардохти қарзҳои ин ширкат ҳаҷми қарзи «Барқи тоҷик» афзоиш ёфта, аз 386 миллиони як моҳи пеш ба 409 миллиону 65 ҳазор сомонӣ расидааст.
Ин рақам ба таври расмӣ дар сомонаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» низ зикр шудааст, ки тибқи он агар дар авоили моҳи март қарзи Барқи тоҷик 386 миллион сомониро дар бар мегирифт, дар поёни моҳ ба 398 миллиону 60 ҳазор сомонӣ баробар шуда буд.
Қарзи «Барқи тоҷик» ҳамчун харидори ягонаи барқи «Сангтӯда-1» то 1-уми октябри соли 2013 ба 386,63 миллион сомонӣ ё муодили 81,4 миллион доллар баробар буд. Дар моҳҳои баъдӣ дар натиҷаи фишори Маскав ва музокироти тарафайн "Барқи Тоҷик" як муддат қарзаш дар назди ин нирӯгоҳро, ки 75 дарсади саҳмияҳояш аз Русия аст, кам кард.
Вале инак масъулони нерӯгоҳ аз дигарбора рӯ ба афзоиш овардани ҳаҷми қарзҳоли "Барқи Тоҷик" хабар медиҳанд. Аммо масъулони ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, яке аз сабабҳои бузург шудани қарзи ин ширкат дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ин аст, ки «Барқи тоҷик» аз ин нерӯгоҳ барқро бо нархи гарон харида, онро бо нархи арзонтар ба аҳолӣ мефурӯшад. Вале ин дар ҳолест ки "Барқи Тоҷик" дархости нирӯгоҳи Русия ҷиҳати мустақилона ба Афғонистон фурӯхтани барқашро чандин бор рад кардааст.
БЕБАРҚӢ
Афзоиши қарзҳои "Барқи Тоҷик" аз нерӯгоҳи Русия дар ҳолест, ки дар манотиқи рустоии Тоҷикистон баъди Наврӯз лимити шадиди барқ ҷорӣ шуда, норозигии тунди мардумро ба бор овардааст. Дар ҳоле ки соли гузашта лимити барқ дар Тоҷикистон аз 7 март бекор шуд, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло дар аксари манотиқи рустоӣ дар шабонарӯз 5 ило 6 соат барқ мегиранд.
Аз ҷумла бинои ба иттилои сомонаи barknest.tj, ки ҷараёни таъмини аҳолии Тоҷикистон бо нерӯи барқро пайгирӣ мекунад, рӯзи 1 апрел дар ноҳияи Файзободу шаҳри Роғун ба мардум дар шабонарӯз 6 соат барқ додаанд. Дар Ҳисору Ҷиргатолу Рашт дар ин рӯз мардум ҳамагӣ 5 соат барқ гирифтаанд. Вазъи сокинони Нуробод "хеле беҳтар" ба назар мерасад, чунки онҳо рӯзи 1 апрел 7 соат барқ доштаанд. Вале "ғарибтар" аз ҳама ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон будааст, ки дар ин рӯз ҳамагӣ 12 соат барқ гирифтааст.
Сомонаи barknest.tj ҳамин тавр, хабар медиҳад, ки дар рӯзи аввали моҳи апрел навоҳии вилояти Суғд аз 6 то 13 соат гирифта, ин рақам дар Хатлон аз 2 соати ноҳияи Носири Хисрав то 24 соат барқ дар Кӯлобу Норак ва Сарбанду Данғара фарқ мекунад. Дар вилояти Бадахшон, ки шабакаи таъмини барқаш аз "Барқи Тоҷик" ҷудост, рӯзи 1 апрел мардуми ноҳияи Мурғоб 12 соат ва мрадуми Ванҷ 19 соат барқ дошта, боқӣ манотиқи ин вилоят 24 соат бо барқ таъмин будаанд.