Навори садамаи маргбори Восеъ. ВИДЕО

Ба дасти Радиои Озодӣ видеои садамаи маргбор дар ноҳияи Восеъ расид, ки нишон медиҳад, чӣ гуна мардум саъй мекунанд, то расидани табибон ва нозирони роҳ, ба осебдидагон кӯмак кунанд. Дар ин садамаи нақлиётии мудҳиш дар шоми 18-уми июн дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, ҳафт ҷавон ба ҳалокат расид.

Дар ин видео дида мешавад, ки гурӯҳе аз мардуми даступохӯрда кӯшиш мекунанд, шитобкорона ба яке аз осебдидагон, ки ба қавли яке аз шоҳидон “нафас мекашад”, кӯмак расонанд. Дар маҳалли ҳодиса табиб ва ё наҷотбахшон дида намешаванд ва чанд мард мехоҳанд як мусофиреро, ки дар мошин пояш дармондааст ва ӯ аз дард фарёд мекашад, кӯмак кунанд.

Дар садамаи маргбори нақлиётӣ дар шоми 18-уми июн дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, ҳафт ҷавон ба ҳалокат расид.

Баъзе аз қисматҳои мошинҳои осебдида олуда ба хун аст. Ин фалокат ҳафтае пеш ба вуқӯъ пайваст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ронандаи 22-солаи мошини “Мерседес-бенс”, аз ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ба самти муқобили роҳ баромада ба мошини «Опел-Астра» бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаву се мусофири «Мерседес-бенс» сокинони 22-24-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб ва ронандаи мошини «Опел-Астра» ва мусофири 33-солаи он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Садамаи мудҳиш дар ноҳияи Восеъ, ки 7 нафарро кушт

Мусофири дигари 21-сола баъди интиқол ба бемористон даргузашт. Дар рӯзи фалокат яке аз табибони шифохонаи марказии ноҳияи Восеъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади шаш ҷавонро барои муоина ба шифохонаи онҳо оварданд ва ҳафтумӣ зинда, вале дар ҳолати бисёр вазнин интиқол ёфт. “Баъзе устухонҳояш реза шуда буд, шушаш пора шуд, ҳар қадар саъй кардем, мутаассифона натавонистем, ӯро наҷот бидиҳем. Баъди 10-15 дақиқа даргузашт” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Яке аз хешовандони қурбонии фалокат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор буд, ду нафар аз ин ҷавонон баъд аз Иди Рамазон издивоҷ кунанд. Дар Тоҷикистон садамаҳои нақлиётӣ як омили асосии маргу мир ва маъюбӣ ба ҳисоб меравад ва рӯзона тақрибан як нафар дар чунин фалокат кушта мешаванд.

Соли 2015-ум 446 нафар, соли 2014-ум 449 нафар ва соли 2013 472 нафар дар роҳҳои кишвар ҷон додаанд. Сабаби асосии садамаҳо ба гуфтаи мақомот, суръати баланди ҳаракат, танзиму назорати номукаммали бехатарии ҳаракат ва таълими нодурусти ронандагон аст.