Се марзбони кушташудаи тоҷикро дафн карданд. ВИДЕО

Мақомот дар вилояти Суғд расман тасдиқ карданд, ки дар муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон cе марзбони тоҷик кушта шудааст. Пеш аз ин Қирғизистон аз марги як сарбозаш хабар дода буд.

Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд, рӯзи 17-уми сентябр аз ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан сарҳад ором аст ва зери назорати марзбонон мебошад. Сухангӯи раиси вилояти Суғд афзуд, гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистон Қирғизистон бояд ба зудӣ шуруъ шавад.​

Видео аз лаҳзаи овардани ҷасади Рустам Убайдуллоев:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маросими дафни подполковник Рустам Убайдуллоев. Ӯ дар марз кушта шуд

Ҷасади подполковник Рустам Убайдуллоев, сарбозони қаторӣ Рамазон Исломов ва Ғиёсиддин Суванов баъд аз зуҳри 17-уми сентябр дар зодгоҳашон ба хок супорида шуд. Ин се марзбон сокинони шаҳри Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Вахш мебошанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ҷасади подполковник Рустам Убайдуллоев дар зодгоҳаш ҷамоати Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор дафн шудааст. Афсар Рустам Убайдуллоев 35-сола ва соҳиби ду фарзанд аст. Рустам Убайдуллоев дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва Академияи сарҳадии Хадамоти бехатарии Русия мебошад. Ҳамкоронаш гуфтанд, ӯ 15 сол дар системаи ҳарбии кишвар кор кардааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадро масъулони қисми низомӣ ва дигар афсарони марзбонӣ овардаанд.

Абдусаттор Шоҳиён, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар маросими дафни афсар гуфт, "Рустам Убайдуллоев ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ, қарзи модар-ватан, ҳангоми муҳофизат намудани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қаҳрамонона ҷони худро нисор кард."

Шоҳиён афзуд, "садҳо ҳазор рустамҳои дигар омодаанд аз марзу буми худ ҳимоят кунанд."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Азия-Плюс": Се марзбони тоҷик кушта шудаанд. Мақомот: Чизе гуфта наметавонем


Ҳамин тавр мақомоти маҳаллии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Вахш низ гуфтанд, ки ҷасади ду марзбони ҳалокшударо дафн кардаанд.

Илҳом Тағоев, котиби ҷамоати шаҳраки "Киров"-и ноҳияи Вахш гуфт, ҷасади Рамазон Исломов, сокини 21-солаи ин ноҳия ва сарбози нерӯҳои марзбониро баъд аз нисфирӯзӣ ба деҳа оварданд ва ба хок супориданд. Мақомоти ноҳияи Вахш гуфтанд, ин сарбоз якуним сол мешавад, ки дар хидмат буд ва баъди шаш моҳ бояд ба хона бармегашт.

Масъулони ҷамоати "Турсун Туйчиев" -и шаҳри Турсунзода ҳам гуфтанд, ҷасади Ғиёсиддин Суванов, сарбози қушунҳои сарҳадиро ба хок супориданд. Ин сарбоз 19-сола буд.

Муноқиша дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови ҳаммарз бо Қирғизистон шаби 16-уми сентябр рух дод.

Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон нота супорид

Мақомоти Қирғизистон дар бораи ҳодисаҳои ахири марз вокуниши зиёд кардаанд. Азҷумла баъд аз сар задани ҳодиса Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон вазири корҳои хориҷӣ ва чанд роҳбарони ниҳодҳо қудратиро даъват карда, вазъ дар марз бо Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Инчунин Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Чингиз Айдарбеков, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон шаби 16-уми сентябр телефонӣ вазъ дар марзро баррасӣ кардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҷузъиёти ин гуфтугӯро нашр кард, аммо мақомоти тоҷик дар ин бора ҳеҷ хабар надоданд. Ба ҷуз аз як изҳороти Неруҳои марзбонӣ то ҳол мақомоти Тоҷикистон дар бораи вазъ дар марз ҳеҷ иттилояе пахш накардаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар робита ба низои ахир дар марз ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек нота супорид.

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 17-уми сентябр гуфт, ҳангоми тақдими нота ба Суҳроб Олимзода "эътирози қатъӣ"-и Бишкек "аз амалкарди ғайриқонунии марзбонони тоҷик" изҳор дошта шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар бораи ин нота низ то ҳол изҳори назар накардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. САДО

Бо ин вазъ мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд, вале гуфтанд, тирандозӣ хотима ёфтааст ва ду тараф барои роҳ надодан ба шиддат гирифтани муноқиша талош доранд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.