Интихоботи парлумони Тоҷикистон 1 март баргузор мешавад

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар таърихи 1-уми моҳи марти соли оянда баргузор мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 ноябр бо судури фармоне замони интихоботи парлумонӣ дар кишварро дар рӯзи аввали март таъин кард.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон имрӯз, 5 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки президент Эмомалӣ Раҳмон бо фармони тайи фармоне рӯзи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагонро мушаххас намуда, онро ба таърихи 1 марти соли 2015 таъин кард. Дар ин фармон зикр шудааст, ки “интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2015 таъйин карда шавад”.

Ҳамчунин, тибқи фармони мазкур интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2015 таъйин шуда, интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» рӯзи 1 марти соли 2015 гузаронида мешавад. Бар пояи ин фармон, замони интихоби аъзои палати болоӣ ё Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли оянда таъйин шудааст.

Дар ҳамин ҳол Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Кумисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки барномаи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагон аз фардои 6 декабр оғоз хоҳад шуд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ё КМИРТ аз ин қабл гуфта буд, дар доираи барномаи омодагӣ ба интихобот тасмим гирифтааст, ки бо намояндагони ҳизбҳои сабтиномшудаи кишвар, ки барои соҳиб шудан ба курсиҳои Маҷлиси намояндагон вориди корзори интихоботӣ хоҳанд шуд, мулоқот кунад ва сипас бо намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ сӯҳбати ошкор анҷом диҳад.

Ҷаноби Додоев афзуд, намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихобот дар 68 ноҳия ва шаҳру вилоятҳо оид ба ифтитоҳ ва омодагиҳои ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ бо масъулон мулоқот намуда ива баргаштанд.

Зимнан бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (БДИПЧ) дар назар гирифтааст, ки ба интихоботи маҷлиси намояндагони Тоҷикистон беш аз 100 нозири худро фиристад. Дар парлумони кунунии Тоҷикистон ба ҷуз Ҳизби ҳокими халқӣ -демократӣ, ки аксарияти курсиҳо ба он тааллуқ доранд, ҳамчунин аз ҲНИТ, ҲКТ, ҲАТ ва ҲИИ дунафарӣ намояндагӣ мекунанд.