Давлат Худоназаров: "Мехоҳам ёвари филмсозони ҷавон бошам"

Давлат Худоназаров ба саволҳои хабарнигори Радиои Озодӣ Абдуқаюми Қаюмзод посух медиҳад

Коргардони маъруфи тоҷик барои ширкат дар ҳайати доварони ҷашнвораи синамои "Дидор" аз Маскав ба Душанбе омадааст
Давлат Худоназаров, раиси пешини Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон ва Шӯравӣ ва собиқ депутати халқии СССР, ки ба унвони узви ҳайати ҳакамони ҷашнвораи байналмилалии "Дидор" дар Душанбе ба сар мебарад, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бо хоҳиши худ дар ин маросими фарҳангӣ ширкат дорад.

Ҷаноби Худоназаров гуфт, ният дошт аз таҳаввул ва рухдодҳои кинои тоҷик аз наздик шинос шавад ва бо ҳамтоёну шогирдон ва онҳое ҳам, ки тоза ба пайроҳаи синамо, нақшофарӣ ва коргардонӣ қадам ниҳодаанд, дидору мулоқоти рӯбарӯ дошта бошад. Давлат Худоназаров гуфт, ӯ кинои тоҷикиро зинда дарёфтааст, "вале барои дар сатҳи байналмилалӣ роҳ ёфтани он ва аз тариқи синамо муаррифӣ кардани фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ бояд хеле корҳоро ба сомон расонд". Вай гуфт, чанд рӯз пеш дар Қазон ба унвони раиси ҳайати доварони ҷашнвораи байналмилалии синамо ширкат дошт, ки дар он маҳсули эҷоди синамоофарони эронӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кард. Ҳоло гуфт, бисёр мехоҳад, филмҳои тоҷикӣ низ ҳамчунин мақомҳои шоистаеро соҳиб шаванд.

Ҷаноби Худоназаров мегӯяд, ният надорад дубора ба таҳия ва сохтани филмҳо машғул шавад, аммо омодааст, барои ҷавонон ба сифати мушовир бо такя ба таҷриба ва малакаи андӯхтааш кӯмак намояд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сӯҳбат бо Давлат Худоназаров (қисми 1)


Давлат Худоназаров, ки соли 1991 дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба намояндагӣ аз нерӯҳои мардумӣ номзади ин мақом буд ва беш аз 35 дарсади райъи интихобкунандаҳоро ба даст овард, имрӯз мегӯяд, дигар ба сиёсат баргаштанӣ нест. Вай гуфт, чунин ҳавас ва ният надорад ва ин марҳила дар зиндагии ӯ тай шудааст.

Дар иртибот ба ин ки чаро дар солҳои ҷанги дохилӣ сокит буд ва кадом мавзеъгириҳое надошт, ҷаноби Худоназар гуфт, ҳатто дар интихоботи соли 1991 ӯ на ба хоҳиши худ вориди ин корзор шуда буд ва ӯ аслан як нафар марди фарҳангист. Аммо афзуд ӯ, дар он солҳо низ сокит набуд ва то ҷое тавонист, дар роҳи сулҳу ваҳдат ва баҳамойии ҷонибҳо саҳм гузоштааст. Аммо Худоназаров гуфт, ҳеҷ гоҳ намехост ва имрӯз низ намехоҳад, дар ин бора зиёд ҳарф бизанад.

Дар иртибот ба ҳаводиси ахири Хоруғ ҷаноби Худоназаров бар ин андешааст, ки бояд коре кард, то ин доғ зуд бартараф шавад ва рехтани хуни инсонҳо, новобаста аз кадом тараф ва он ки ӯ низомӣ аст ё мулкӣ, набояд такрор шавад.

Давлат Худоназаров гуфт, ҳамроҳ бо хонумаш Гавҳар Ҷӯраева аз соли 1995 ба ин сӯ дар Русия бо масоили муҳоҷирони кории тоҷик машғуланд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сӯҳбат бо Давлат Худоназаров (қисми 2)


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!