Дарӣ ё форсӣ. Чаро баҳси забон дубора авҷ гирифт?

Ба забони "Форсӣ" дар Афғонистон бояд чӣ гуфта шавад? Ин суолест, ки аз чандин даҳа афғонистониҳо бо он рӯбарӯ ҳастанд. Ин баҳс дар ҳоле дигарбора сар зад, ки шабакаи Би-Би-Си сафҳаи "Фейсбук"-и худро аз Би-Би-Си Форсӣ ҷудо ва онро "Би-Би-Си Дарӣ" номгузорӣ кард ва боиси вокунишҳои бисёре аз сӯи форсизабонон шуд.

Бисёре аз форсизабон дар Афғонистон ба ин бовар ҳастанд, ки номгузории "Форсӣ" ба "Дарӣ" ангезаи сиёсӣ дорад ва дар солҳои гузашта аз сӯи паштунҳои ҳоким бар фазои сиёсии Афғонистон ба ҳадафи ҷудоӣ аз фарҳанги форсӣ, ба онҳо таҳмил шудааст.

Бисёре аз форсизабонон дар Афғонистон истифодаи номи "форсӣ"-ро, ки дар Эрон низ забони расмӣ аст, беҳтар мешуморанд. Онҳо мегӯянд, ки истилоҳи “Дарӣ” барои забони онҳо аз сӯи гурӯҳи ҳокими паштунзабон таҳмил шудааст ва талоше аст барои дур кардани онҳо аз муштаракоти фарҳангӣ, забонӣ ва таърихии онҳо бо дигар форсизабон дар ҷаҳон, аз ҷумла Эрон ва Тоҷикистон.

Дар Афғонистон масоили забонӣ ҳамвора бо таниш ҳамроҳ будааст ва ин танишҳо дар миёни гурӯҳҳои қавмӣ ва забонӣ ҳамеша мушкилотеро бо худ доштааст.

ЯК ЗАБОН

“Дарӣ ин лаҳҷаи афғонии форсӣ нест”,- мегӯяд Партав Нодирӣ, шоири маъруфи афғон ва мудофеи ҳуқуқи аққалиятҳо. “Дарӣ ин номи забоне аст, ки ҳамчунин "Форсӣ" номида мешавад.”

Партав Нодирӣ гуфт, ки санадҳои таърихи нишон медиҳад, ки таърихи вожаи "дарӣ" дар паҳлуи "форсӣ" ба садаи шашум бармегардад. Баъд аз қабули хатти арабӣ дар садаҳои баъдӣ, "Дарӣ" аз истифода монд ва ҷои онро вожаи “форсӣ” гирифт. Нодирӣ гуфт, ки барои ҳалли ин мушкил ва баромадан аз ин бунбаст, истифодаи ибораи “форсӣ-дарӣ”-ро беҳтар мешуморад. Вай гуфт, ки ҳар тағйире ниёз ба як ислоҳ дар Қонуни Асосӣ дорад.

Партав Нодирӣ

Партав Нодирӣ гуфт, ҳарчанд форсизабонон дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя бо лаҳҷаҳо ва вожаҳои мухталиф сӯҳбат мекунанд, аммо ин забон яке аст. Ба гуфтаи Партав Нодирӣ, даҳҳо лаҳҷаи забони форсӣ дар Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад ва сокинон бо онҳо сӯҳбат мекунанд.

Дар Афғонистон "дарӣ" забони модарии тоҷикҳо, ҳазораҳо ва аймоқҳо аст ва паштунҳо дар пойтахт – Кобул низ бо ин забон суҳбат мекунанд. Бисёри аз таҳсилкардаҳои афғон дузабона ҳастанд ва бо ду забони аслии он кишвар - дарӣ ва пашту, сухан мегӯянд.

МУХОЛИФАТИ ҚОНУНИ АСОСӢ

"Дарӣ" дар Қонуни Асосии Афғонистон сол 1964 ба унвони забони расмӣ пазируфта шуд. Дар ду Қонуни Асосии қаблӣ дар асри 20 ба ин забон "форсӣ" гуфта мешуд. Таърихнигори афғон Мирсиддиқ Фарҳанг, ки узви комиссияи ислоҳи Қонуни асосии соли 1964 буд, дар хотироте, ки соли 2015 нашр шуд, навишт, ки ворид кардани истилоҳи "дарӣ" бар асари созиш миёни нухбагони ҳокими паштун ва раҳбарони ҷомеаи форсизабон сурат гирифта буд.

Оқои Фарҳанг навишт, ки раҳбарони паштуни Афғонистон забони паштуро танҳо забони расмии он кишвар дидан мехостанд ва иддао доштанд, ки "Форсӣ" мутааллиқ ба Эрон аст. Барои нигаҳ доштани ин мувозинат байни "форсӣ" ва "пашту", форсизабонҳо "дарӣ"-ро интихоб карданд, то як фарқи сатҳӣ эҷод шавад. Дар ҳоле, ки "дарӣ" ба унвони забони расмӣ қабул шудааст, бисёре аз форсизабонҳо забони худро "форсӣ" мегӯянд”- афзуд оқои Фарҳанг.

ҲАРАКАТИ СИЁСӢ

Бисёре аз форсизабон дар Афғонистон ба ин бовар ҳастанд, ки номгузории "форсӣ" ба "дарӣ" ангезаи сиёсӣ дорад ва дар солҳои гузашта аз сӯи паштунҳои ҳоким бар фазои сиёсии Афғонистон ба ҳадафи ҷудоӣ аз фарҳанги форсӣ, ба онҳо таҳмил шудааст.

Алӣ Одилӣ, муҳаққиқ дар як муассисаи мустақили таҳлилӣ бо номи "Afghanistan Analysts Network" дар Кобул мегӯяд, ки тағйири номи "форсӣ" ба "дарӣ" дар Би-Би-Си идомаи ҳамон сиёсатҳост. “Форсигӯёни Афғонистон мухолифи ин иқдом ҳастанд ва ба ин бовар мебошанд, ки ин кор ба ҳадафи тақсими як забон рӯи даст гирифта шудааст, ки дар як ҳавзаи тамаддунии васеъ ду тақсим шудааст”,-афзуд Алӣ Одилӣ.

Дар шаҳри Кобул мардум асосан бо забони форсӣ суҳбат мекунанд.

Ҳукумат дар Афғонистон айни ҳол байни президент Ашраф Ғанӣ, ки аз пуштибонии паштунҳо ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки аз сӯи тоҷикҳо ҳимоят мешавад, тақсим шудааст. Ашраф Ғанӣ ба қавмгароӣ ва тазъифи ақалиятҳои дигар муттаҳам мешавад. Аммо ӯ ин иттиҳомотро радд мекунад.

Алӣ Одилӣ гуфт, ки масоили қавмӣ ва забонӣ дар Афғонистон ба таври густурда дар сиёсати Афӯонистон ҷо афтодааст ва аз ҷумла бархе аз мақомот рӯзноманигоронро дастур доданд, ки аз вожаҳои форсӣ истифода накунанд.

Мино Бактош, раҳбари бахши Афғонистон дар Би-Би-Си рӯзи 4-уми ноябр гуфт, ки аслан ҳеҷ омили сиёсӣ ва фарҳангӣ дар пушти ин тасмим нест” ва афзуд, ки "Дарӣ" номи расмии ин забон дар Афғонистон аст. Аммо бо ин, интиқодҳо аз Бӣ-Бӣ-Сӣ поён наёфт. Рӯзномаи мустақили “Ормони миллӣ” Би-Би-Си-ро ба ҷудо кардани "Дарӣ" аз "Форсӣ" муттаҳам кард.

Амруллоҳ Солеҳ аз тарафдорони худ даъват кард, ки ББС-ро таҳрим кунанд.

“Мардум дар Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон "дарӣ" суҳбат мекунанд, ки ҳамин забони Форсӣ аст”,-омадааст дар сармақолаи рӯзи 5-уми ноябр ин нашрия.. Дар сармақолаи рӯзномаи “Мондагор” аз рӯзи панҷуми ноябр Би-Би-Си ба “фашизм” ва коштани тухми ҷудоӣ, муттаҳам шудааст.

Амруллоҳ Солеҳ, раҳбари пешини Раёсати амнияти миллии Афғонистон ва раҳбари "Раванди сабз" дар як навиштаи худ дар "Фейсбус" аз тарафдорони худ даъват кард, ки Бӣ-Бӣ-Сиро таҳрим кунанд.

Корзори аврупоии ҳуқуқи инсон барои мардуми Афғонистон -- The European Campaign for Human Rights for the People of Afghanistan (ECHRA) як маъракаеро барои бозпас гадонидани номи ивазшудаи Би-Би-Си Афғонистон, оғоз кардааст.