Даргирӣ миёни "Толибон" ва ДОИШ дар вилояти Ғури Афғонистон

Як сарбози "Толибон"

Дар вақти тирпарронӣ миёни неруҳои “Толибон” ва ҷангҷӯёни “Шохаи Хуросон”-и ДОИШ дар вилояти Ғури Афғонистон, 3 нафар кушта шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз Ғур ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Даргирӣ субҳи якшанбеи 20-уми октябр рух додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, задухурд замоне оғоз шуд, ки неруҳои маҳаллии “Толибон” мехостанд Азизӣ, як фармондеҳи “Шохаи Хуросон”-ро дастгир кунанд.

“Дар даргирӣ худи Азизӣ, як сокини мулкӣ ва як узви “Толибон” кушта шуданд,”-гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ дар вилояти Ғур, ҷангҷӯёни “Шохаи Хуросон” давоми ду ҳафтаи ахир се узви “Толибон”-ро куштанд.

"Вилояти Хуросон" ё шохаи "Хуросон"-и ДОИШ соли 2014, замоне пайдо шуд, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бахше аз қаламравҳои Ироқ ва Сурияро тасарруф карда, “хилофат”-и худхонда эълон карда буд. Давлате, ки ба гуфтаи онҳо бар пояи шариат идора мешуд. Дертар ДОИШ аз тарафи эътилофи низомии таҳти раҳбарии Амрико саркӯб гардид.

Ин гуруҳ то ин дам масъулияти чанд ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон ва Русияро ба уҳда гирифтааст.