Дар Узбекистон масъули як мактаб ба озори хонандагон муттаҳам мешавад

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон хабареро таҳқиқ мекунанд, ки гӯё муовини мудири яке аз мактабҳои вилояти Андиҷон хонандагони синфи 6-умро пайваста озор медодааст.

Волидони хонандагон ба хабаргузории "Kun.uz" гуфтаанд, ки муовини мудири мактаб ду-се хонандаи духтарро баъди дарс ва дар баъзе маврид ҳатто дар вақти дарс ба утоқи кории худ мебурдааст.

Ба гуфтаи волидон, раҳбарияти мактаби мазкур онҳоро ба суҳбат даъват карда, гуфтааст, ки расонаӣ шудани ин хабар обрӯи муассисаи таълимиро хатчадор мекунад ва муовини мудири мактаб "бадахлоқ нест, шояд инҷо гуноҳи худи духтарон бошад".

Сухангӯи Ваколатдори ҳуқуқи кудакон дар Узбекистон Сурайё Раҳмонова гуфт, як зани 67-сола 7 май ба раҳбарияти мактаб ва нозири равоншиноси он шикоят кардааст, ки муовини 34-солаи мудири муассисаи таълимӣ М. К. набераи 12-солаи ӯро озори ҷинсӣ додааст.

Ба гуфтаи зан, муовини мудир қаблан низ борҳо набераашро озор додааст.

Сухангӯи Раёсати маорифи Андиҷон Умархоҷа Мадаминов гуфт, мақомоти умури дохилии вилоят дар пайи шикояти волидон ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.