Дар Тоҷикистон ҷазо барои кашидани тамоку сахттар шуд

Unusual Smoking Ban

Дар Тоҷикистон ҷазо барои кашидани тамоку дар ҷойҳои манъшударо сахттар карданд.

Бар асоси иловаҳо ба қонун, ки ахиран порлумон тасвиб кард, минбаъд барои кашидани тамоку дар ҷойҳои манъшуда, шахс аз 216 то 360 сомонӣ ҷарима мешавад. То ин вақт барои чунин кор, аз 72 то 144 сомонӣ ҷарима таин шуда буд.

Дар Тоҷикистон кашидани тамоку дар бинои беморхонаҳо, мактаб, идораҳо, даромадгоҳи бинои истиқоматӣ ва чанд ҷойи дигар манъ аст.

Бар асоси тағйироти нав ба қонун, ки Радиои Озодӣ 8-уми июл бо муҳтавои он шинос шуд, барои фурӯши маҳсулоти тамоку бо истифодаи воситаҳои худкор (аппарат) ва дар ҷойҳое, ки барои савдо пешбинӣ нашудаанд, ҷазо муқаррар шуд. Бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои ин кор, шахсони одиро то 504 сомонӣ ва соҳибкоронро метавонанд то 7200 сомонӣ ҷарима банданд.

Давлати Тоҷикистон соли 2017 қонун "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку"-ро тасвиб кард ва бар асоси он фурӯшу истифодаи тамоку маҳдуд шуд. Тарғиби тамоку, истеъмоли он дар ресторанҳо, дар назди шифохонаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам манъ шуд.