Боздошт ва ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум шудани Алексей Навалний, мухолифи сарсахти Путин, дар Тоҷикистон низ бо вокунишҳо рӯ ба рӯ шуд. Иддае онро "нотавонии ҳукумати Русия дар баробари як шахс", вале гурӯҳи дигар бозгашти ӯро "таҳрик додани ҳукумат ба ин иқдом" номиданд.
Мақомоту расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар робита ба қазияи мухолифи ҳукумати Русия хомӯширо ихтиёр кардаанд. Ҳарчанд коршиносон гуфтанд, дастгир шудани мухолифе ба монанди Алексей Навалний метавонад, барои кишварҳое чун Тоҷикистон "сабақи бад" бошад.
Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба қазияи Навалний Аз ҳукумати Русия тақозо карданд, ки Навалнийро зуд озод кунад. ВИДЕОАлексей Навалний рӯзи 17-уми январ ҳангоми бозгашт аз Олмон дар яке аз фурудгоҳҳои Маскав боздошт шуд.
Музаффар Имомдод, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аз оғоз қазияи Навалнийро пайгирӣ дорад. Вай мегӯяд, бозгашти мухолифи ҳукумати Русияро аз Олмон ба ватанаш кори дуруст медонад, "чун мубориза бо фасод бештар дар дохили кишвар фоидаовар аст".
Вале ба таъкиди Имомдод, "ба зидди як шахси бесилоҳ нерӯҳои қудратиро сафарбар карданд ва ин нишонаи он аст, ки мақомоти болоӣ ба фасод олуда ҳастанд."
Коршиносони дигар дар Тоҷикистон бо ин назар розӣ нестанд. Набӣ Юсупов, таҳлилгари тоҷик, бозгашти Навалнийро ба Русия "ҳисобшуда" донист. "Навалний аз қабл медонист, ки бар асоси қарори додгоҳ ба ҳабс гирифта мешавад. Ӯ дидаву дониста ба Русия баргашт ва барқасдона мақомоти Русияро таҳрик дод. Ҳукуматдорони рус аҳмақ нестанд, азбаски Навалний баргашт ва қарори додгоҳ дар ин бора ҳаст, онҳо чорае ҷуз боздоштро надоштанд", -- афзуд Юсупов.
Боздошти Алексей Навалний то ин дам вокунишҳои ҷаҳониро дар пай дошт. Амрико ва Аврупо боздошти Алексей Навалний, раҳбари мухолифони ҳукумати Русияро маҳкум карданд. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ва ҳам намояндагони ҳукумати мунтахаби Ҷо Байден хостори "озодии фаврӣ ва бе қайду шарт"-и Навалний шуданд.
Мунтақиди Кремлин дар шаҳри Химки, канори Маскав аст ва додгоҳ ӯро ба 30 рӯз ҳабс маҳкум кард.
Суҳбати коршиносони тоҷикро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Доираҳои коршиносӣ дар Тоҷикистон бовар доранд, тақдири мухолифи ҳукумати Русия бештар ба вокунишҳои байналмилалӣ вобаста аст. Баҳманёр Надиров, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, "таҳрим ва фишорҳои байналмилалӣ воситаи асосӣ барои таъсир расондан ба тасмими мақомоти рус дар робита ба Навалний аст. Албатта, масъалаи норозигии дохилӣ ҳам ҳаст, вале ҳукумати Русияро зиёд наметарсонад."
Бо вуҷуди гуногун будани назари коршиносони тоҷик ба боздошти Алексей Навалний, пешвои мухолифон дар Русия, бештари онҳо бовар доранд, қазия метавонад "намунаи баде" барои баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бошад.
Созмону кишварҳои ғарбӣ Тоҷикистон ва давлатҳои дигари пасошӯравиро пайваста барои маҳдуд кардани озодиҳо ва нақзи ҳуқуқи инсон танқид мекунанд. Мақомот ҳадаф аз ҷорӣ кардани баъзе маҳдудиятҳоро ба ҳифзи амнияту субот бастагӣ медиҳанд ва ба дурустии кори худ таъкид доранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Аз ҳукумати Русия тақозо карданд, ки Навалнийро зуд озод кунад. ВИДЕОМухолифи сарсахти Путин баъди бозгашт ба Маскав боздошт шуд. ВИДЕОНавалний гуфт, "медонам, кӣ маро куштан мехост". ВИДЕОНавалний: ТНТ аз ингушҳо узр пурсид, чаро аз тоҷикон намепурсад?