Дар қисмҳои ҳарбӣ, теппаву оромгоҳҳои Тоҷикистон 10 млн. дарахту бутта шинонда мешавад

Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон  «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ то соли 2040»-ум қабул гардид.

Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ то соли 2040»-ум қабул гардид. Ба навиштаи хабаргузории расмии “Ховар”, ин барнома дар марҳилаи аввали то соли 2027 шинонидани 10 миллион бех ниҳолу буттаро пешбинӣ мекунад.

Ҳадафи барнома “беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ ва пешгирӣ аз таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим” гуфта шудааст.

Парвариши дарахту буттаҳо дар маҳаллаю ҷамоатҳо, идораҳои маъмурӣ, қисмҳои ҳарбӣ, корхонаҳои саноатӣ, оромгоҳҳо, партовгоҳҳо, талу теппаҳо, ҷангалу шафати шоҳроҳҳо, соҳили дарёҳо ва ҷойҳои дигарро пешбинӣ мекунад.

Барои иҷрои ин барнома пул аз буҷаи давлатӣ ва ҳам аз ҳисоби сармоягузорон ҷалб хоҳад шуд. Дар хабар гуфта нашудааст, ки барои иҷрои ин барнома чӣ қадар пул масраф мешавад.