Дар шаҳри Ҳироти Афғонистон фурӯши чодир ва ё фаранҷӣ авҷ гирифт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Афғонистони таҳти ҳукумати Толибон, ки занон ба яке аз беҳуқуқтарин қишри ҷомеа табдил ёфтаанд, фурӯши чодир дар яке аз шаҳрҳои кишвар равнақ ёфтааст. Чодир баъди он серхаридор шуд, ки Толибони ифротӣ гуфтанд, чеҳраҳои занон набояд аён бошанд, чун ба қавли онҳо сабаби фитна дар ҷомеа мешавад.