Дар Душанбе нахустин қаҳрамонии гуштигирии ҷаҳон оғоз ёфт

Рӯзи 30-юми август дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштигирӣ шуруъ шуд.

Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштигирӣ тӯли ду рӯз - 30-31-уми август доир хоҳад шуд. Рамзи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштигирӣ бабри барфӣ интихоб гардидааст.

Дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз 63 кишвари ҷаҳон иштирок дорад. Рақобатҳо аз рӯи нӯҳ вазн - се вазн миёни занон ва шаш вазн байни мардон - сурат мегирад.

Тоҷикистонро дар аввалин қаҳрамонии ҷаҳон 18 варзишгар – дар ҳар вазн дунафарӣ намояндагӣ мекунанд. Шаҳбоз Саидаброров, Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг, Аҳмад Масъуд, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни 71 кг, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов дар вазни 78 кг, Умар Расулов, Ҳақназар Назаров дар вазни 86 кг, Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов дар вазни 95 кг, Шариф Назриев, Шакармамад Мирмамадов дар вазни +95 кг байни мардҳо ва Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан дар вазни 52 кг, Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова дар вазни 70 кг, Мавлуда Одинаева ва Сабрина Холова дар вазни +70 кг байни занон қувва меозмоянд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ба ғолибон дар ҳар як вазн ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар тақдим мегардад, барои ҷойи дуюм 10 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 5-ҳазордолларӣ супурда мешавад.

Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари ИМА сарфароз мегарданд.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 гуштигирӣ мақоми байнулмилалиро касб кардааст. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, куштии миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байнулмилалӣ гардидааст.