Мақомот ба масъулони осорхона фишор меоранд, ки даст аз шикоят бардоранд ва бинои осорхонаро ба як ширкати тиҷоратӣ бидиҳанд. Давоми 20 соли гузашта ин муассисаи фарҳангӣ барои тамошобинон намоишномаҳоеро бо иштироки лӯхтакҳои дастӣ нишон медод.
Искандар Ҳакимов ҳанӯз дар ҷавонӣ дар фикри таъсиси як театри лӯхтак шуд. Он замон ӯ ҳамчун роҳбалад маконҳои таърихии Бухороро барои ҷаҳонгардон нишон медод.
Мегӯяд, "як вақте расид, ки дилам хост ба мардум анъанаҳои маҳаллиро нақл накунам, балки намоиш бидиҳам. Аввал фикри эҷоди як театри хурде дар бораи тӯйҳои бухороиҳо ба сарам омад. Пардохти пули кори ҳунармандон кори осон набуд ва ба фикри таҳияи намоишномаҳо дар муҳити театри лӯхтак шудем. Ин солҳои 1995-97 буд."
Осорхонаи лӯхтакҳои ӯ зуд маъруф шуд. Дар оғоз ҳеҷ намехостанд лӯхтакҳоро ба фурӯш гузоранд, вале баъд дар машварат бо ҳамкорон ба ин кор розӣ шуданд.
Ҳамроҳ бо Искандар Ҳакимов, Зокир Ҷӯраев ҳам кор мекунад ва ӯ барои корҳои маъмурӣ ҷавобгар аст. Ҷӯраев мегӯяд, дар фикри даромади ҳангуфт нест, чун барояш кори театр пеш аз ҳама як ҳаловати маънавӣ медиҳад.
"Вақти кор дар бораи пулу даромад фикр намекунем, фақат барои ҳаловати равонӣ кор мекунем. Ҷаҳонгардону гирдоваранда (коллексионер)-ҳо омада лӯхтакҳоро мехаранд. Ин чиз барои пешбурди рӯзғор ба мо ёрӣ мекунад, ба ҳаминаш ҳам шукр,"-гуфт, Ҷӯраев.
Вале маъруфияту таърихи бойи осорхона монеи мақомот нашуд ва ҳоло ин муассисаи ҳунарию фарҳангӣ бояд барои зинда мондан мубориза барад. Биное, ки дар он осорхона ҷойгир шудааст, бояд ба дасти ширкати тиҷоратие гузарад. Ҳакимов ва Ҷӯраев мегӯянд, ки агар театр маҷбур шавад, ки ба ҷои дигар кӯчад, дигар эҷоди чунин лӯхтакҳо ғайриимкон мешавад.
Искандар Ҳакимов гуфт, "ҳоло осонхона дар ҳудуди 122 метри мураббаъ ҷойгир шудааст. Ман дар фикри таъсиси як намоишгоҳи "Таърихи театри лӯхтаки Узбекистон" будам. Ана он ҷо ман тамоми идеяҳои худро иҷро карда метавонистам. Аз қиссаҳои "Алибобову 40 роҳзан" то саргузаштҳои "Ҳоҷа Насриддин" ва қаҳрамонҳои онҳо. Дидани чунин намоишгоҳ бепул фароҳам мешуд. Барои ин мо бояд лӯхтакҳоро ба фурӯш гузорем, то кори муассисаро бе мушкил пеш барем".
Мутобиқи қонунҳои Узбекистон, аз соли 2017 музоядаҳои электронӣ амал мекунанд ва муассисаҳое, ки барои фурӯш ё иҷора пешкаш мешаванд, тавассути ҳамин музоядаҳои давлатӣ ба муштариҳо дода мешаванд.
То соли 2023 Ҳакимов ва Ҷӯраев барои иҷораи бинои осорхона моҳе 780 доллар медоданд, вале дар музоядаи ахир нархи иҷора то 2430 доллар боло рафт. Масъулини осорхона аз мақомот дархост карданд, ки музоядаи нав барпо шавад, чун нархи нав ғайри қобили пардохт аст. Вале дар музоядаи нав, нархи иҷора ногаҳон то 11 ҳазор доллар афзоиш ёфт.
Ин нарх бо сабаби иштироки дигар ҳунарманд – Нодиршо Файзиев афзоиш ёфт, ки дӯзанда мебошад ва дар фикри васеътар кардани тиҷораташ мебошад. Дар даври ниҳоии музояда на Ҳакимов ва на Ҷӯраев иштирок карда натавонистанд ва Файзиев ҳаққи иҷораи биноро ба даст овард.
Шаҳзода Мираков, набераи Искандар Ҳакимов як ҳомии фаъоли осорхона шуд ва дар саҳифааш дар Инстаграм чанд навори видеоиро дар бораи вазъи мушкили осорхона нашр кард.
Ин наворҳо зуд паҳн шуда, мавриди таваҷҷӯҳ ва муҳокимаи зиёди корбарон гардиданд. Баҳси атрофи иҷораи муассиса то Бунёди рушди фарҳангу ҳунари Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон расид. Масъулини бунёд ваъда доданд, ки барои ҳифзи ин муассисае, ки бахше аз мероси фарҳангии кишвар мебошад, дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Мақомот дар Бухоро ҳам гӯё аз пайи ислоҳи вазъ шуданд. Муаллифони ин гузориш барои шарҳи мавзӯъ ба Ботирҷон Шаҳриёров, муовини раиси вилояти Бухоро оид ба ҷаҳонгардӣ ва фарҳанг муроҷиат карданд. Ӯ гуфт, "Ҷӯраев дар изҳороти интернетиаш ба хато роҳ дод". Шаҳриёров гуфт, ки Ҷӯраев "нодуруст муроҷиат кард" ва "осорхона мисли пешин корашро давом хоҳад дод".
Баъди баҳсу норӯшаниҳои зиёд, бар асоси хабари охир соҳибкор Файзиев аз дастрасӣ ба бинои осорхона маҳрум шудааст ва вақте хабарнигорон барои шарҳи мавзӯъ ба ӯ муроҷиат карданд, бо садои баланду хашин хабарнигоронро аз наздаш ронд.
Ҳоло осорхона корашро идома медиҳад, вале номуайянӣ дар фардои кори он дар зеҳни Ҳакимов боқӣ мондааст. Оянда чӣ мешавад, намедонад. Дар ҳоле, ки ин театру осорхонаи нодири лӯхтакҳои миллӣ, як барномаи муҳими ҷаҳонгардони Бухоро боқӣ мемонад.