Дар Бохтар як корхонаро ду бор кушоданд. Аввал ҳамроҳи сарвазир, акнун бо дасти президент. АКС

Дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, бо иштироки раиси ҷумҳури Тоҷикистон корхонаеро ифтитоҳ кардаанд, ки ҳанӯз як сол пеш бо ҳузури нахуствазир, Қоҳир Расулзода, ба кор оғоз карда буд. Дар ҳарду маврид аз комёбии як соҳибкор ном бурда мешавад.

Дар саҳифаи расмии хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар Flickr навиштаанд, ӯ корхонаи истеҳсоли дучарха ва ҷӯроббофиро ба истифода дод

Мақомоти вилояти Хатлон рӯзи 24-уми марти имсол аз кушода шудани корхонаи истеҳсоли дучарха ва ҷӯроббофии "Сомони Расул" дар шаҳри Бохтар хабар доданд. Маросими ифтитоҳи ин корхона бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбе баргузор шуд.

Ин ҳамон корхонаест, ки расо як сол пеш, зимни сафари нахуствазир Қоҳир Расулзода ба Хатлон, ифтитоҳ шуда буд. Мақомоти Хатлон рӯзи 21-уми марти соли 2020 бо нашри хабаре гуфта буданд, ки "Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо Қурбон Ҳакимзода (раиси вилояти Хатлон) дар маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли дучархаҳо ва нассоҷӣ (ҷӯроббофӣ) ширкат варзиданд."

Моҳи марти соли 2021

Моҳи марти 2020

Хабар ва аксҳо аз маросими дубораи ифтитоҳи корхонаи дучарха ва ҷуроббофӣ рӯзи 24-уми март зимни сафари ахири президент ба Хатлон дар сомонаи расмии ҳукумати вилоят ва саҳифаи хадамоти матбуоти президент дар Flickr нашр шуд.

Хабарҳо аз сомонаи ҳукумати вилояти Хатлон (аввалӣ аз моҳи марти 2020, дувумӣ аз моҳи марти 2021)

Дар ин хабарҳо омадааст, корхонаи истеҳсоли дучарха ва ҷӯроббофӣ аз сӯйи соҳибкор Расул Соҳибназаров бунёд шудааст. Дар хабарҳои як сол пеш дар мавриди ифтитоҳи корхона низ номи ҳамин соҳибкорро зикр кардаанд. Рӯшан нест, чаро президенти Тоҷикистон корхонаеро ифтитоҳ кард, ки як сол ба ин сӯ фаъолият дорад.

Бино ба иттилои мақомот, ҳоло дар корхона истеҳсоли беш аз 10 навъи дучарха бо шаклу андозаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст ва, мумкин аст, дар як моҳ 1000 дучарха истеҳсол шавад.

Соли гузашта мақомот дар рӯзи ифтитоҳи корхона гуфта буданд, "дар ин корхона 56 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин гардидаанд" ва корхона дар шабонарӯз "10 дучарха ва 200 ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мекунад".

Моҳи марти 2021

Моҳи марти 2020

Ифтитоҳи корхонаву марказҳои савдо ва муассисаҳои дигар ҳангоми боздиди президент аз минтақаҳо ба як расм табдил шудааст. Аммо бори аввал нест, ки воқеӣ будани корхонаҳои навтаъсис зери шубҳа қарор мегирад. Дар гузашта шикоятҳо буд, ки баъзе аз он корхонаҳо пас аз рафтани президент дигар аз кор мемонанд.

Моҳи октябри соли гузашта мақомот хабар доданд, ки зимни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ ташкил шуд. Баъди чанд соати рафтани раисҷумҳур корхона “аз кор монд” ва биноеро, ки дар рӯзи сафари раиси ҷумҳурӣ пур аз дастгоҳҳову дӯзандагон буд, як рӯз баъд хабарнигорон холӣ дарёфтанд. Ҳарчанд дертар намояндагони корхона гуфтанд, онҳо як муддат коргаронро ба таътил фиристода буданд ва корхона аз кор намондааст.