Эътирозҳо ба зидди "Толибон". Дар Бадахшон чӣ мегузарад?

Баъзе аз ноҳияҳои вилояти Бадахшони Афғонистон, аз ҷумла Дароим ва Аргу, рӯзҳои охир шоҳиди эътирозҳо алайҳи ҳукумати "Толибон" буданд.

Манбаъҳои маҳаллӣ аз деҳаи Данда Чашмаи ноҳияи Аргу ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мардум дар маросими дафни Абдулбосит, ҷавони 23-сола, ки дар эътирозҳои рӯзи шанбе дар ин ноҳия кушта шуда буд, хостҳояшонро дар миён гузоштанд.

Ба қавли Шамсиддин Мубориз, аз фаъолони умури ҷавонони ноҳияи Аргуи Бадахшон, муҷозоти омилони қатли ин ҷавон, ба кор гирифтани нерӯҳои маҳаллӣ барои аз байн бурдани киштзорҳои кӯкнор ва рафтори хуб бо мардум, аз хостҳои муҳими онҳост.

"Агар тарёкро аз байн мебаранд, мардум ҳозир ҳастанд, ки ҳамкорӣ кунанд. Аммо бе хушунат. Бояд афроде, ки тарёкро аз байн мебаранд, аз мардуми Бадахшон бошанд. Талаби мардум ҳамин аст," -- афзуд ӯ.

Ин дар ҳоле аст, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати "Толибон" дар саҳифааш дар шабакаи Х эътирозҳо ва танишҳои охирро дар ноҳияҳои Дароим ва Аргуи вилояти Бадахшон ба маҳви кишзорҳои кӯкнор рабт дод. Вай иддао кард, ки баъзе аз қонуншиканҳо ба тарафи кормандони мубориза бо маводи мухаддири ҳукуматашон дар Бадахшон ҳуҷум карданд.

Дар ин эъломия омадааст, як гурӯҳи корӣ бо раҳбарии Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати "Толибон" барои баррасии ин ҳодиса ташкил шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи маҳаллии дигар аз ноҳияи Аргу, ки нахост номаш ошкор шавад, рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, "то кунун гуфтугӯе сурат нагирифтааст. Дирӯз мардум бо ҳайатҳое, ки рафта буданд, бархӯрди хубе накарданд ва бо сангӯ чӯб заданд."

Манобеъ дар ноҳияи Дароим низ мегӯянд, рӯзи якшанбе мардум бо навиштани қатънома хостаҳояшонро баён карданд. Яке аз сокинони Дароим, ки нахост номаш ошкор карда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, "мардум аз ҳукумат мехоҳанд, ки садои онҳо шунида шавад ва қаноат ҳосил гардад, чун онҳо бисёр диктаторона амал мекунанд, бе машварат ва иҷозаи мардум корро анҷом медиҳанд".

Аз сӯи дигар, як навори савтии мансуб ба Қорӣ Фасеҳуддин, раиси ҳайати фиристодашудаи ҳукумати "Толибон" барои баррасии эътирозҳои ахири Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Дар он хитоб ба масъулони "Толибон" дар Бадахшон мегӯяд, агар мардум даст аз эътироз накашанд, бо бархӯрди ҷиддитаре рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, эътирозҳо дар ду ноҳияи Бадахшон вокунишҳоеро дар пай доштааст.

Ҳизби ҷамъити исломии Афғонистон бо раҳбарии Салоҳиддин Раббонӣ, раиси пешини амнияти миллии Афғонистон Раҳматуллоҳ Набил ва намояндаи пешини порлумон Фавзия Кӯфӣ ва низ ҷунбишу ҳизбҳои дигар аз ин эътирозҳои мардумӣ дар Бадахшон пуштибонӣ карданд. Онҳо дар эъломияҳои худ аз бархӯрди афроди "Толибон" бо эътирозгарон интиқод карданд.

Ба гуфтаи мақомоти ҳукумати "Толибон", ин эътирозҳо рӯзи ҷумъа замоне оғоз шуд, ки нерӯҳои онҳо ба ҳадафи аз байн бурдани киштзорҳои кӯкнор вориди заминҳои сокинони деҳаи Қарлуқи ноҳияи Дароим шуданд ва бо муқовимати мардум рӯбарӯ гаштанд. Дар натиҷаи даргирии рӯзи ҷумъа як деҳқон кушта ва се эътирозгар захмӣ шуданд.