Пойкӯбӣ, ҳаракатҳои оромонаи даст, қарсак ва даврзанӣ зери навои ғамангези дафу рубоб. Ин рақси хоси мардуми Бадахшон аст, ки танҳо дар рӯзи мотами шахси наздик иҷро мешавад ва пойамал ном дорад.
Дар гузашта, воқеан, гиребон чок мекарданд, рӯйро мехарошиданд. Ҳоло ин кор аз тарафи шахсони алоҳида ва ба шакли фармоишӣ иҷро мешавад
Ин навъи рақс, ки таърихи беш аз як аср дорад, ҳоло дар баъзе аз гӯшаҳои ноҳияи Рӯшону водии Бартанги Бадахшон мушоҳида мешавад. Шавқмамад Пӯлодов, ҳунарманди тоҷик, гуфт, пойамал як навъи рақси ирфонист ва маъмулан онро занон бо пойи луч, мӯйҳои парешон ва либоси кӯҳнаву чокшуда иҷро мекунанд.
Монанд ба рақси самоъ
Пӯлодов рӯзи 26-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки дар зодгоҳи ӯ – деҳи Сипонҷ – занони огоҳ аз ин суннат дар маросими азо рақси пойамал мекарданд ва дигарон ҳам аз онҳо пайравӣ менамуданд. "Суръати мусиқӣ дар оғоз оҳиста аст. Аввал дасту сар ва пой нишон дода мешавад. Вақте мусиқӣ тез мешавад, раққосон чарх мезананд. Чарх ҳам охирин чархи инсоният аст, ки гӯё бо ҳамон ӯ ба асл баробар мешавад", - афзуд ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба қавли фарҳангшиносон, тавассути ин рақс наздикони шахси фавтида, ғаму андӯҳи худро ифода мекунанд. Гулҳаёи Мадумар, муҳаққиқ ва хабарнигори зодаи Бартанг мегӯяд, пойамал наздик ба рақси самоъ аст.
"Вақте шахси фавтидаро шуста, дар тобут мегиранд, рақси пойамал шурӯъ мешавад. Аввал дастро дар миён мегузоранд. Ин аломати шикастани дил ва шикастани миён аст. Яъне, нафари наздикаш аз дунё рафт ва миёнашро шикаст. Даст ба боло бурдан, пеши Худованд арз кардан аст. Инсон вақте ба сахтӣ рӯ ба рӯ мешавад, даст ба сӯи Худо мекунад, дар пойамал ҳам ҳамин маъниро дорад. Боз даст ба зону бурда мешавад, ки чаро чунин ҳолат ба сари хонаводаи ман омад”, - шарҳ дод ӯ.
"Ҳоло ба шакли фармоишӣ иҷро мешавад"
Тамоми ин ҳаракатҳо, ба гуфтаи Гулҳаёи Мадумар, мувофиқи оҳанги даф ва бо пой иҷро мешавад. Бо иҷрои рақси пойамал, ба гуфтаи Шавқмамад Пӯлодов, афроди ғамзада на танҳо ҳолати худ, балки хислат ва шахсияти майитро низ бозгӯ мекунанд. Дар ин рақс фаҳмидан мумкин аст, ки нафари фавтида дар зиндагии мотамдорон чӣ ҷойгоҳ дошт ва дар ҳаёт чӣ гуна инсон буд.
Ба таъкиди пажӯҳишгарон, дар гузашта рақси пойамал танҳо хоси минтақаи Бадахшон набуд. Монанд ба он дар минтақаҳои дигари кишвар, аз ҷумла дар Рашт ва Дарвозу Ванҷ ҳам рақсҳое буданд, ки дар маросими сӯгворӣ иҷро мешуданд.
Абдуфаттоҳ Аминов, муҳаққиқи тоҷик, мегӯяд, намунаҳои ин рақс, ки ҳоло дар вилояти Бадахшон мушоҳида мешавад, дар шакли қаблии худ ҳифз нашудаанд ва танҳо рамзомез иҷро мешаванд.
"Имрӯз мардону занони алоҳида рӯйи худро рамзомез сиёҳ мекунанд. Ё мӯйҳо парешон ва либос ба шакли дарида пӯшида мешавад. Дар гузашта ҳангоми иҷрои рақси пойамал, воқеан, гиребон чок мекарданд, сару рӯйро мехарошиданд. Ғаму андӯҳи хонадонро ифода мекарданд. Ҳоло аз тарафи шахсони алоҳида ба шакли фармоишӣ иҷро мешавад ва намунааш хеле кам аст", - гуфт ӯ.
"Мегӯянд, замони компютеру кайҳон аст, вале..."
Шавқмамад Пӯлодов ҳам бо таассуф мегӯяд, ҳоло дар Рӯшон танҳо 4-5 нафаре боқӣ мондааст, ки ба пуррагӣ аз вижагиҳои рақси мотам ё пойамал огоҳанду онро иҷро мекунанд. Ӯ мегӯяд, зери таъсири мухолифатҳо ба фарҳанги миллӣ дар замони Шуравӣ, ин суннати қадимӣ то ҳадде камранг шуд.
Пулодов мегӯяд, "мегӯянд, замони комютеру кайҳон аст ва ҷавонон ба фарҳангу зиндагии гузаштаҳо таваҷҷӯҳи кам доранд. Аммо, ба фикри ман, маҳз бо огоҳӣ аз одати гузаштаҳои худ, ки қалби одамро пур мекунад, метавон ба кайҳон расид."
Пажуҳишгарон ва гурӯҳе аз насли бузургтар бар инанд, ки барои ҳифзи пойамал чун як суннат ва намунаи санъати қадимии мардум бояд чораандешӣ шавад. Аммо гурӯҳи дигар махсусан насли ҷавони минтақа, ба ин боваранд, ки маросим танҳо бояд чун санъат нигоҳ дошта шавад ва зарурати иҷрои он дар маъракаи азо вуҷуд надорад.
Тибқи тартиби нави маросими азо, ки соли 2017 аз тарафи Кумитаи дин таҳия шуд, дар маросими дафн дод гуфтан, наҳва кашидан, хок бар сар задан, фиғон бардоштан, мӯйканиву рӯйканӣ кардан ва овозхон (навҳагар) овардан низ манъ аст.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи пажӯҳишгарон, дар Тоҷикистон беш аз 100 навъи рақс мавҷуд аст, ки аксарият дар маросими хурсандии мардум иҷро мешаванд. Пойамал аз рақсҳои нодирест, ки дар як гӯшаи кишвар гоҳе маҳз дар маросими мотам иҷро мешавад.