Вазорати адлияи Афғонистон ҷурми "бачабозӣ"-ро рӯзи якшанбеи 16-уми июл дар Кодекси ҷазоии Афғонистон шомил кард. Абдулбасир Нур, вазири адлияи он кишвар зимни як нишасти хабарӣ бо он, ки ҷузъиёт надод, аммо гуфт, ки пас аз ин барои афроде, ки ба ин амал даст мезананд, муҷозот таъйин шудааст.
Вазири адлияи Афғонистон дар ин робита аз ҷумла гуфт, "ҷаримаи бачабозӣ бо дарназардошти асли қонуни ҷароим ва ҷазоҳо, дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст."
Дар Афғонистон занон иҷозат надоранд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ рақс кунанд ва аз ин рӯ, нақши занонро бачаҳои аз даҳсола боло бозӣ мекунанд, ки ин анъанаи қадимӣ бо номи "бачабозӣ" маъруф аст.
Ин дар ҳолест, ки Комиссияи мустақлили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, ки 60 мавридро дарёфтаанд, ки кӯдакон дар сафҳои нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар ба хизмат гирифта шуда ва аз онҳо истифода ҷинсӣ мешавад. Масъулони Комиссияи мустақлили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯянд, ёфтаҳои онҳо нишон медиҳад, ки 57 навҷавон дар сафҳои нерӯҳои мусаллаҳ гумошта шуда ва мавриди бадрафтории ҷинсӣ қарор гирифтаанд.
Билол Сиддиқӣ, сухангӯи ин комиссияи рӯзи панҷшанбеи 20-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар баробари ин, навҷавонони дигар, ки расман дар сафҳои нерӯҳои мусаллаҳ фаъолият намекунанд, дар постгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд ва мавриди истифодаи ҷинсӣ қарор мегиранд. Ба гуфтаи вай, аз ин, ки омилони "бачабозӣ" мавриди пайгард қарор намегиранд, нигаронанд ва аз ҳукумат мехоҳанд то дар ин росто, чораҳои ҷиддӣ рӯи даст бигирад.
Билол Аҳмад Сиддиқӣ аз ҷумла гуфт, "ҳанӯз ҳам мутаассифона навҷавонон дар сафҳои нерӯҳои мусаллаҳ ва мухолифон истихдом мешаванд ва ҳангоме, ки ба кор гирифта мешаванд, мавриди истифода низ қарор мегиранд ва мо нигарон ҳастем ва умедворем, ки давлат иқдоми ҷиддӣ кунад."
НАВОР АЗ БОЙГОНӢ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин дар ҳолест, ки хабарнигори Вошингтон Пост ба наздикӣ бо нашри гузорише навишт, ки як фармондеҳи пулис дар Урузгон бачаеро, ки мавриди истифодаи ҷинсӣ қарор медод, ба вай нишон додааст. Дар ин гузориш ҳамчунон ба нақл аз чанд мақоми амниятӣ дар ҳавзаи ҷануб-ғарби Афғонистон гуфта шудааст, ки агар ҳукумат дар мавриди онҳо иқдоми қонунӣ кунад, вазифаҳояшонро тарк карда ва аз ин тариқ замина барои мухолифон боз хоҳад шуд. Бар асоси гузоришҳо, дар шуморе аз вилоятҳои Афғонистон аз навҷавонон таҳти номи "бачабозӣ" истифодаи ҷинсӣ сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, Наҷиб Дониш, сарпарасти дафтари сухангӯи вазорати дохилии Афғонистон ҳузури афроди зери ва амали бачабозӣ дар сафҳои нерӯҳои мусаллаҳи он кишварро рад кард. Наҷиб Дониш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо соли гузашта ва соли ҷорӣ ду бор як ҳайатро вазифадор кардем, ки чигунагии ҳузури афроди зери синро дар сафҳои ва ҷузву томҳо, ба вижа пулиси маҳаллӣ баррасӣ кунанд ва хушбахтона ҳеҷ маврид дар бораи ҳузури онҳо гузориш дода нашуд."
Дар Афғонистон занон иҷозат надоранд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ рақс кунанд ва аз ин рӯ, нақши занонро бачаҳои аз даҳсола боло бозӣ мекунанд, ки ин анъанаи қадимӣ бо номи "бачабозӣ" маъруф аст. Бачаҳои раққос одатан ятим ва ё аз оилаҳои камбизоат мебошанд ва баъзан мавриди бадрафторӣ ва таҷовуз қарор мегиранд.
Анъанаи бачабозӣ баъди фурӯпошии ҳукумати Толибон аз нав авҷ гирифтааст. Толибон бачабозиро ҳамчун амали ғайриисломӣ манъ карда буданд. Бачабозӣ ҳозир ҳам дар Афғонистон манъ мебошад, вале таваҷҷӯҳ ба бачабозӣ аз деҳот то шаҳрҳои бузург тавсеа ёфтааст.
Мушкили дигари мубориза бо бачабозӣ ин аст, ки баъзан афсарони пулис низ дар бачабозӣ саҳмгиранд. Дар навори видеои боло, афсареро метавон дид, ки аз рақси бача ҳаловат мебарад. Бачаҳои раққос мегӯянд, ки ин ҳоли маъмулист. Коршиносон мегӯянд, эҳтимол то замоне ки камбизоатӣ коҳиш наёбад ва ҳокимияти қонун по барҷо набошад, бачабозӣ дар Афғонистон аз байн нахоҳад рафт.