“Рақс макун, ҷоно!” ё садое несту сӯфӣ дар самоъ

Озмуни рақс дар як шабакаи телевизионии Миср хашми рӯҳониёни кишварро ба бор овард.

Масъулини Дор-ул-Ифто, ниҳоди давлатии мазҳабӣ, «Раққоса», нахустин озмуни рақс дар таърихи телевизионии Мисрро, «як бахши маъракаи ҳадафмандона пойин бурдани ахлоқи эътиқодмандон» арзёбӣ карданд.

Шабакаи телевизионии «Ал-Арабия» изҳороти рӯҳониёнро овардааст, ки дар он ҳамчунин гуфта шудааст, “баргузории озмуни «белли данс” ё “рақси шикам” бо осиёби гурӯҳҳои ифротгаро об мерезад, зеро онҳо дар чаҳор сӯ ҷор мезананд, ки гӯё мақомот алайҳи арзишҳои исломӣ ҷанг эълон кардаанд”.

Дар озмун ду даста – раққосони мисрӣ ва хориҷӣ дар маҳорати иҷрои “белли данс” ё “рақси ишкам” бо ҳам сабқат мекарданд. Раёсати ҳайати ҳакамонро Дина, яке аз рахшонтарин ситораҳои рақс, бар ӯҳда дошт.

Раҳбарони шабакаи телевизионии “Ал-Қоҳира ал-Насс” рӯзи 4 август эълом доштанд, ки озмунро мутаваққиф мекунанд, аммо на ба хотири танқиди Дор-Ул-Ифто, балки ба хотири арҷгузории ёди 11 корманди полиси Миср, ки ахиран бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ дар нимҷазираи Синой ҷон бохтанд.

Бори аввал нест, ки Қоҳира талоши манъи ин рақси дар саросари олам маъруфро мекунад. Солҳои 50-уми қарни гузашта ин рақс расман манъ шуда буд, аммо баъд аз ошӯби мардумӣ дубора “сафед” шуд, аммо фақат ба шарте, ки раққосаҳо бадани урёни худро намоиш надиҳанд. Чанд сол пеш “белли данс”-ро дар Фаластин “фаҳш” ва «дур аз фарҳанги суннатии арабҳо” хонданд. Аз ин пеш Эрону Афғонистон ва Покистон ҳам ин рақси арабиро манъ карданд. Зимнан, дар қаламрави шуравии собиқ ин рақс маъмул шудааст ва дар Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ҳатто курсҳои махсуси омӯзиши рақси арабӣ таъсис шудаанд. Парвина, як духтари тоҷик, ки рақси арабиро дар Душанбе омӯхта ҳоло онро бо номи мустаор дар як тарабхонаи Маскав иҷро мекунад, мегӯяд, ки “белли данс” на фақат ҳунари зебо, балки як омили сиҳатӣ ва мавзун нигаҳ доштани қаду қомат аст.

“БЕЛЛИ ДАНС” МИСРИСТ, ҲИНДӢ Ё ТИБЕТӢ?

Таърихи пайдоиши рақси арабӣ ва ба кадом кишвар мансуб будани он солҳо боз мавриди баҳс қарор дорад. Муҳаққиқони мисрӣ мегӯянд, ки “белли данс” ҳанӯз аз айёми фиръавнҳо боқӣ мондааст. Аммо бархе муаррихон мутмаинанд, ки “зодгоҳ”-и ин рақс Ҳиндустон аст. Гурӯҳе тахмин мезананд, ки “белли данс» таърихи тулонитар дорад ва ҳамин гуна рақси маросимӣ 11 ҳазор сол пеш замони тамаддуни Хиттидҳо дар Тибет маъруф буд. Гуфта мешавад, ки тақрибан дар қарни панҷ “белли данс” аз як маросим ба ҳунар табдил ёфт ва онро барои дарёфти маблағ иҷро мекарданд. Аз қарни 7 ба ин сӯ “белли данс” унвони рақси арабиро гирифт ва бонувон аз гӯшаҳои гуногуни олам барои омӯхтани он ба кишварҳои арабӣ сафар мекарданд. Қарнҳои 9 ва 10 ин рақсро фақат занон иҷро мекарданд. Ва аммо шурӯъ аз охирҳои қарни 10 мардҳо низ зебоиву мавзунии рақсро дарк карда, на фақат ба иҷрои он, балки ба омӯзонидани он ҳам шурӯъ карданд. Мардҳо ба “белли данс” баъзе аз унсурҳои рақси чиноӣ ва тоиландиро изофа кардаанд. Шурӯъ аз қарни 12 рақси арабӣ дигар тағйир нахӯрдааст.

ОЁ РАҚС ДАР ИСЛОМ МАКРӮҲ АСТ?

Муҳаққиқони масоили мазҳабӣ манъи рақси арабӣ дар кишварҳои мусалмоннишинро ба он бастагӣ медиҳанд, ки ҳунарнамоии зан, ба вижа, зани нимаурён дар назди мардҳои бегона ва дар назди издиҳом хилофи шариат аст. Шояд ба ин хотир, ба гуфтаи Парвина, дар бархе кишварҳо ин рақсро бонувони ғайримусалмон иҷро мекунанд.

Аслан, ба гуфтаи пажуҳишгарон, миёни уламои ислом дар бораи рақс ақидаи воҳид мавҷуд нест – бархе онро хилофи шариат мехонанд, идае бар инанд, ки ба рақс иҷоза дода шудааст, ба шарте, ки дур аз ифрот бошад. Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, рӯҳонии шинохтаи тоҷик мегӯяд, ки дар бораи рақс, аниқтараш дар бораи рақс бо шамшер, фақат дар “Саҳеҳи Бухорӣ” ишора шудааст. “Паёмбарамон Ҳазрати Муҳаммад (с), вақте, ки ҳабашиҳо ба масҷиди набавӣ омаданд ва бо шамшеру найза рақсу бозӣ мекарданд, онро тамошо мекард ва модарамон – Ҳазрати Ойиша (р) ҳам хост, ки онро тамошо кунад. Паёмбар ҳамсарашро сари китф нишонд ва Ҳазрати Ойиша мегӯяд, ки рухсораи ман бо рухсораи Паёмбар наздик буд. Ҳазрати Ойиша мегӯяд, ки ман чанде тамошо кардам ва хаста шудам ва Паёмбар маро пойин кард ва гуфт, ки “рафта дам бигир!”. Ин собит мекунад, ки таронахониҳову рақсҳо бо шамшеру найза замони Ҳазрати Паёмбар вуҷуд доштааст”.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад меафзояд, ки воқеан дар мавриди рақс дар шариат назарҳо гуногунанд, аммо, аз нигоҳи ӯ, “фақат рақси якҷоя ва бағал ба бағали зану мард, ба вижа, зану марди бегона иҷоза нест. Вале агар мардон алоҳида ва занҳо алоҳида тарона хонанду рақс кунанд, ин ба шариати Ислом мухолифате надорад».

“САМОЪ”, “ЗИКР” ВА БЕХУДИҲО ДАР ...ҲИСОР

Аз нигоҳи муҳаққиқон, рақс, ва он ҳам рақси мардона, фақат миёни пайравони бархе аз равияҳои тасаввуф роиҷ асту халос. Умари Темур, ҳунарманди тоҷик, ки тасаввуф ва мусиқиро пажщҳиш кардааст, мегӯяд, аҳли тасаввуф рақси “самоъ” дорад - мусиқии сӯфиёна бо рақс ва бидуни овозхонӣ. Аммо “самоъ” фақат хоси ҷараёни Мавлавия аст, ки садсолаҳо боз ба як ниёиш ба Худованд табдил шудааст. Ба гуфтаи ӯ, шогирдон зимни имтиҳони сангине, ки ҳазору як рӯз идома мекард, дар баробари аз ёд кардани ғазалҳои сӯфиёнаву ғазалҳои Мавлавии Румӣ, санъати дар як ҷо чарх заданро низ меомӯхтанд. Онҳо муддатҳои тулонӣ гирди мехе чарх мезананд, ки миёни ду панҷаи пойи чапашон ҷойгир буд.

Саидаҳмади Қаландар

Саидаҳмади Қаландар, пажуҳишгари масоили мазҳабӣ, мегӯяд, ки рақси самоъ аз фарҳанги қадими гӯшанишинҳо ё ғорнишинҳо ва маҳфилҳои сӯфиҳое сарчашма мегирад, ки асрҳо пеш аз Мавлавӣ дар ҳамон минтақа мезистанд. “Самоъ дар шакли рақс на дар Эрон, на дар Осиёи Марказӣ, на дар Ҳинду Афғонистон, на дар манотиқи мусалмоннишини Чин вуҷуд надорад. Дар Осиёи Миёна – дар Бухоро ва Фарғона як шакли наво буд, ки “зикр” ном дошт. Дарвешҳо ба ҳам меомаданд, бо такя кардан ба асо сифатҳои Худоро номбар мекарданду “Ё Ҳу! Ё Ҳу!” мегуфтанд ва давр мезаданд”.

Мусоҳиби мо меафзояд, ки дар дигар ҷараёнҳо – Чиштия, Неъматуллоия истифодаи мусиқӣ бо овозхониву мадҳхонӣ ҷоиз аст ва ҳатто дар радиову телевизиони Афғонистону Покистон ин базмро, ки ширкаткунандагонаш ба ваҷд меоянд, мешунавонанду намоиш медиҳанд. Аммо дар ин равияҳои тасаввуф рақс роиҷ нест. Ӯ меафзояд, ки бояд ҳолати ваҷди аслиро аз ҳолати ваҷди тақаллубӣ ҷудо кард. Дар ҷараёни Ҷаҳрияи тасаввуф ҳам “зикр” мавҷуд аст, ки онро ҳам метавон рақси мазҳабӣ номид. Ҳангоми “зикр” баъзан ҳолатҳое рӯй медиҳад, ки нафаре сархуш ё мадҳуш шуда меафтад. Аммо дар “зикр”-ҳои Ҷаҳрия дар Осиёи Миёна имрӯз тақаллуб ва “артистизм” ҳам фаровон ба чашм мерасад. Зимнан, чанд навор аз ҳамин гуна “зикр”-ҳо дар дар ноҳияи Ҳисор ахиран дар шабакаи Ютуб ҳам пайдо шуданд:

Бархе аз муҳаққиқон мегӯянд, ки ин гуна “зикр”-ҳо аз намоише бештар нестанд ва ҳадафашон ҷалби пайравони бештар ба равияи Ҷаҳрия мебошад.

ЧАРО МАРДҲОИ БАДАХШӢ РӮЗИ МОТАМ МЕРАҚСАНД

Дар ҳамин ҳол дар Бадахшон рақси мазҳабие боқӣ мондааст, ки намунааш дар ягон кишвари олам нест. Нобовар Чиноров, ҳунарманди тоҷик, ки санъати бадахширо пажуҳиш мекунад, мегӯяд, ки ин рақс “самоъ” аст ва фақат рӯзи дафн иҷро мешавад. “Умуман рӯзи дафн дар манзили шахси фавтида таври маъмул мехонанду мерақсанд. Ин рақс “самоъ” аст ва дар он мардҳо мерақсанд ва вижагияш он аст, ки онҳо дастҳоро аз китф боло намебардоранд ва гоҳ-гоҳ қарс мезананд, яъне қарси “Вовайло!”. Ин рақси мотам ва рақси гусел кардани рӯҳ аст”.

Нобовар Чиноров ба рақси мазҳабӣ будани “самоъ” шубҳа дорад ва мегӯяд, ки он бештар рақси маросимист. Аммо пажӯҳишгарони масоили мазҳабӣ мегӯянд, ки ин рақс аз тасаввуф сарчашма мегирад. Дар Бадахшон рақсҳое чун рақси кабӯтар, рақс бо шамшер ва рақси пойамал низ боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи ҳунаршиносон, дар минтақа бештар аз 14 рақси мардона роиҷ аст, аммо фақат рақси самоъро метавон рақси мазҳабӣ ё маросимӣ номид.

“МАЗУРКА”-ВУ “ТАРАНТЕЛЛА” РАҚСҲОИ МАЗҲАБӢ БУДАНД?

Рақсҳои мазҳабӣ то ҳанӯз дар динҳои гуногун боқӣ мондаанд. Муҳаққиқон мутмаинанд, ки ҳама рақсҳо дар олам аз рақсҳои мазҳабӣ ибтидо мегиранд. Ғазаби Худои хашмгини ҳиндуҳо Шиворо фақат бо рақси зебо, бо ҳаракатҳои мавзуну имову ишора, ки саропо итоату илтиҷоянд, метавон аз байн бурд.

Яҳудиҳо тавассути рақс номи Иеговро месутуданд, шоҳ Довуд бо арфа дар даст рақс мекард.

Ҷопониҳо то ҳол рақсҳои мазҳабиеро ҳифз кардаанд, ки дар мавзеъҳои муқаддас ва шабҳои моҳтобӣ зери осмон иҷро мешаванд. Онҳо бо ин рақс аз гузаштаҳои худ ёд меоваранд.

Сокинони Полинезия ва ҷазираи Самоа дар рақсҳои мазҳабии худ либоси булаҷаб мепӯшанд ва ниқобҳои гуногун ба рӯй мекашанд. Онҳо мутмаинанд, ки бо тағйири пероҳан ба ҷодугарон табдил мешаванд ва тавони пирӯзӣ аз болои нерӯҳои бадиро пайдо мекунанд.

Дар ҷазираи Сейлон рӯҳониён ниқобҳои “шайтонӣ” ба рӯй мекашанд ва тавассути рақс ба беморон шифо мебахшанд. Дар Африқо, Осиёи шимолӣ ва дар Амрико ҳам бисёр қабилаҳо дар рақсҳои мазҳабӣ ниқобҳоро истифода мебаранд.

Дар Юнон қадим рақси мазҳабӣ як дуо, як муноҷот маҳсуб мешуд ва ҳар кас бояд онро медонисту иҷро мекард. Ягон маросими мазҳабӣ бидуни рақс намегузашт. Дар ҳар ҳаракат ва ҳар имову ишора як ҷаҳон маънӣ нуҳуфта буд ва ин рақсҳо ба пантомима (“рақсидани афсона”) табдил шуданд. Муаррихон мегӯянд, ки маҳз рақси мазҳабӣ ба таъсиси нахустин театр дар Юнони қадим ибтидо гузоштааст.

Бар пояи манобеи таърихӣ, замонҳои қадим рақс хоси мардҳо буд ва онҳо аз ҷанг ё шикор баргашта базмҳои осмонкаф ташкил мекарданд. Аввалин раққосаҳо бошанд, дар Байнулнаҳрайн (қаламрави имрӯзаи Сурия, Ироқ ва Туркия) пайдо шудаанд – онҳо бо ҳаракатҳои зебо дили мардҳои зӯргӯву мустабидро нарм мекарданд.

Дини масеҳӣ алайҳи рақсҳои мазҳабӣ қиём кард ва онро «даступойзании шаётин» номид. Аммо бо вуҷуди ин рақсҳои мазҳабӣ аз байн нарафтанд. Ба гуфтаи таърихшиносон, дар қарнҳои миёна булғорҳо дар маъбадҳо рақскунон ибодат мекарданд. Ҳоло ҳам дар шаҳри Севилеи Испания, қабл аз Иди Пок (Пасха), ҷавонон либоси миллӣ ба бар карда, ҳангоми ниёиш дар ибодатгоҳҳо рақс мекунанд. Рақсҳои миллӣ – мазуркаи лаҳистониҳо, валси олмониҳо, чардаши маҷориҳо, менуэти фаронсавиҳо, сарабандаи испаниҳо ва тарантеллаи итолиёвиҳо – боқимонда аз рақсҳои мазҳабиянд.