Биноҳои вайрон ва сокинони сарсон – Вазъ дар шаҳрҳои зери назорати Толибон. АКС
Сокинон мегӯянд, ин фурӯшгоҳҳо дар натиҷаи даргирии байни Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон зарар дидаанд. Шаҳри Кундуз, 8-уми августи соли 2021
Парчами Толибон дар майдони асосии Кундуз пас аз задухӯрд байни ҷангҷӯён ва нерӯҳои амниятии афғон гузошта шудааст. Нерӯҳои ҳукуматӣ дар Кундуз зоҳиран тавонистанд, танҳо фурудгоҳро таҳти назорат гиранд ва ҳамаи биноҳои муҳими ҳукуматӣ дар ин шаҳр ба дасти ҷангҷӯён гузаштаанд. Бино ба гузоришҳо, зиндони асосӣ дар Кундуз низ таҳти назорати Толибон аст.
Дуд аз болои дӯконҳои харобшуда дар Кундуз ба само мепечад. Вазорати мудофиаи Афғонистон суқути пурраи Кундузро рад карда, 8-уми август эълон кард, ки амалиёти поксозии шаҳр оғоз шудааст. Вазорати дифоъ афзуд, чорроҳаи асосии маркази шаҳр дубора дар дасти ҳукумат аст ва бинои телевизиони миллӣ аз ҷангҷӯён озод карда шуд.
Пас аз набардҳо, марказҳои тиҷоратӣ дар Кундуз дар ҳоли сӯхтан аст.
Биноҳои харобшуда дар Кундуз
Оилаҳое, ки бехонаву ҷо монданд, дар мактабе дар ноҳияи Ғозииобод (шимоли вилояти Кунар) ҷойгир шуданд. 7-уми августи соли 2021. Онҳо пас аз задухӯрд байни нерӯҳои амниятии Афғонистон ва Толибон аз манзилҳояшон фирор карданд. Зиёда аз нӯҳ ҳазор оила дар ин вилоят хонаҳои худро тарк карда, ҳоло ба хӯрок ва паноҳгоҳ ниёз доранд.
Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, як мактаб зарар дидааст. Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 8-уми август бо нашри баёнияе гуфт, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои Толибон сурат гирифт.
Боқимондаҳои китобхонаи мактаб дар Лашкаргоҳ
Шифохонаи вайроншуда дар Лашкаргоҳ. Мушовири шӯрои вилоятии Ҳилманд, Маҷид Охунд, рӯзи 8-уми август гуфт, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои ҳукуматӣ як шифохона ва як мактаби миёна осеб дидаанд.
Сокинон аз Ҳирот мераванд. Нерӯҳои амниятии Афғонистон пас аз даргириҳои шадид бо Толибон назорати як қисми шаҳрро дубора ба даст овардаанд.
Нерӯҳои амниятии Афғонистон пас аз даргирӣ бо ҷангҷӯён канори Ҳиротро посбонӣ мекунанд.