"Шогун-Баҳор"-и Далер Назаров дар Лужники

Далер Назаров ҳамроҳ бо Аброр Назаров

Ҷашнҳои наврӯзии имсолаи тоҷикон дар Русияро барномаи ҳунарии "Шогун-Баҳор"-и Далер Назаров ҳамроҳ бо Парвиз, Ситора ва Аброр Назаровҳо дар варзишгоҳи "Лужники" поён хоҳад бахшид.

Русия, ки баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон ба макони аслии кор ва зиндагии беш аз як миллион аҳолии кишвар табдил шудааст, инчунин, ҳар сол шоҳиди ҷашнҳои хуби наврӯзии тоҷикон мешавад. Имсол рӯзи 27 март дар варзишгоҳи бузурги "Лужники"-и Маскав барномаи консертии "Шогун-Баҳор" барпо мешавад. Барои нахустин бор дар чаҳорчӯби ин барнома овозхонҳои маъруф - Далер, Парвиз, Ситора ва Аброр Назаровҳо дар як саҳна ҷамъ омада, хотири тоҷикони Маскавро шод мекунанд.

Парвиз Назаров, овозхони маъруфи тоҷик, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад, гуфт, барои ӯ ин як рухдоди муҳими фарҳангӣ хоҳад буд: "Дар барнома сурудҳои беҳтарини Далер Назаров садо медиҳанд. Ӯ чанд таронаи нави худро муаррифӣ карда, баъзе сурудҳои кӯҳнаашро бо шеваи нав тақдим хоҳад кард."

Парвиз Назаров

​Парвиз мегӯяд, ки дар барномаи наврӯзии "Лужники" Ситора Назарова ҳам чанд таронаи навашро тақдим мекунад. "Ман низ чанд суруди шинохташудаамро иҷро мекунам. Чанд суруди дигарамро, ки ба забони русӣ иҷро шудаанд, тақдим менамоям. Чунки онҷо русҳои аз Тоҷикистон ё Қазоқистон рафта ҳам меоянд. Мо чанд таронаро дар дуэт бо Аброр ва ҳамчунин бо Ситора иҷро мекунем. Худи консерт бо таронаҳои албоми охирини "Макидома" ифтитоҳ мешавад."

Ба ғайр аз ҳунарнамоии хонаводаи Назаровҳо, дар ҷараёни барнома чанд намоишномае ҳам ба саҳна гузошта мешавад, ки аз ҷониби созмони фарҳангии "Нур" таҳия шудааст. Бино ба гуфтаи Правиз Назаров, Далер Назаров тахминан як соат, худи ӯ 40 дақиқа ва Ситора ҳудуди ним соат овозхонӣ хоҳанд кард. Пахши мустақими барномаи наврӯзии "Шогун-Баҳор" аз варзишгоҳ ё наврӯзгоҳи Лужники қарор аст аз ҷониби вебсайти созмони "Нур" шоми 27 март таъмин бишавад.

Дар консерти аввалаи наврӯзии варзишгоҳи "Лужники" соли гузашта ҳазорҳо нафар, аксарият шаҳрвандони тоҷики муқими Маскав иштирок карданд. Кор дар муҳоҷират дар кишвари бегона барои бисёри тоҷикон осон нест: дар баробари вуҷуди мушкилоти табиии мисли дарёфти кор, даромади беҳтар дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, масоили мисли таҳдиди гурӯҳҳои ҷиноӣ ба ғайрирусҳо, поймолшавии ҳуқуқи онҳо ҳамоно аз чолишҳои ҳамарӯзаи муҳоҷирон боқӣ мемонанд. Ҷашнҳои мисли Наврӯз, ки баҳонае барои сарҷамъ овардану дилхушӣ кард, ёдоварӣ аз ватану фарҳангу суннатҳои миллии худ аст, маъмулан аз ҷониби муҳоҷирон хеле хуш истиқбол мешавад.

АЗ МАСКАВ ТО БАРНАУЛ

Имомуддин Сатторов

Сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов мегӯяд, баргузории Наврӯз барои сарҷамъиву хушҳолии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия хеле муҳим аст. Ба иттилои сафири Тоҷикистон дар Маскав, қабл аз ҷашни "Шогун-Баҳор" дар Маскав ду иди калони дигари наврӯзӣ барпо шудааст. Барномаҳои наврӯзии тоҷикон рӯзи 24 март дар тарабхонаи Метрополи шаҳри Маскав бо ширкати Далер Назаров ва гурӯҳи "Авасто" ва аз ин пеш дар яке аз толорҳои ҷашнии ВДНХ ё Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ таҷлил шуд.

Иди Наврӯз дар нуқтаҳои дигари Русия ҳам бо ибтикори тоҷикону намояндагони кишварҳои дигари ҳавзаи Наврӯз таҷлил шуд. Гурӯҳе аз тоҷикони вилояти Волгоград дар сардиҳои Русия суманаки наврӯзӣ таҳия карданд. Дар шаҳри Барнаул муҳассилони донишгоҳи давлатии минтақаи Олтойи Русия рӯзҳои 18 ва 19 март Конгресси дуюми донишҷӯёни Осиёи Марказиро баргузор карданд, ки ба Наврӯз бахшида шуд.

СУФРАИ ТОҶИКОНА ДАР БИШКЕК

Ҷашни Наврӯз дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон ҳам хеле фаъолу бошукӯҳ барпо шуд. Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ дар майдони марказии Бишкек, бо оростани суфраи идона, расму русуми точиконро дар маърази намоиш қарор дод. Истодаой Турсунова, як фаъоли созмони тоҷикон, ки масъулияти оростани суфраи наврӯзӣ ва ҳам намоиши ҳунарҳои миллии тоҷикиро бар ӯҳда дошт, гуфт, “дар Қирғизистон беш аз 55 ҳазор форсизабон зиндагӣ мекунанд ва Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон бо чопи нашрияи “Паёми Ала-тоо” барои мусоидат дар дастгириву тақвияти фарҳанг ва забони тоҷикӣ нақши муҳим мебозад.

НАВРӮЗИ ТОҶИКОН ДАР ҲОЛЛАНД

Яке аз ҷашнҳои калони наврӯзӣ, қарор аст, рӯзи 10 апрел дар шаҳри Алмереи Ҳолланд баргузор шавад. Конуни фарҳангии “Рӯдакӣ”, як созмони ҷамъиятии тоҷикони Ҳолланд ва ҳам сафорати Тоҷикистон дар Белгияву Ҳолланд ташаббускори ин ҷашн буда, барои иштирок дар маъракаи шеъру оҳанги тоҷикӣ аз Тоҷикистон шоир Гулрухсори Сафӣ ва овозхон Давлатманд Холовро даъват мекунад.

Абдуғаффор Сафаров, ташаббускори ин маърака, дар як сӯҳбат аз шаҳри Роттердами Ҳолланд гуфт, ба ин ҷашн тоҷикон аз кишварҳои дигари Аврупо ва афғонҳову эрониҳои муқими Ҳолланд даъват шудаанд.