Дабири кулли СММ дар суҳбат бо Путин аз сулҳ гуфтааст

Антонио Гутерриш бо Владимир Путин

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар суҳбат бо президенти Русия Владимир Путин гуфтааст, ки ҳамлаи Маскав ба Украина хилофи оинномаи СММ ва қонунҳои байнулмилалист.

Антонио Гутерриш бори дигар ба ҳимояти Созмони Милал аз сулҳ таъкид кард.

Ӯ, ки барои ширкат дар нишасти BRICS ба шаҳри Қазон рафтааст, рӯзи 24-уми октябр бо Владимир Путин суҳбат дошт.

Сафари Гутерриш ба Русия дар рӯзҳое ҷараён гирифт, ки нерӯҳои ин кишвар ҳамлаҳоро ба зербиноҳои муҳими Украина идома медиҳанд.