Велосипедрони чех дар рӯзҳои сел ба Бадахшон расидааст

Дучархаи Петр Мазал

Велосипедрони чех Петр Мазал дуруст дар рӯзҳое ба Бадахшони Тоҷикистон расид, ки ин вилояти кӯҳистонӣ аз селу ярчҳои пурхисорот азоб мекашад.

Петр Мазал, як велосипедрони чех, ки сайёҳати ҷаҳониаш бо велосипедро як моҳ пеш аз лаби кӯли Байкали Русия шурӯъ карда буд, баъди як моҳи педалзанӣ дар Русияву Муғулистону Чин дар ин ҳафта ба Бадахшони Тоҷикистон расид ва дуруст дар рӯзҳое, ки селҳову ярчҳои харобиовар зиндагии бе он ҳам мушкили мардум дар ин вилояти кӯҳистониро мушкилтар кардааст.

Петр Мазал шоми 21 июл дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, дар ҳамагӣ 20-километрии шаҳри Хоруғ қарор дорад, вале селу ярч 2-3 километри шоҳроҳи Помирро зери лою санги зиёд кардааст ва “мардум ин қисмати роҳро парида-парида убур мекунанд. Вале як бачаи хуб дар ин ҷо ба кӯмаки ман расид ва велосипедамро гирифт ва танҳо борхалтаам дар пушти ман монд.”

Аммо Петр Мазал селҳои харобиоварро танҳо яке аз нуқтаҳои авҷи мушкилоти сайёҳаташ дар Бадахшони Тоҷикистон номида, навиштааст,

Петр Мазал

“ҳар рӯз вақте чашмонамро боз мекунам, мебинам, ки борон мерезад, роҳ ба таври даҳшатовар хароб аст ва болои ин – дар тани ман танҳо либоси тунуки велосипедронист. Ана “мукофоти амал”-и ман.”

Петр Мазал шоми 19 июл аз тариқи Мурғоб вориди Тоҷикистон шуд. Ӯ баробари вуруд бо ситоиш аз зебоии табиати инҷо наавишт: “Кӯҳҳо зебоянд, вале роҳ – хароб. Баландии 4 655 метр хеле тарсовар буд! Дар ҷое ки роҳ асфалт надорад, бо суръати 5 километр дар як соат пеш меравам. Ду дафъа аз биниам хун рафт. Роҳи Хоруғ баста аст ва шояд аз тариқи Вахон биравам...” Петр Мазал дар охирин посташ дар Фейсбук аз шоми 21 июл навишт, ду дафъа, аз ҷумла як бор дар пеши маъмурони гумруки Тоҷикистон ба тарафи росташ афтода ва ҳоло ба ин тараф ҳатто хобида наметавонад.

Болои ин, зоҳиран ба иллати баландии кӯҳ, шамол ва хастагӣ пойҳо ва сару рӯю чашмонаш ҳама варам кардаанд ва ӯ ҳоло базӯр чашмонашро мекушояд: “Ва ман хурсандам, ки зиндаам ҳанӯз. Ман бояд ягон ду рӯз истироҳат бигирам ва ҳам велосипедамро тармим бикунам ва ҳам худамро.” Ива Долескова, як аз дӯстони Петр Мазал рӯзи 21 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ин ҳама мушкилот, ӯву Мазал ҳатман ба Тоҷикистон боз сафарҳо хоҳанд кард:

“Мо дар соли 2011 аллакай дар Тоҷикистон будем ва дар дараи Вахон ба қуллаи Карл Маркс баромадем. Ин яке аз беҳтарин хотироти мо ҳам аз табиат ва ҳам аз мардуми тоҷик буд. Мо бо як ҷаҳон тааасурот аз онҷо баргашта будем.” Як моҳ пеш вақте Мазал тоза ба сайёҳати ҷаҳониаш оғоз кард, навишта буд, ки мехоҳад дар Бадахшони Тоҷикистон рондани велосипед дар баландкӯҳтарин роҳи дунёро таҷриба кунад: “Тасаввур мекунам, ки ман дар кӯҳҳои Помир чӣ кор хоҳам кард.” Аммо саёҳат ба Тоҷикистон ва кӯҳистони Помир танҳо як нуқта дар саёҳати ба маънои томаш ҷаҳонии Петр Мазал аст.

Ӯ рӯзи 21 июн аз фурудгоҳи “Рузини”-и Прага ба Байкал рафт ва аз онҷо ба ин “сайёҳати бузург” шурӯъ кард. Ин устоди мактаби миёнаи ҳунарӣ дар шаҳраки Поличка, воқеъ дар 180-километрии ҷанубушарқи Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, мехоҳад дар маҷмӯъ дар зарфи 300 рӯз 30 000 километр роҳро дар 4 қитъа – Аврупо, Осиё, Африқо ва Амрикои ҷанубӣ – тай кунад. Давраи якуми ин саёҳати бузург сафари қаламрави бузурги Русия то кӯли Байкал, Муғулистон, шимолу шарқи Чин ва Қирғизистону Тоҷикистонро дар бар мегирад. Аммо Мазал баъди тамошои Тоҷикистон ба далели мушкилоти визаи Узбакистону Туркманистон иҷборан ба Қирғизистон бармегардад, то аз онҷо ба Арманистон парвоз карда, сафараш бо велосипедро дар Қафқоз ва сипас дар Туркия идома диҳад.

Дар поёни моҳи сентябр ин ҷаҳонгарди чех мехоҳад дар қораи Африқо велосипедронӣ кунад. Давраи сеюм ва ниҳоии саёҳатӣ моҳи январи соли оянда шурӯъ мешавад ва саёҳати Амрикои ҷанубиро дар бар мегирад. Ин мавсимест, ки Аврупо ва Чехия ғарқи барф аст, вале дар Амрикои ҷанубӣ – беҳтарин мавсим барои рондани велосипед. Ин нахустин чунин саёҳати ин омӯзгори мактаб нест. Ду сол пеш Петр Мазал дар зарфи 3 ҳафта саросари қораи Аврупоро бо велосипедаш тай кард ва соли гузашта 3 моҳро пушти фармони велосипед сипарӣ кард.

Худи ӯ саёҳат бо велосипедро “ишқи зиндагӣ”-и худ меномад ва эътироф мекунад, ки “ман фақат велосипедро дӯст медорам. Касе агар дар воқеъ надонад, ки барои зиндагӣ чӣ лозим аст, ба хобу ба хӯрдану ба нӯшидан фикр мекунад.” Петр Мазал мегӯяд, барои ин саёҳати бузурги 30 000-километриаш, ки соле баъд дар Бразилия ва Венесуэла тақрибан 250 000 крони чехӣ, муодили чизе бештар аз 10 000 доллар сарф хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, бахши аъзами ин пул барои харидани чиптаи ҳавопаймоҳо ва хӯрду хӯрок сарф мешавад. “Харҷи аз ҳама камтарин аз велосипеди ман аст, ки бароям ҳам воситаи нақлиёт аст ва ҳам шабҳо – болишти зери сар. Ҳадди аксари харҷи велосипеди ман табдили камераву шинаҳояш аст ва ҳам шояд – табдили педалҳо.”