Исми кибер-спорт барои Тоҷикистону тоҷикистониҳо вожаи нав аст. Бо ин ки дар ин кишвар ҷавонон муддатҳо пеш бо ин навъи варзиши компютерӣ ошно шудаанд, барои нахустин бор аст, ки як сабқати ҷумҳуриявии беҳтаринҳо дар кибер-спорти Тоҷикистон баргузор шуд.
Рӯзи 15 декабр дар Душанбе бахши ниҳоии сабқати DOTA 2 ва FIFA 2017 гузашт.
Ҳаҷми умумии подоши бозии DOTA дар як бозии байналмилалие, ки соли 2017 дар Сиэтли ИМА баргузор шуд, аз марзи 24 миллион доллар убур кард ва барандаи ин бозӣ 10 миллион доллар ҷоиза гирифт.
Дар мусобиқаи варзиши маҷозӣ беш аз 600 нафар номнавис шуданд. Ташкилкунандаи маърака – корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷавонон” аст. Дар бозии хотимавӣ ду тими шаҳри Душанбе барои бурдани унвони беҳтарин бозигар ва ҷоми DOTA 2 - «Nakazat» ва «Keepers of Abbys» иштирок карданд.
Алишери 19-сола, раҳбари тими “Keepers of Abbys» дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт: «Мо худамон низ ба пирӯзии кам бовар доштем. Дар ду бахши аввал мағлуб шудем, баъд фикр кардем, ки бозӣ мусовӣ мешавад, вале дар ниҳоят бурдем. Албатта, мо хурсандем. Мукофоти аслӣ ин пирӯзии мо аст!»
Коршиносон, ки мусобиқаро назорат мекарданд, гуфтанд, ки воқеан ҳам натиҷаи бозӣ ғайричашмдошт ва то охирин лаҳза «Nakazat» аз пешгомҳои мусобиқа буд. Чун дар бозиҳои ғайрирасмие, ки се соли охир барпо мешуд, ҳамин тим барандаи ягона буд.
Дигар ғолиби ҷоми кибер-спорт дар бозии FIFA Беҳрӯзи 28-сола шуд. Ӯ собиқаи беш аз даҳсолаи бозиро дорад ва касе тааҷҷуб накард, ки пирӯзӣ насиби ӯ шуд. Беҳрӯз барандаи 1500 сомонӣ маблағ гардид.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Усмон Ахмедов, ташаббускори баргузории сабқат аз созмони “Маркази ҷавонон” гуфт, ки ҷалби насли ҷавон ба ин бозӣ метавонад барои рушди фикрронии мантиқӣ, илмҳои дақиқ, фикрронии стратегӣ ва ҳамкорӣ аз рӯи тактикаи дурустро омӯзиш диҳад. “Дар оянда бачаҳои тоҷик метавонанд дар озмунҳои байналмилалӣ ҳам иштирок кунанд”.
Дар миёни бозигарон инчунин духтарҳо ҳам буданд, ки аз назари заковат ва таваҷҷӯҳ ба бозиҳои рақамӣ аз писарҳо кам набуданд. Руқия яке аз онҳост. Руқия мегӯяд, бо ин ки се моҳ шуд пайваста бо DOTA бозӣ мекунад, барои тамошои кори донандагони касбии бозӣ омадааст ва мехоҳад тарзи стратегии бозиро аз онҳо омӯзад. “Умедворам, ки рӯзе бо ин бачаҳо ман ҳам рақобат карда метавонам”, гуфт ӯ.
DOTA 2 ва FIFA 2017 аз бозиҳои хеле маъруфи компютерӣ дар ҷаҳон аст. Ин бозиҳо ба гурӯҳи бозиҳои кибер-спорт дохил мешаванд ва дар марказҳои букмекерӣ аз рӯи ин бозиҳо шартбандӣ мекунанд. Ҳаҷми умумии подоши бозии DOTA дар як бозии байналмилалие, ки соли 2017 дар Сиэтли ИМА баргузор шуд, аз марзи 24 миллион доллар убур кард ва барандаи ин бозӣ 10 миллион доллар ҷоиза гирифт.
Баргузории нахустин рақобати компютерии ҷавонон дар ҳолест, ки мақомот дар Тоҷикистон ҳузури наврасон дар марказҳои компютерӣ ва интернетиро масдуд карда ҷавонони то 20-соларо аз ҳақи ҳузур дар ин муассисаҳо шомгоҳон ва шабҳо манъ карданд. Волидони чунин кӯдакон аз рӯи Қонуни масъулияти падару модар муҷозот мешаванд.