Барканории 36 корманди раёсати минтақавии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, дар наздикии марз бо Узбекистон, ҷанҷолбарангез шуд. Кормандони пешини Хадамоти гумрук иддао доранд, ки дар натиҷаи аттестатсия ё санҷиши, ба гуфтаи онҳо, ғайришаффоф "ноодилона аз кор ронда шудаанд". Мақомот мегӯянд, онҳо ба пурсишҳо ҷавоби пурра надоданд ва ба вазифаҳои худ муносиб набуданд.
Аттестатсия дар раёсатҳои Хадамоти гумруки Тоҷикистон баъд аз танқиди президент дар моҳи майи имсол оғоз шуд ва ҳанӯз идома дорад.
Чанде аз кормандони барканоршудаи раёсати минтақавии Хадамоти гумрук дар шаҳри Турсунзода барои барқарор шудан дар мансабҳои худ ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муроҷиат кардаанд. Дар додгоҳ тасдиқ карданд, ки аризаи даъвогарон дастрас шудааст, аммо аз ин бештар ҷузъиёт надоданд.
Парвина Раҳмонова, ки собиқаи ҳаштсолаи корӣ дар Хадамоти гумрукро дорад, аз он нафаронест, ки барои баргашт ба кори худ аз додгоҳ кумак хостааст. Рӯзи 17-уми октябр мурофиаи аввалини додгоҳӣ аз рӯи шикояти ӯ дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд. Ба ин мурофиа, ки ҷониби ҷавобгар Хадамоти гумрук аст, хабарнигоронро роҳ надоданд. Додрас Хуршед Исозода низ ҳозир нашуд дар бораи ин баҳс тафсилот диҳад.
Парвина Раҳмонова рӯзи 18-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндаи Хадамоти гумрук ҳангоми мурофиа шикояти ӯро беасос хонда, барои ин натиҷаи аттестатсияро ҳамчун далел пеш овардааст. Ин дар ҳолест, ки Раҳмонова иддао дорад, "аттестатсия тақаллубкорона ва ношаффоф натиҷагирӣ шудааст".
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чунин иддаоро як намояндаи комиссияи аттестатсионӣ, ки нахост номаш бурда шавад, рад намуд. Вай гуфт, дар комиссия аз чанд идора ҳузур доштанд ва "он одилона баргузор шуд".
Ин аттестатсия бо иштироки намояндагони ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи президент, Оҷонси мубориза бо фасод, Хадамоти гумрук ва Оҷонси хидмати давлатӣ сурат гирифтааст. Дар хулосаи комиссияи аттестатсионӣ, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ гардид, гуфта мешавад, аз 6 суоле, ки ба Парвина Раҳмонова дода шуд, ба 3-тои он нопурра ҷавоб дода, ба саволҳои дигар аслан посух надодааст.
Парвина Раҳмонова мегӯяд, ӯ ба саволҳо посухи пурра дод ва масъулони аттестатсия низ аз ҷавобҳояш изҳори қаноатмандӣ карда буданд. "Саволу ҷавоб рӯ ба рӯ сурат гирифт. Агар ман посух надода бошам, дар он ҷо дурбини назоратӣ гузошта буданд ва лаҳзаи санҷиш сабт шудааст. Як бор наворҳоро бубинанд. Ман аз додрас ҳам хостам, ки барои исботи посухҳои дурустам ва ношаффофии аттестатсия наворҳоро дар мурофиа намоиш диҳанд. Он вақт мефаҳмем, ки воқеият чист", -- гуфт ӯ.
Ҳамсӯҳбати мо афзуд, қаблан чанд дафъа аз аттестатсияи хадамот гузашта буд. Ӯ то замони барканорияш дар вазифаи нозири дидбонгоҳи гумрукии "Дӯстӣ" дар шаҳри Турсунзода, дар марзи Тоҷикистону Узбекистон, кор кардааст.
Муҳаммад Мирзоев, яке аз ҳамкорони Парвина Раҳмонова дар Хадамоти гумрук мегӯяд, ӯ низ аз хулосаи кори аттестатсия розӣ нест ва ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят кардааст. Мирзоев таъкид намуд, худ бовар дорад, ки ба пурсишҳо посухи дуруст додааст ва инро сабтҳои замони аттестатсия низ исбот мекунанд.
"Аризаи маро додгоҳ қабул кард. Як дафъа даъват карданд. Бубинем боз чӣ мешавад", -- афзуд ӯ.
Боймурод Файзуллоев, масъули дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, рӯзи 18-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ низ шунидааст, ки бо гузарондани аттестатсия дар Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 36 корманди ин раёсат аз корашон барканор шудаанд. "Инҳо даъво доранд, акнун ҳар кас ҳуқуқу ӯҳдадор аст, вайҳо ҳуқуқи худро доранд, аз нигоҳи худашон ҳамин хел ҳисоб кардаанд".
Ӯ дақиқ нагуфт, ки дар маҷмӯъ чӣ теъдоде аз кормандони хадамот дар натиҷаи аттестатсия аз кор ронда шудаанд.
Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, дар Раёсати минтақавии гумруки Турсунзода аз 134 корманде, ки ба аттестатсия фаро гирифта шудаанд, комиссияи аттестатсионӣ нисбат ба 9 нафар тавсия додааст, ки ба вазифаҳои пасттар гузаронида шаванд ва 36 тани дигар аз кор ронда шаванд.
Фармони барканории 36 корманди Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Турсунзода боис ба нигаронии бархеи онҳо шудааст. Дар як санади расмии комиссияи аттестатсионӣ далели барканории кормандон, номувофиқатии онҳо ба вазифаҳои ишғолкардаашон гуфта шудааст ва шарҳи бештар дода нашудааст.
Рӯзи 18-уми октябр Хадамоти гумрук ҳам дар ин бора шарҳи бештар надод. Ҳашт корманди барканоршудаи Раёсати хадамот дар Турсунзода бо ирсоли як муроҷиатнома ба дастгоҳи раиси ҷумҳур хостаанд, ки бо онҳо имкон дода шавад, то аз сари нав санҷиш супоранд ва исбот намоянд, ки ба мансабҳои ишғолнамудаашон мувофиқ мебошанд.
Нигаронии чанде аз кормандони барканоршудаи Хадамоти гумрук дар ҳолест, ки Хуршед Каримзода – раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар маҷлиси рӯзи 10-уми майи имсол барои камбудҳо зери танқиди шадид қарор гирифт. Яке аз пурсарусадотарин хабар аз ин маҷлис, таҳти истинтоқи шадид қарор гирифтани Шаҳбоз Раҷабзода, корманди Хадамоти гумрук аз сӯи президент буд. Дар пайи ин интиқод, Шаҳбоз Раҷабзода аз вазифаи раҳбари дидбонгоҳи гумрукии Душанбе барканор шуд.
Масъалаи шаффофияти баргузории аттестатсияҳо аз мавзуъҳоест, ки борҳо дар доираи коршиносон мавриди интиқод қарор гирифтааст, вале Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон пайваста ин гуна сару садоҳоро рад мекунад.