Машқҳои СПАД дар Қирғизистон бидуни низомиёни Арманистон барпо шуд

Чархболи низомии Русия Ми-8 дар машқҳои низомии нирӯҳои СПАД дар Қирғизистон. 11 октябри соли  2023 

Машқҳо 9 октябр шурӯъ шуданд

Техникаи ҳарбии Қирғизистон дар машқҳои низомии нирӯҳои СПАД дар Қирғизистон. 11 октябри соли  2023 

Машқҳо дар вилояти Иссиқкӯл то  13 октябр идома карданд
 

Низомии қирғизистонӣ бо қуттии муҳимоти низомӣ.

Вазорати дифои Қирғизистон гуфтааст, ҳадафи машқҳо "беҳтар кардани ҳамоҳангии миёни нирӯҳо" аст 

Нирӯҳои белорусӣ.

Дар машқҳо тахминан 1500 низомӣ аз Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Арманистон  аз ширкат даст кашид 
 

Низомиёни Русия аз силоҳи зиддимушакии ҳввои  «Игла» 9К38 истифода мекунанд.

Ереван борҳо СПАД-ро танқид кардааст. Арманистон аз беамалии  нирӯҳои СПАД дар низоъ бо Озарбойҷон нороҳат шудааст
 

Низомиёни тоҷик дар машқҳои СПАД. 

СПАД октябри соли 2002 таъсис шуд. Бар асоси оинномаи ин созмон, ҳуҷуми кишваре ба давлати узви СПАД ҳуҷум ба ҳама ҳисоб мешавад  
 

Тонкҳои низомиёни Қазоқистон. 
Сентябри соли 2022 Арманистон дар пасманзари муноқиша бо Озарбойҷон аз СПАД кӯмак хост. Раҳбарияти СПАД ҳайати омӯзиширо сафарбар кард. Ин ҳайат баъди қарори нафиристодани нирӯҳои сулҳхоҳи СПАД сафар карда буд 

Мардоне, ки нақши эътирозгаронро бозӣ мекунанд, муҳосира шудаанд. 
Эҳтимолан, бахше аз машқҳо ба пешгирӣ аз издиҳоми мардум ба ҳангоми беназмиҳо бахшида шуд  

Нирӯҳои русӣ бо  квадрокоптер 

Нирӯҳои белорусӣ 

Ҳафтаи ҷорӣ Қирғизистон мизбони машқҳои низомии нирӯҳои СПАД буд. Арманистон аз паймони ҳарбие ба раҳбарии Русия фосилагирӣ мекунад.