Парвандаи се ширкате, ки тоҷиконро ба Саудӣ мебурд. САДО

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи мақомоти се ширкате, ки ба интиқоли шаҳрвандони кишвар барои кор ба Арабистони Cаудӣ машғул буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Парванда зидди се ширкате, ки тоҷиконро ба Саудӣ мебурд

Ба гуфтаи масъулони Додситонии кулл, ин ширкатҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Арабистони Саудӣ интиқол дода, дар мавридҳое онҳоро ба корҳои маҷбурӣ ҷалб кардаанд. Аз дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати масъулини ширкатҳои "Ҷамол-2012", "Имкон-2015" ва "Абдулкарим" боз шуда, тафтишот идома дорад.

Масъалаи фиристодани занҳои ҷавони тоҷик барои кор ба Арабистони Саудӣ дар соли 2008, замони интиқоли нахустин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар пайдо шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ин ширкатҳо дар соли 2016 ва нимаи аввали соли ҷори ҳадди чандин тан, аз ҷумла ду занро ба Арабистони Саудӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар намуда, дар он ҷо дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони араб берун аз бандҳои дар шартнома дарҷгардида ба корҳои маҷбурӣ ҷалб карда, музди маошашонро пардохт накардаанд.

Манбаъ мегӯяд, "феълан парвандаи ҷиноятӣ барои хариду фурӯши одамон, бо мақсади сӯиистифодаи кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ аз ҷониби кормандони ширкатҳои «Ҷамол-2012», «Имкон-2015» ва «Абдулкарим» бо моддаи 130, қисми 2, бандҳои «г» ва «ё»-и Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад."

Додситонии кулл дар ҳоле аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати се ширкати ба кортаъминкунӣ хабар медиҳад, ки дар ду моҳи гузашта ҳадди аққал ду зани тоҷик дар бораи таҷрибаи талхи худ ба ҳангоми кор дар Арабистони Саудӣ, ба Радиои Озодӣ шикоят карданд.

Як зани тоҷик, ки чанд муддат дар Арабистони Саудӣ кор кардааст, зимни сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ.

Шикваи онҳо аз поймол шудани ҳуқуқ, соати тӯлонии кор ва ҳаққи ками заҳмат ва гоҳо латукӯбу хушунат диданашон буд. Ин занҳо қаблан гуфта буданд, ки шароити кории онҳо дар манзили шаҳрвандони Арабистон хеле вазнин буд.

Дар ҳоли ҳозир масъулини се ширкате, ки Додситони кулл нисбаташон парванда боз кардааст, барои мо дастрас нестанд. Аммо чанд ҳафта қабл як масъули ширкати “Абдулкарим” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ иддаоҳо дар бораи ба корҳои маҷбурӣ ҷалб кардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Саудиро рад карда буд.

Ин ҳамсӯҳбати мо, ки худро Лутфия Ҳоҷибибӣ муаррифӣ кард, гуфт, шавҳари ӯ ширкати “Абдулкарим”-ро таъсис дода, танҳо се моҳ фаъолият кард ва моҳи январи соли равон фаъолияти онҳо ва ду ширкати ба ин монанд, барҳам хӯрд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, шавҳараш устоди забони арабӣ буд ва ӯ пеш аз фиристондани занон ба Саудӣ, ба онҳо дарс медод, то дар ин кишвар чигуна рафтор кунанд.

“Дарс медоданд, ки арабҳо чӣ хел одам ҳастанд. Аввалин нафароне, ки роҳи муҳоҷират ба Арабистонро кушоданд, мо будем, рафтем, кор кардем ва ҳаҷ карда омадем. Мо ҳамагӣ 26 нафарро равон кардагӣ будем, 13 нафарашонро гардонда овардем. 13 нафараш ҳоло ҳам кор мекунанд, аз ҷумла хешу табори худамон. Ягон камбудӣ надоранд,”-афзуд ӯ.

Аммо хонум Лутфия тасдиқ мекунад, ки дар сӯҳбатҳояш пеш аз сафар ба занони тоҷик мегуфтанд, ки бе иҷозаи соҳибхонаи араб ҳаққи берун шудан аз хона ва рафтан ба макони дигарро надоранд. Ин ҳамсӯҳбати мо бадрашкии занони арабро мушкили аслӣ барои занони тоҷик унвон кард. Чун ба гуфтаи ӯ, занони араб аз ҳиссиёти рашк ба занони тоҷик дар манзилҳояшон рӯи хуш намедоданд.

Хонум Лутфия ҳамчунин гуфт, худи шаҳрвандон омада зора мекарданд, ки онҳоро барои кор фиристанд. Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, дар Арабистони Саудӣ ширкатҳои бузурге буданд, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар аз ҷумла Сингапуру Индонезияро барои кор ба Саудӣ меоварданд.

Анвар Бобоев.

Масъалаи фиристодани занҳои ҷавони тоҷик барои кор ба Арабистони Саудӣ дар соли 2008, замони интиқоли нахустин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар пайдо шуд. Он замон намояндагони рӯҳониёни расмӣ ва аҳзоби сиёсӣ фиристодани занҳо барои кор ба кишварҳои арабиро, ки бисёрзанӣ роиҷ аст, "як кори нанговар", хонда буданд.

Анвар Бобоев, як собиқадори масоили муҳоҷират, гуфт, дар соли 2008 Арабистони Саудӣ аз Вазорати меҳнати Тоҷикистон дархост карда буд, то ба он кишвар 300 ронанда ва 200 зани то 25-соларо барои анҷоми корҳои хона фиристад. Вай гуфт, "ин дархост Шукурҷон Зуҳуров, вазири онвақтаи меҳнатро ба хашм овард. Чаро онҳо духтарони ҷавонро даъват мекунанд? Магар барои анҷоми корҳои хона занҳои болотар аз синни 45–сола неву ҳатман бояд духтари то 25-сола даъват шаванд?", гуфта буд ӯ.

Он замон давлати Тоҷикистон барои бозгардондани занҳои тоҷик аз кишварҳои хориҷӣ комиссияи махсус таъсис карда ва тавассути ин комиссия 18 занро аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе оварда буд. Мақомот гуфтанд, ки бархе аз ин занҳо қурбони бозори фаҳшо шудаанд.