Додгоҳи вилояти Хатлон мурофиаи судии сокини ноҳияи Қубодиён Далер Ватановро бо иттиҳоми куштори шаҳрванди Русия Олга Ермакова оғоз кардааст.
Дафтари матбуоти додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 19-уми март бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи гузашта нахустин мурофиаи парвандаи ҷиноии Далер Ватанов оғоз шуд ва ӯ бо айбномае, ки бар асоси тафтишоти мақомот, ки дар нисбати вай аз тарафи додситонии вилоят пешниҳод шудааст, шинос шуд.
Далер Ватанов бо панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла «куштори барқасдона», «аз худ кардани моликият», «пинҳон доштани ҷиноят» ва бо амалҳои дигари ҷиноӣ, айбдор дониста мешавад.
Ба иттилои додгоҳи вилояти Хатлон, тафтиши амалҳои ҷиноии Далер Ватанов, ки дар Русия ба куштор даст задааст, дар авохири соли 2012 аз тарафи муфаттишони мақомоти интизомии Русия сурат гирифта, ба Тоҷикистон ирсол шудааст. Ва бар асоси он, мақомоти интизомии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2013 Далер Ватановро дар зодгоҳаш ноҳияи Қубодиён, ки пинҳон шудааст, боздошт карданд.
Далер Ватанов бо Олга Урмакова, сокини Санкт-Петербург тақрибан собиқаи сесолаи зиндагии заношаваҳрии шаҳрвандӣ доштаанд ва вақте, ки хонум Ермакова дар деҳаи Котовраси Саратов манзил мехарад, онҳо бо машварат ва савори ду мошин озими хонаи нав мешаванд. Тақрибан 15-уми августи соли соли 2012 вақте онҳо ба инҷо мерасанд, баъди се рӯз Олга нопадид мешавад ва Далер бо баҳонаи харид Даниел--писари Олгаро дар сари роҳ мунтазир гузошта, худ мошини ӯро, ки «ваколатнома» доштааст, дар ивази 150 ҳазор рубл фурӯхта ба Тоҷикистон фирор мекунад.
Вақте, ки муфаттишон аз Даниели 5-сола мепурсанд, ки падархондаш Далер ба чӣ гуфт, вай дар посух гуфтааст, ки «дар ҳамин сари роҳ мунтазири ман бош ва ба ҳеҷ куҷо нарав, ман ҳатман бармегардам.» Танҳо пас аз ошкор шудани ин воқеа, падари аслии Даниел Сергей Рудичев омада ӯро мебарад.
Пас аз ду моҳ муфаттишон ҷасади Олгаро дар назди манзилаш дар Котоврас аз чуқурии як метр пайдо карданд, ки тани ӯ бо гилемчаи резинӣ печонида шуда ва дар гарданаш ресмони капронӣ буд. Муфаттишони Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия пас аз ошкор шудани ин ҳодиса алайҳи Далер Ватанов, сокинони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон парванда боз кардаанд.
Додгоҳи вилояти Хатлон дар робита ба ин парванда мегӯяд, ки аъмоли Далер Ватанов дар доираи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.