Моҷарои Хованское. Сафорат барои ҳимоят аз муҳоҷирон адвокат гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои он муҳоҷирони тоҷик, ки дар робита ба қазияи низоъ дар гӯристони Хованское боздошт шудаанд, адвокат гирифтааст.

Рӯзи 30-юми май додгоҳе дар шаҳри Маскав алайҳи панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба қазияи низоъ дар гӯристони Хованскоеи шаҳри Маскав, парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Додгоҳи ноҳияи Тверскоеи шаҳри Маскав панҷ шаҳрванди Тоҷикистон -- Ҳоҷиқурбон Бӯриев, Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Шоймардон Аҳмадов ва Раҳмиддин Садриддиновро тибқи моддаи 213, қисми 2-и Кодексияи ҷиноятии Русия, яъне "авбошӣ", гунаҳкор медонад.​ Барои таҳқиқи бештар, додгоҳ мӯҳлати нигаҳдории ин афродро 2 моҳ тамдид кардааст.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ин шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 30-уми май оғоз гардидааст ва кормандони сафорат ва намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия худи ҳамон рӯз бо роҳбари гурӯҳи тафтишотии Сарраёсати тафтишоти Вазорати умури дохилии Русия дар шаҳри Маскав А.Н. Веретенников ва кормандони дигари ин ниҳод, вохӯрӣ анҷом додаанд.

Сафорати Тоҷикистон ба нақл аз мақомоти тафтишотӣ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир 14 нафар айбдоршавандаи гурӯҳҳои ҷинояткор таҳти тафтишот қарор доранд. Ба гуфтаи Сарвар Бахтӣ, аз 22 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба иттиҳоми қонунвайронкунии маъмурӣ боздошт шуда буданд, 17 нафари онҳо баъд аз анҷоми мӯҳлати ҷазо, раҳо шудаанд. Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, ки барои ҳимояти ҳуқуқҳои шаҳрвандони боздоштшудаи кишвар, вакили дифоъ гирифтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти 5 тоҷики муттаҳам дар занозании Хованское тамдид шуд

Рӯзи 14 май як гурӯҳи ҷиноӣ бо талаби ҷудо кардани “ҳаққ” ба коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киев, дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Намояндагони гурӯҳи ҷиноии иборат аз зодагони Қафқоз ва русҳо аз мардикорон талаб кардаанд, ки нисфи даромади худро ба онҳо бидиҳанд. Баҳси ду тараф ба занозанӣ ва тирпарронӣ печид, ки дар натиҷа се зодаи шаҳри Роғуни Тоҷикистон кушта шуда ва тақрибан 30 тани дигар захм бардоштанд.