Нерӯҳои Русиягаро ба ду пойгоҳи ҳавоии Украина дар Қрим ҳамла бурданд,
сарбозони украинӣ бо қироати суруди миллӣ онҳоро холӣ карданд.
Нерӯҳои Русиягаро ду пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии Украинаро дар Қрим ишғол кардаанд. Як мошини зиреҳпӯш аввал дари пойгоҳи Белбек, дар наздикии шаҳри Севастополро шикаста ва аз паси он мошини ёрии таъҷилӣ босуръат вориди пойгоҳ шудааст. Камераи назоратӣ дар назди дарвоза нишон медод, ки чӣ гуна афроде бо либоси ғайринизомӣ вориди пойгоҳ шуданд, вале баъди чанде пеши камера торик шуд.
Бино ба гузоришҳо, дар маҳалли ҳодиса садои таркишу тирандозӣ шунида шудааст. Юлий Мамчур, фармондеҳи пойгоҳи Белбек гуфт, дар ин ҳодиса дасти кам як нафар маҷрӯҳ шудааст. Ӯ афзуд, ки сарбозонро дар наздаш ҷамъ карда ва оромона суруди миллии Украинаро сурудаанд. Ӯ афзуд, қасд доранд, силоҳҳояшонро таслим кунанд.Аз ин пеш нерӯҳои Русия аз сарбозони пойгоҳи ҳавоии Белбек хостанд, ки пойгоҳро таслим кунанд
Дар ғарби Қрим ҳудуди 200 афроди ғайримусаллаҳ ба пойгоҳи ҳавоии шаҳри Новофёдоровка ҳамла карданд. Сарбозони украинӣ дар қароргоҳҳояшон камин гирифта ва алайҳи онҳо аз бомбҳои дудӣ истифода бурданд. Владислав Селезнёв сухангӯи вазорати дифоъи Украина гуфтааст, ки сарбозони кишвараш баъд аз ин бо қироати суруди миллӣ пойгоҳро тарк кардаанд.
Вазорати дифоъи Русия рӯзи 21-уми март гуфт, ки парчамҳои Русияро дар 147 пойгоҳу қароргоҳҳои артиши Украина дар Қрим барафрохтаанд. Аз ҷумла дар 54 киштии ҷангии Украина ва ҳам ягона киштии зериобии он кишвар, ки “Запорожйе” ном дорад.
Дар шарқи Украина дар шаҳри Донетск, ҳудуди 5 ҳазор нафар бо тарафдорӣ аз Русия раҳпаймоӣ карда ва шиор медоданд, ки дар онҷо ҳам барои пайвастан ба Русия раъйпурсӣ баргузор шавад. Раҳпаймоӣ дар Донетск як ҳафта баъд аз он сурат мегирад, ки Қрим бо баргузории як раъйпурсии ғайриқонунӣ ин нимҷазираи Украинаро ба қаламрави Русия ҳамроҳ кард.