Говҳои Тоҷикистон бо нутфаи "элита" бордор мешаванд. ВИДЕО

Убайдулло Сатторов, сокини деҳаи Алмосии Ҳисор, даҳ сол боз ба парвариши чорво машғул аст. Зиндагиро аз ҳамин ҳисоб пеш мебарад ва деҳаҳои гирду атрофро бо шир ва маҳсулоти дигари ширӣ таъмин мекунад. Ӯ ба фарқ аз ҳамсояҳояш, ки дар шароити хона гов парвариш мекунанд, даромади бештар дорад. Чун аллакай говҳои маҳаллиро бо роҳи бордоркунии сунъӣ ба говҳои хушзоти Русияву Эрон иваз кардааст. Аз говҳои зотӣ ин сокини Ҳисор ҳам аз тариқи бордоркунии сунъӣ насл мегирад ва ҳам бо шеваи табиӣ.

Фарқи говҳои русӣ ва исроилӣ ва маҳаллӣ

Бар асоси омори расмии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2017 дар саросари кишвар ҳудуди 300 нуқтаи бордоркунии сунъии чорво, аз ҷумла говҳо ташкил шудааст.

Сатторов рӯзи 1-уми феврал гуфт, барои хушзот ва бордоркунии модаговҳояш аз буққаҳои хушзоти “элита” истифода мекунад. Говҳои зотии навъи “миёнсиёҳ”-и русӣ ки ӯ парвариш мекунад, ба фарқ аз говҳои маҳаллӣ, ки солҳои ахир қади кӯтоҳ ва вазни кам доранд, дар як марҳила, аз зоиш то зоиши дигар то 6 ҳазор литр шир медиҳанд ва вазнашон ҳам зиёд аст. Ҳар як гов дар шабонарӯз то 30 литр шир медиҳад. Говҳоро хонаводаи Убайдулло Саттооров саҳар, нисфирӯз ва бегоҳ медӯшанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бордоркунии говҳо дар Тоҷикистон бо нутфаҳои "элита"

Ӯ дар бораи бордокунии говҳо гуфт, “агар барои фоида бигӯем, бордоркунии сунъии говҳо дар ҳақиқат хуб аст. Чунки ба ҷои даҳ гови маҳаллӣ, парвариши панҷ гови зоти Эрону Исроил ва ё Олмон муносибтар аст. Чунки гӯсолаи дусолаи зоти маҳаллӣ ба гӯсолаи як солаи зоти олмонӣ ё эронӣ баробар аст, ки аз ҷиҳати шир ё гӯшт ҳам сермаҳсул буда, даромади бештар медиҳад”.

"Марҳилаи баъди бордоркунӣ ҳам муҳим аст"

Убайдулло Сатторов

Убайдулло Сатторов мегӯяд, говҳое, ки ба таври сунъӣ бордор кардаанд, асосан говҳои ширдеҳ ҳастанд. Нутфаи гове, ки барои гӯшт парвариш мешавад, дигар аст.

Ин сокини Ҳисор дар ҳоле аз таҷрибаи парвариши чорво ва шеваи бордоркунии сунъӣ ҳарф мезанад, ки хоҷагиҳои чорвопарварӣ низ бо ин роҳ насли зотии говҳоро ҳифз мекунанд ва солҳои ахир аз ин усул ба таври густарда истифода мекунанд.

Умедҷон Ҳотамов, сарбойтори хоҷагии чорвопарварии “Умед” дар ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 1-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба таври маснӯӣ бордор кардани чорво шароити хуби беҳдоштро талаб мекунад. Ӯ гуфт, бо онки сокинон алакай ин таҷрибаро анҷом додаанд, ин кор нозукиҳое дорад, ки бояд риоя шавад. Аз ҷумла, ғайр аз доштани асбоби тиббӣ, инчунин, донистани марҳилаҳои баъд аз бордоркунӣ ҳам муҳим аст. Ба гуфтаи ӯ, насл гирифтан аз чорво, аз ҷумла гов ҳам мисли як инсон аст. Ин навъи чорво дар як сол чанд дафъа аз ташхиси тиббӣ мегузарад, то бехатарии маҳсулотро кафолат диҳад.

Умедҷон Ҳотамов

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, говҳое, ки аз ин роҳ насл ба дунё меоранд, дар як марҳила ҳар яке аз 5 то 7 ҳазор литр шир медиҳад. Гӯсолаҳояш дар 18-моҳагӣ бо вазни 350-400 кило бордор шуда, насл меорад. “Нутфаҳоро дар зарфҳои махсуси “Азотдор” аз хориҷ ба хусус аз Русияву Олмон ба кишвар ворид мекунанд. Нутфаро бо риояи ҳамагуна талаботи беҳдоштӣ, тавассути асбоби махсус вориди раҳми модагов мекунем. Албатта, роҳҳои бордоркунӣ бо се навъ сурат мегирад”.

Чорводорон мегӯянд, говҳои зоти маҳаллӣ дар як шабонарӯз то 8 литр шир медиҳанд ва як гӯсолаи навзод то 20 кило вазн дорад. Модаговҳое, ки бо роҳи бордоркунии сунъӣ насл медиҳанд, се баробар бештар шир доранд ва вазни гӯсолаҳо низ ду баробар бештар аз насли маҳаллӣ аст.

Аммо нархи нутфаи гови зотӣ барои бордокунии сунъӣ арзон нест. Барои мисол, донаи нутфаҳои хориҷӣ аз 10 то 50 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Аммо чорводорон бовар доранд, ин харҷ ба осонӣ ҷуброн мешавад, зеро қимати як ғуноҷини 18-моҳаи зоти маҳаллӣ дар бозорҳо 2-3 ҳазор сомонӣ аст, дар ҳоле ки қимати ғуноҷини гови зотӣ аз 10 то 15 ҳазор сомонист.

Бар асоси омори расмии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2017 дар саросари кишвар ҳудуди 300 нуқтаи бордоркунии сунъии чорво, аз ҷумла говҳо ташкил шудааст. Дар як соли гузашта аз роҳи бордоркунии сунъӣ беш аз 25 ҳазор гӯсолаи хушзот гирифта шудааст.

Мақомот мегӯянд, агар истифодаи ин усул саросарӣ шавад, кишвар метавонад мушкили аслӣ, камбуди гӯшт ва маҳсулоти гӯштиро аз байн бибарад. Ҳоло гаронтарин маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон гӯшт аст, ки як килои он ба 4-5 долар мерасад. Ҳисоби миёнаи маош дар Тоҷикистон каме беш аз 100 доллар аст.

Тоҷикистон дар бахши таъмини сокинон бо шири табиӣ худкифо аст. Аммо аз давлатҳои хориҷ маҳсулоти ширие ба мисли равғани зард, шири хушки кӯдакон, қаймоқ ва маҳсулоти дигарро ворид мекунад. Бар асоси омори расмӣ дар як соли гузашта ба Тоҷикистон аз Русия, Қазоқистон, Ҳиндустон ва Туркия ба андозаи 60 миллион доллар гӯшт ва маҳсулоти гӯштиву ширӣ ворид шудааст.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Тоҷикистон давлати мусалмонишин аст ва ҳар навоварӣ ба монанди бордоркунии сунъӣ ҳатто бордоркунии сунъии ҳайвонотро ба осонӣ қабул намекунанд. Ва онро ба масоили мазҳабӣ пайванд медиҳанд. Аммо Ҷамолиддин Хомӯшӣ, корманди бахши фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон, гуфт, аз нигоҳи Ислом бордоркунии сунъии ҳайвонҳо ҳеч иллат надорад. Ӯ гуфт, «нигарониҳо нисбат ба бордоркунии сунъии инсон рабт мегирад.»