Ба Ҳасан Шокирзода, рӯзноманигори собиқи ҳафтаномаи "Тоҷикистон", ки аз сӯи идораи "Обу корези Душанбе" ба додгоҳ кашида шудааст, пардохти товон дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад. Раҳбари ин ниҳодро сарлавҳаи матлаби журналист - "Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?" - ба хашм овард ва ӯ аз болои муаллиф Ҳасан Шокирзода ба додгоҳи Фирдавсии пойтахт шикоят бурд. Корхона далелҳои дар мақоларо носаҳеҳ номид ва аз рӯзноманигор талаб кардааст, ки 30 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардохт кунад.
Аммо Ҳасан Шокирозода матлаби худро "як памфлет" меномад, ки ба гуфтаи ӯ бар асоси далелҳои мушкили дастрасӣ ба об дар сохтмонҳои бисёрошёна дар ҳудуди Душанбе иншо шудааст. "Маталбе, ки навиштам умуман ҳеч калимаҳои таҳқиромез надошт. Ҳуқуқшиноси ин корхона гуфт, ки калимаи "хар", ки дар сарлаҳва истифода шудааст, ба масъулин сахт расидааст. Аммо дар аризаи даъвогии корхонаи мазкур омадааст, ки гӯё мо бидуни факту далел шаъну шарафи "Обу корези Душанбе"-ро паст намудаем," -- гуфт Ҳасан Шокирзода.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба қавли журналист, мақола дар асоси шикояти сокинон ва бо супориши ҳафтаномаи "Тоҷикистон" дар мавриди камбуди об дар биноҳои баландошёна таҳия шудааст. Дар он камбуди об дар чаҳор маҳаллаи Душанбе - “Якум Советский”, маҳаллаи Сирк, Яккачинор ва “Дустӣ” - тасвир ёфтааст. "Ҳатто вақти пурсиш муайян кардем, як пиразани руси бесаробон ва бемор ҳангоми обкашӣ аз ошёнаи поёни манзилаш афтида дасти худро шикастаст," -- афзуд Шокирзода.
Мусоҳиби мо мегӯяд, ӯ матлаби худро рӯзи 18 декабри соли 2014 нашр карда буд ва он камбуди дастрасии сокинони баландошёнаҳоро ба оби ошомиданӣ дар фасли зимистон тасвир мекард. Аммо, ба гуфтаи ӯ, идораи “Обу корези Душанбе” танҳо бо гузашти 8 моҳ ва баъд аз ислоҳи камбуд аз пайи даъвои додгоҳӣ шудааст.
Саидмурод Қаландаров, раҳбари департаменти таъминоти об дар шаҳри Душанбе, рӯзи 27 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои рӯзноманигорро рад кард ва гуфт, сокинони манотиқе, ки дар мақола зикр ёфтаанд, ҳеч вақт мушкили беобӣ надоштаанд. "Он кӯчаҳое, ки дар мақола оварда шудаанд, дар вақти нашри мақола ва то имрӯз сад фоиз бо оби ошомиданӣ таъмин буданд ва ҳастанд. Рӯзноманигор пеш аз он ки ҳудуд ё минтақаеро номбар мекунад, бояд дақиқ омӯзад, ки сабаби дар як ҳуҷраи алоҳида набаромадани об дар чист. Шояд онҳо барои манфиати хусусии худ ин корро кардаанд," -- гуфт ҷаноби Қаландаров.
Ҳамзамон ин мақомдори масъули таъмини об иқрор мекунад, ки дар баъзе аз маҳаллаҳои пойтахт об аз рӯи реҷа тақсим мешавад. Зеро мувофиқи нақша ба ҳар як шаҳрванд дар як шабонарӯз 350 литр об пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ об аз меъёр зиёд истифода мешавад ва пур кардани обанборро номумкин мекунад. Дар натиҷа коргоҳ маҷбур аст, ки интиқоли обро аз рӯи реҷа ба роҳ монад.
Баҳси камбуди об дар пойтахти Тоҷикистон ва норозигии шаҳрвандон солҳо боз идома дорад, вале ин баҳсҳо то ҳол ба додгоҳ нарасида буданд. Як нигоҳ ба сомонаи хизматрасониҳои коммуналии шаҳрдорӣ кофӣ аст, то дарк кунед, ки шаҳрвандон аз фаъолияти ин хадамот розӣ нестанд.
Рафоат Урунова, сокини маҳаллаи Зарафшон, дар 6 соли охир ёд надорад, ки кай дар фасли тобистон рӯзона дар манзилаш бемушкил аз об истифода кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола дар вақти тобистон об танҳо соати 12-и шаб ба манзили онҳо дода мешавад, ҳарчанд онҳо маблағи истифодаи обро ба пуррагӣ пардохт мекунанд.
"Бовар кунед, дигар намедонем ба куҷо додамонро расонем, то ин ки мушкили мо ҳал шавад. Рӯзона маъмулан аз ҳамсояҳое, ки дар ошёнаҳои поён зиндагӣ мекунанд, об мекашем, гоҳҳо ҳатто шарм ҳам мекунем. Ҳар бор аз ошёнаи якум ба 4-ум об овардан осон нест. Шабона вақте об медиҳанд, кӯшиш мекунем, тамоми зарфҳо ва ҳаммомро аз об пур кунем. Аммо боз ҳам дар ин гармӣ ва бо кӯдакон беобӣ мушкил аст. Аз шикоят кардан дигар хаста шудем рости гап," -- мегӯяд Рафоат Урунова.
Аммо масъулони идораи "Обу корези Душанбе" дар посух ба чунин шикоятҳои сокинон мегӯянд, ки тибқи тартиби истифодаи оби нушокӣ миёни хизматрасонии байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда сарҳад вуҷуд дорад. Онҳо мегӯянд, ки масъулияташон танҳо расонидани об то лӯлаи назди бинои истиқоматӣ аст. Мушкили паст будани фишори об, ки маъмулан ба корношоямии қубури хонаҳо бастагӣ дорад, ба онҳо марбут нест.
Яке аз масъалҳои ба додгоҳ рафтани баҳси рӯзноманигори тоҷик Ҳасан Шокирзода ва роҳбарияти "Обу корези Душанбе" низ ҳамин сарҳади миёни истифодабарандагон ва обтаъминкунандагон будааст. Ҳоло ин қазия дар истеҳсолоти судӣ қарор дорад ва додгоҳи Фирдавсӣ мегӯяд, ин баҳсро додрас Бахтиёр Абдураҳмонов мавриди омӯзиш қарор додааст ва дар назар аст дар ҳафтаи оянда мурофиаи додгоҳӣ шурӯъ шавад.
Сӯҳроб Пӯлодов, ҳуқуқшиноси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки дар додгоҳ аз Ҳасан Шокирзода ҳимоят мекунад, мегӯяд, ки рӯзноманигор корхонаро интиқод кардааст, на шахси воқеиро ва ҷуброни маънавӣ низ ба шахс рабт мегирад, на ба идора.
Ҳасан Шокирозода ҳам умедвор аст, ки дар мурофиаи судӣ дурустии далелҳои мақоларо исбот мекунад. Аммо дар чандин баҳси додгоҳие, ки хабарнигорони тоҷик бо мақомот ва ё идораҳои давлатӣ доштанд, кам иттифоқ афтодааст, ки хабарнигор пирӯз шуда бошад.