Сокини ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод"-и ноҳияи Вахш Қодирҷон Сайшарифов, мулаққаб ба “Абдуқодир” ва “Мусъаб”, аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои ҳамкорӣ бо “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва “Ҳизби исломии Афғонистон”, барои чаҳор сол равонаи зиндон шудааст.
Як манбаъ аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 2 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳ дар нисбати Қодирҷон Сайшарифов дар авоили моҳи июн содир шуд, вале ҷузъиёти ин хабар баъди як моҳ расонаӣ мешавад. Додгоҳ мегӯяд, Сайшарифов барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои тундрави “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва “Ҳизби исломии Афғонистон” ва қасди ширкат намудан дар амалиётҳои зидди сарбозони амрикоӣ мустақар дар Афғонистон, тибқи моддаи 187-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон (ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷиноӣ), ба чор соли зиндони низомаш сангин, маҳкум карда шудааст.
Ба иттилои додгоҳи Исмоили Сомонӣ, Қодирҷон Сайшарифов дар моҳи декабри соли 2008 бо ҳамроҳии Айниддин ном шахси ба тафтишот номаълум, бо мақсади гирифтани таълимоти низомиву ҷиҳодӣ, аз шаҳри Карочӣ дар вилояти Синди Покистон ба минтақаи Акура Хатаки шаҳри Пешовар дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ рафта ва дар он ҷо дар манзили шаҳрванди дигари Тоҷикистон Қиёмиддин Ҳабибов ҷойгир мешаванд.
Ба гуфтаи манбаъ, онҳо муддати як ҳафтаи будубошашон дар хонаи ин шаҳрванди Тоҷикистон, наворҳои ҷиҳодии ҷангҳои размандагони «Шабакаи Ҳаққонӣ» ва «Ҳизби Исломии Афғонистон» бар зидди низомиёни амрикоиро тамошо карда ва сипас ба таълимгоҳҳои низомии "Шабакаи Ҳаққонӣ" ва Ҳизби исломии Афғонистон дар минтақаҳои кӯҳистонии атрофи Пешовар, фиристода мешаванд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ки ин афрод аз «Зобулӣ» ном шаҳрванди Покистон, ки шахсияташ номаълум мебошад, муддати 20 рӯз дар пойгоҳи низомии «Шабакаи Ҳаққонӣ» таълимоти низомӣ гирифта, тарзи истифодабарии тапончаи тамғаи «ПМ» ва автомати «Калашников»-ро аз худ намудаанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ки Қодирҷон ҳангоми пурсиш ба гуноҳи худ иқрор шуда ва гуфтааст, ки аз нофаҳмӣ ба ин роҳ рафтааст. Вай гуфтааст, ки дар айёми хурдсолиаш бо шурӯи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба аҳли хонавода ба Афғонистон паноҳ бурда соли 1997 бо имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ба ноҳияи Вахш баргаштааст.
Вай пас аз хатми мактаби рақами 33-и ноҳияи Вахш дар моҳи январи соли 2007 бо мақсади омӯхтани маълумоти динӣ ба Эрон меравад ва дар мадрасаи «Наҷафобод» дохил шуда пас аз 8 моҳи таҳсил ҳамроҳи ҳамсабақҳояш аз вилояти Балуҷистони Покистон, ба он кишвар меравад.
Сипас аз онҷо ба шаҳри бандарии Карочӣ дар вилояти Синд раҳсипор шуда ва дар мадрасаи “Ҷомеъаи Банурия” шомил шуда ва бо шаҳрвандони Тоҷикистон Шамсиддин Одинаев мулаққаб ба “Мавлавӣ Талабшо” ва Қиёмиддин Ҳабибов бо тахаллуси «Устод Қиём» ошноӣ пайдо намуда, ба воситаи онҳо ба "Шабакаи Ҳаққонӣ роҳ меёбад.
Қодирҷон Саидшарифов пас аз дастури ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди бозгардонии толибилмони мадрасаҳои хориҷӣ, дар соли 2009 ба Тоҷикистон бармегардад ва дар соли 2010 ба Русия ба муҳоҷирати корӣ меравад. Дар таърихи 14 -уми марти соли 2015 бинобар дар қайд набуданаш аз сӯи мақомоти Русия боздошт ва ба Тоҷикистон баргардонида мешавад.
"Шабакаи Ҳаққонӣ" ва Ҳизби исломии Афғонистон бо раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун созмонҳои террористӣ шинохта шудаанд. "Шабакаи Ҳаққонӣ" ки шохае аз Толибони афғон аст ва раҳбарии онро Ҷалолиддин Ҳаққонӣ -- аз раҳбарони пешини муҷоҳиддин зидди шӯравӣ ва вазири сарҳадот ва қабоил дар ҳукумати сарнагуншудаи Толибон ба дӯш дорад, дар вилоятҳои ҳаммарз бо Покистон мустақар буда ва хунинтарин ҳамлаҳоро алайҳи нерӯҳои афғон ва хориҷӣ дар чанд соли ахир анҷом додааст. Мақомоти Кобул "Шабакаи Ҳаққонӣ"-ро ба ҳамкорӣ бо Созмони истихбороти аскарии Покистон (ISI) муттаҳам мекунанд, ки қасди барҳам задани субот дар Афғонистонро дорад.