Додгоҳи Восеъ ба "Тоҷиксодиротбонк" се рӯз мӯҳлат додааст, ки 6 ҳазор доллари сокини ин ноҳия Хуршед Маҳмадиевро баргардонад ва дар ғайри он алайҳи ин бонк чораҳои дигарро рӯи даст хоҳанд гирифт.
Ин сокини ноҳияи Восеъ моҳи июн алайҳи ин бонк барои бозпас гирифтани 6 ҳазор доллари худ, ба додгоҳ шикоят бурд. Додгоҳ рӯзи панҷшанбеи 14-уми июн дар мурофиаи худ қарор қабул кард, ки бонк дар мӯҳлати се рӯз бояд пули ин муштариро пардохт кунад ва дар ғайри он, аз чораҳои дигар кор гирифта мешавад.
Ёраҳмад Чиллаев, аз додгоҳи ноҳияи Восеъ рӯзи 15-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дирӯз қарори додгоҳро барои барқарор кардани маблағи Маҳмадиев ирсол карданд ва се рӯз муҳлат доданд, ки бояд пули муштарӣ ба пуррагӣ пардохт шавад. Ҷаноби Чиллаев афзуд, ки дар сурати иҷро нашудани амри додгоҳ, онҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба кулли суратҳисоби бонкро банданд. Ӯ мегӯяд, ки дар сурати баста шудани суратҳисоб, бонк дигар ҳуқуқ надорад маблағ ворид кунад.
"Додгоҳ амр кард, ки дар се рӯз бояд пули муштарӣ барқарор карда шавад. Дар сурати барқарор нашудани маблағи муштарӣ, мо суратҳисоби бонкро мебандем ва дигар бонк ҳуқуқ надорад дар суратҳисобаш пул ворид кунад. Ҳоло мо се рӯз интизор мешавем, ки қарори мо иҷро мешавад ё на, баъдан мо нисбати бонк чора меандешем",-гуфт мусоҳиби мо.
Хуршед Маҳмадиев, сокини ноҳияи Восеъ ҳам рӯзи 15 июл ба Радиои Озодӣ тасдиқ намуд, ки дирӯз додгоҳ қарор кард, ки бояд бонк 6 ҳазор доллари ӯро барқарор кунад. Ҷаноби Маҳмадиев афзуд, ки баъди қарори додгоҳ онҳо ҳамроҳи кормандони суд-иҷрочӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" рафтанд, аммо касеро пайдо накарданд.
"Аввалҳои моҳи июн буд, ба суд муроҷиат кардам, суд дирӯз қарор баровард ва ба суд-иҷрочиҳо супориш дод, ки кори маро ҳал намоянд. Ман бо ҳамроҳи кормандони суд-иҷрочӣ ба бонк рафтем, касеро пайдо накардем ва додгоҳ ба онҳо се рӯз муҳлат дод, то пулро барқарор кунанд, дар ҳолати барқарор нашуданд гуфтанд, ки аз роҳҳои дигар кор мегиранд",--гуфт мусоҳиби мо.
Ин сокини ноҳияи Восеъ се моҳи пеш дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки моҳи августи соли 2015 дар ҳаҷми 25 ҳазор доллар дар "Тоҷиксодиротбонк" тариқи шартномавӣ маблағ гузошта буд. Вақте дар бораи мушкилоти ин бонк огоҳ шуд, моҳи феврали соли ҷорӣ шартномаро қатъ кард ва барои ин, тақрибан 600 доллар ҷарима супурд.
Ӯ мегӯяд, ки баъд аз шикояту даъвоҳои зиёди чандмоҳа тавонист ҳудуди 19 ҳазор доллари худро ба даст биёрад ва ҳоло барои бозпас гирифтани 6 ҳазор доллари боқимонда ба додгоҳ муроҷиат кардааст, то ин мушкилро ҳал кунад. Ӯ мегӯяд, ҳоло то рӯзи душанбе интизори ҷавоби тарафи бонк мемонанд, ки дар ин маврид чӣ тасмим мегирад.
Бонки миллии Тоҷикистон моҳи май эълон кард, ки барои се моҳи оянда дар ин муассисаи молӣ раҳбарияти муваққат таъин мекунад. Дар оғози моҳи июн Бонки миллӣ эълон кард, ки интиқоли маблағ ба муштариён оғоз шудааст, аммо то ҳол муштариён аз нагирифтани маблағи худ шикоят мекунанд.
Масъулони "Тоҷиксодиротбон" дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки маоши моҳҳои январ ва феврали кормандони будҷавӣ 833 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст, ки онро ба тадриҷ пардохт мекунанд.
“Тоҷиксодиротбонк” баъди “Агроинвестбонк” дуввумин бонки бузурги Тоҷикистон буд, ки аз лиҳози ҳаҷми гардиши маблағ дар раддабандии бонкҳои умда буда, аз “Ориёнбонк”-у “Амонатбонк” болотар меистод. Аммо пас аз таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ вазъи “Тоҷиксодиротбонк” якбора бад шуд ва муштариён ҳам натавонистанд аз банкоматҳои он пул бигиранд.