Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҷои 180 000 сомоние, ки модари Шодиев мехост, вазорати умури дохиларо ба пардохти 14 000 сомонӣ ба наздикони ӯ муваззаф кард.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро муваззаф кард, ки ба пайвандони Баҳромиддин Шоидев, маблағи 14 ҳазор сомонӣ, муодили қариб 3000 доллар, ҷуброн пардохт кунад. Ин дар ҳолест ки модари ӯ аз пулис барои марги фарзандаш 180 000 сомонӣ, муодили тақрибан 37 000 доллар талаб дошт.
Ҳотамҷон Раҷабов, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ, рӯзи душанбеи 18 ноябр зимни қироати тасмими додгоҳ гуфт, ки "даъвои пайвандони Баҳромиддин Шодиев алайҳи вазорати корҳои дохилӣ қисман қонеъ карда шаванд."
Ба ин тартиб, бар асоси ҳалномаи додгоҳи Исмоили Сомонӣ, вазорати корҳои дохилӣ бояд ба пайвандони Баҳромиддин Шодиев маблағи 14 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт кунад. Пайвандони Баҳромиддин Шодиев мӯътақиданд, ки вай дар пайи шиканҷа ҷони худро аз даст додааст.
Ниёзбибӣ Буриева, модари Баҳромиддин Шодиев, ҳалномаи додгоҳро ғайримунсифона арзёбӣ кард ва гуфт: «Ин 14 ҳазор ба ман лозим нест. Барои ин қадар пул худамро паст намезанам. Беҳтар он аст, ки одами бадро Худо ҷазо диҳад. Охир ман он маблағро барои писари Баҳромиддин талаб кардам на барои худам.»
Ҳотамҷон Раҷабов, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ, рӯзи душанбеи 18 ноябр зимни қироати тасмими додгоҳ гуфт, ки "даъвои пайвандони Баҳромиддин Шодиев алайҳи вазорати корҳои дохилӣ қисман қонеъ карда шаванд."
Ба ин тартиб, бар асоси ҳалномаи додгоҳи Исмоили Сомонӣ, вазорати корҳои дохилӣ бояд ба пайвандони Баҳромиддин Шодиев маблағи 14 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт кунад. Пайвандони Баҳромиддин Шодиев мӯътақиданд, ки вай дар пайи шиканҷа ҷони худро аз даст додааст.
Модари Баҳромиддин Шодиев аз вазорати умури дохила барои ҳалокати писараш бар асари шиканҷа ҳамчун товони зарари маънавӣ 180 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 37 000 доллар талаб дошт.
Бо вуҷуди он ки додгоҳ вазорати корҳои дохилиро дар пардохти ҷуброн ба нафъи пайвандони Баҳромиддин Шодиев амр кард, аммо намояндагони раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз шарҳи қазия худдори карданд, танҳо гуфтанд, ки «бидуни машварати раёсати ВКД чизе гуфта наметавонанд».
Баҳромиддин Шодиеви 28-сола, ки бо гумони дуздӣ аз тарафи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар моҳи октябри соли 2011 боздошт шуда буд, бо ҷароҳатҳои вазнин ба шӯъбаи эҳёи беморхонаи Қараболо интиқол ёфта, баъди 10 рӯз дар рӯи кати беморӣ ҷон дод. Модари ӯ ибтидо ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурд ва мақомоти шӯъбаи умури дохилаи ин ноҳияро дар латукӯб ва марги фарзандаш айбдор кард.
Додгоҳи Шоҳмансур дар моҳи феврали соли 2012 Абдураҳмон Додов, корманди шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳияро ба ду соли зиндон маҳкум кард.
Ба дунболи ин, дар моҳи апрели соли равон наздикони Баҳромиддин Шодиев бо талаби аз вазорати умури дохила рӯёндани товони зарари маънавӣ барои марги ӯ ба додгоҳ муроҷиат карданд.
Вазорати умури дохила ҳамин тавр, дар моҳи майи соли равон дар як баҳси дигари додгоҳӣ ба наздикони Сафаралӣ Сангов, ки низ дар соли 2011 баъди боздошташ аз сӯи маъмурони шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Сино бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон мунтақил шуда, ҷон бохта буд, 46 000 сомонӣ ҷуброн пардохт. Идораи зиндонҳои вазорати адлия низ дар як баҳси дигар муваззаф шуд, ки ба пайвандони Исмоил Бачаҷонов, ки дар боздоштгоҳи вазорати адлия даргузашт, 30 000 сомонӣ товон пардохт кунад.
Ин қазияҳо масъалаи шиканҷа ва латукӯби боздоштшудагону маҳбусон дар идораҳои пулис ва зиндонҳои Тоҷикистонро вирди забонҳо карда, дар чандин гузориши байналмилалӣ Душанберо дар радифи давлатҳое гузошт, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтироми тамом қоил нестанд.