Зани 71-солаи муттаҳам ба қасди "ҷиҳод" 12 сол зиндонӣ шуд. ВИДЕО

Додгоҳи вилояти Суғд як зани 71-сола ва шаш узви оила ва наздиконашро ба иттиҳоми "қасди ҷиҳод" дар Сурия, мутаносибан аз 12 то 17 солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Бар пояи ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд, ки баъд аз зӯҳри 18-уми апрел эълон шуд, Мавлуда Насриддиноваи 71-сола 12 солро пушти панҷараи зиндон сипарӣ мекунад. Додгоҳ писари 47-солаи ӯ Баҳодур Насриддиновро ба 17 сол ва наберааш Ҳайдархон Насриддинов ва домодаш Насруллохон Абдувалиевро ба 12,5 соли зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш сахт, маҳкум намуд.

Волидони ҷавононе ки ҳамроҳи онҳо ба роҳ баромада, ба тарафи Сурия гузаштаанд, норозианд. Талаб доранд, ки фарзандонашон баргардонда шаванд.

Бар пояи ҳукми додгоҳ духтари ин зан Фарзона Насриддиноваи 19-сола (ҳамсари Насруллохон Абдувалиев) ва хешовандони хонавода - Шоҳина ва Мушоҳирахон Нуриллоеваҳо ҳам ҳар яке ба 12 соли зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш умумӣ, маҳкум шудаанд.

Ду узви дигари хонавода - Шоҳида Нуриллоеваи 24 ва Маърифат Насриддиноваи 16-сола қаблан ба далели бемории рӯҳӣ ва ноболиғӣ, аз ҷавобгарӣ озод шуда буданд. Фарзона Насриддинова, ҳамсари Насруллохон Абдувалиев, ки додгоҳ 12 сол маҳкум ба зиндонаш кард, дар батн кӯдаки 7-моҳа дорад.

Ин хонавода сокини ҷамоати Навгилеми Исфара мебошад. Мурофиаи додгоҳӣ, ки 11 апрел шурӯъ шуд, зери раёсати Фирӯза Аҳмадзода, додраси додгоҳи вилояти Суғд сурат гирифт.

Наздикони маҳкумшудаҳо: "Интизори ҳукми мунсифона будем"

Маҳбуба Убайдуллоева, ҳамсари бародари Мавлуда Насриддиноваи 71- сола баъд аз эълони ҳукм гуфт, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати занони ин гурӯҳро, ғайримунсифона медонад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Онҳо аз ноогоҳӣ, аз гумроҳӣ ба ин роҳи хато рафтанд. Онҳо дар додгоҳ гуфтанд, ки ба гуноҳони худ пурра иқроранд ва пушаймонанд ва илтимос карданд, ки ҷазои ғайриҳабсӣ таъин кунад. Аммо додгоҳ инро ба инобат нагирифт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ҳабс кард. Ақаллан ҷазои Фарзона Насриддиноваро, ки ҳомила асту дар батнаш тифли 7-моҳа дорад, ба ғайриҳабсӣ иваз накард."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зани 71-солаи муттаҳам ба қасди "ҷиҳод" 12 сол зиндонӣ шуд

Ҳамаи 7 нафари ҳабсшуда аз хидмати вакили дифоъ даст кашида, ба гуфтаи пайвандони онҳо, дар мурофиаи додгоҳӣ ба гуноҳҳои кардаи худ иқрор ва изҳори пушаймонӣ кардаанд. Абдуҳалим Абдувалиев, як хеши наздики гурӯҳи 7-нафарии ҳабсшуда, ки духтараш Таҳминахон шомили ин гурӯҳ буд ва ба Сурия рафтаас, гуфт, умедвор буд додгоҳ занонро ҷазои ғайриҳабсӣ таъин мекунад.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Мо умедвор будем, ки додгоҳ аз ноогоҳӣ ҳамроҳи шавҳарони худ ба сафар баромадани онҳо ва сидқан пушаймониашонро ба назари эътибор мегирад ва ба ҷазои ғайриҳабсӣ медиҳад. Он гоҳ ба дигар занони шарикони онҳо, ки дар Сурия ҳастанд, ин ҳукми додгоҳ умед медод ва ба ватан бармегаштанд."

Тафтишот қаблан гуфта буд, ки дар миёни айбдоршавандаҳо, ба эҳтимоли зиёд, ҳукми Баҳодур Насриддинов сангинтар хоҳад шуд, чунки ӯро таблиғгар ва саркардаи фикри сафари 27 узви оила ба Сурия дар соли 2017 меноманд ва нисбати ӯ аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноӣ айб эълон шуда буд. Пеш аз кӯшиши сафар ба қаламравҳои зери назари гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, Баҳодур Насриддинов ба ҳайси ҳисобдор кор кардааст.

Тафтишот мегӯяд, дар як амалиёти сохторҳои ҳифзи қонуни Туркия дар марз бо Сурия охири соли 2017 танҳо қисме аз аъзои ин хонавода боздошт шуд. Дар ниҳояти амр, танҳо як духтари ин хонавода Замира Насриддинова аз сафар ба Сурия худдорӣ карда, дар Исфара мондааст.

"Ҳаждаҳ нафар ба Сурия гузаштанд"

Ҳодисае, ки бисёриҳоро ҳайрон кард, охири соли 2017 рух дод. Як манбаи Радиои Озодии наздик ба тафтишот ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки моҳи марти соли 2017 бо ҳадафи сафар ба қаламравҳои зери назари ДОИШ дар Сурия, 27 узви як хонаводаи калон ба роҳ баромад.

Вай гуфт:"Дар асл инҳо 27 хешу табор будаанд, ки соли гузашта дар се мусофирбари хурд ба Сурия мерафтанд. Ду мусофирбар, дар маҷмӯъ ҳаждаҳ нафар, марзро гузаштаанд. Ва мусофирбари севумро, ки шомили нуҳ нафар буд, нирӯҳои Туркия боздошт карда, ба Тоҷикистон истирдод намуданд", - гуфт манбаъ.

Мақомот танҳо гуфтанд, ин хонавода дар бозпурсӣ ва рӯзи аввали мурофиа иқрор кардааст, ки ба хотири “ҳиҷрат” ва иштирок дар “ҷиҳод” ба Сурия рафтанӣ буд.

Бино ба хулосаи тафтишот, ин афрод бо ташвиқи Баҳодур Насриддинов аз Тоҷикистон нахуст ба Қазоқистон ва аз онҷо ба Туркия рафтаанд. Онҳо дар Қазоқистон ду моҳ ва дар Туркия панҷ моҳ зиста, сипас, ба марзи Сурия рафтаанд. Нуҳ нафари онҳо ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хатайи Туркия ба Идлиб дастгир шуда, 18 нафари дигар ба Сурия гузаштаанд.

Шикоят аз маҳдудияти ҳуқуқи динӣ

Тафтиши аввалия алайҳи Баҳодур Насриддинов бар асоси 3 банди Кодекси ҷиноӣ – “ҷалб ва иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо”, “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” ва “иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ” парванда боз карда буд. Шаш нафари дигар бар асоси моддаи “ҷалб ва иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо” айбдор мешуданд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ айбдоршавандаҳо гуфтаанд, дар ватан ҳуқуқи диниашон, аз ҷумла дар мавриди пӯшиши мазҳабӣ маҳдуд мешуд. Яке аз занони айбдоршаванда гуфтааст, боре ӯро пулиси маҳаллӣ дар бозор дошта, барои даст кашидан аз сатр ва бастани рӯймол ба тарзи оддӣ ташвиқ кард.

"Тундгаро набуд, риш надошт"

То ба ҳол 9 сокини вилояти Суғд ихтиёрӣ аз ҷанги Сурия баргашта, ба ҷуз як нафар, дигарон аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шудаанд.

Мухтор Аҳмадов, раиси Навгилеми Исфара, рӯзи 11-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сокини 47-солаи ин ҷамоат, ки дар курсии айбдорӣ нишастааст, чанд сол боз дар Душанбе мезист. Ӯ фориғуттаҳсили донишгоҳ буда, муддате ба ҳайси муҳосиб кор кардааст. "Вай тундгаро набуд. Риш надошт ва дуруст намоз ҳам намехонд. Намедонем, чӣ тавр ба ин роҳ рафт, модари 71-солааш ва бародарону хоҳарон ва шавҳарони онҳоро ба ин роҳ бурдааст",-афзуд ӯ.

Ба қавли раиси ҷамоати Навгилем, фирори як хонавода аз ин маҳал ба қасди рафтан ба “ҷиҳод” дар Сурия сокинонро нигарон кардааст. Ӯ гуфт, "ҳама норизо, ҳама зиққанд. Ба ҳамсояҳо гуфта будаанд, ки Русия меравему дам гирифта, бармегардем. Волидони ҷавононе ки ҳамроҳи онҳо ба роҳ баромада, ба тарафи Сурия гузаштаанд, норозианд. Талаб доранд, ки фарзандонашон баргардонда шаванд."

Аввал Чорқишлоқ буд, ҳоло Навгилем

Мухтор Аҳмадов мегӯяд, ба ҷуз оилаи мазкур як ҷавони дигар аз ҷамоати Навгилем барои тарғибу ташвиқи барномаҳои ДИИШ ва даъват ба иштирок дар ҷиҳод алайҳи неруҳои ҳукуматии Сурия дастгир гардидаааст. Зимнан, баррасии парвандаи ин ҷавони 31-сола низ рӯзи 11-уми апрел дар додгоҳи Хуҷанд шурӯъ гардид.

Исфара, ноҳияе бо аҳолии беш аз 200 ҳазор дар шимоли Тоҷикистон, дар марзи Қирғизистону Узбекистон ҷойгир аст ва мақомот онро яке аз минтақаҳои аз лиҳози мазҳабӣ осебпазири кишвар унвон мекунанд. Мақомоти Суғд соле қабл гуфтанд, ки 110 сокини вилоят ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки 62 нафари онҳо аз Исфара мебошанд.

Қаблан аз рафтани ҳудуди 20 сокини деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки ин ноҳия барои “ҷиҳод” дар ҷангҳои Сурия гузориш шуда буд.

Бино ба иттилои раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, то ба ҳол 9 сокини минтақа ихтиёрӣ аз ҷанги Сурия баргашта, ба ҷуз як тан ҳеч кадом аз онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудаанд.