Даҳҳо пизишку омӯзгор ва кормандони соҳаи фарҳанги вилояти Суғдро, ки дар даст бистари хобу халтаи хӯрок ва либос доштанд, 8-уми октябр аз Хуҷанд ба ноҳияи Зафаробод бурданд. Онҳо ба камияш даҳ рӯз ба ҷойи таълими кӯдакон ва муолиҷаи беморон ба ҷамъоварии пахта машғул хоҳанд шуд.
Баъзе аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо хоҳиши худ ва барои кумак ба деҳқонон мераванд, вале иддае дигар ишора карданд, ки "дастур аз тарафи раисони корхонаҳо аст ва иҷрои он барояшон – ногузир". Дар ҳамин шабу рӯз дар бораи ҷалби маҷбурии хонандагони мактабҳои баъзе аз ноҳияҳо низ гузориш шудааст. Мақомот гуфтанд, "ин кор баъд аз дарс сурат мегирад ва кӯдакон барои худ пул кор мекунанд".
Мавсими ҷамъоварии пахта, яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон, охири моҳи август сар шудааст ва то охири моҳи ноябр идома мекунад.
Дар гузашта мақомот дар ин кор аз нерӯи хонандагони мактаб ва донишҷӯён истифода мекарданд. Чанд сол пеш барои халал нарасондан ба ҷараёни таълим ва пешгирӣ аз меҳнати кӯдакон ин кор манъ шуд. Ҳоло мақомот талош доранд, ки аз роҳи, ба гуфтаи онҳо, ҳашар суръати ҷамъоварии пахтаро тезонанд ва бештар коргарони ниҳодҳои будҷавиро ҷалб мекунанд.
Дилдора Солеҳхӯҷаева, корманди шифохонаи бемории сил дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамроҳи чанд ҳамкораш барои чидани пахта ба ноҳияи Зафаробод рафт. Ӯ 67 сол дорад ва мегӯяд, дар як рӯз қуввати то 70-80 кило ҷамъ овардани пахтаро дорад.
"Соли гузашта низ рафта будам. Сардор имсол ҳам номи моро навиштаанд. Дар рӯзҳои офтобӣ рафта, пахта мечинем ва бармегардем", -- афзуд ӯ.
Солеҳхӯҷаева умед дорад, ки дар саҳро барои онҳо шароити хуб фароҳам меоранд ва хӯроки хуб медиҳанд. Аммо аз чеҳраи бархеи дигар аён буд, ки ба ҳашари чидани пахта "ночор ва ба қавле бо гардани баста" мераванд. Онҳо ба хотири аз даст надодани кору зери гап намондан дар ин бора суҳбат накарданд.
Бо такя ба ин вазъ, гуфтан мумкин аст, ки рафтан ба пахтачинӣ ба таври "ихтиёрӣ – маҷбурӣ" сурат мегирад. Даҳаи сеюм аст, ки ҳар мактабу донишгоҳ ва кӯдакистону беморхона дар шимоли кишвар чанде аз кормандони худро барои 10 рӯз ба пахтачинӣ мефиристад.
Як муаллими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, имрӯзҳо дар ноҳияи Ашт ҳамроҳи ҳамкоронаш пахта мечинанд ва дарси онҳоро ҳамкоронашон мегузаранд. "Маош ҳатман ба номи мо гузаронда мешавад, чунки мо барои кори хайр омадем ва ба кишоварзон ёрӣ мекунем. Баъзе аз муаллимон, ки худ имкони кору зиндагӣ дар саҳроро надоранд, ба ҷойи худ яке аз наздиконашонро мефиристанд", - гуфт ӯ.
Ҷумлаи охири ин ҳамсуҳбати мо ихтиёрӣ будани маъракаи ҷамъоварии пахта барои кормандони ниҳодҳои будҷавиро зери суол мегузорад. Дар ҳоле ки мақомот мегӯянд, ҳар касе хост дар ин маърака иштирок мекунад, чӣ гуна муаллимоне, ки имкони кор дар саҳроро надоранд, ба ҷойи худ каси дигарро мефиристанд?
Дар як ҳафтаи ахир ба Радиои Озодӣ шикоятҳое ҳам расид, ки чанде аз мактабҳо дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд хонандагону омӯзгоронро маҷбурӣ ба ҷамъоварии пахта ҷалб кардаанд.
Як омӯзгор аз Конибодом аз чанд мактабе ном бурд, ки хонандаву муаллимонаш дар саҳрои пахта ҳастанд. Бурҳониддин Ҷабборӣ, мудири маорифи Конибодом, рӯзи 8-уми октябр ба Радиои Озодӣ пахтачинии хонандагонро рад накард, вале гуфт, "онҳо баъд аз соати дарсӣ мераванд ва барои худ пул кор мекунанд".
"Мо дар соати дарсӣ ҳеҷ вақт ин хел корро намекунем. Мо ҳам мефаҳмем. Бачаҳои шаҳр умуман ба ин кор наздикӣ намекунанд. Аммо дар деҳаҳо бачаҳо мебароянд ва ба наздиконашон ёрӣ мекунанд", -- шарҳ дод мудири маориф.
Ҷалби гуруҳии кормандони бахшҳои гуногун ба пахтачинӣ дар шимоли кившар дар ҳолест, ки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 7-уми октябр дастур дод, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳар кило пахтаи ҷамъоваришуда 70 дирам пардозанд. Ҳоло хоҷагиҳои деҳқонӣ барои пахтачинҳо ба сари ҳар кило "тилои сафед" аз 30 то 50 дирам медиҳанд.
Ҳамчунин мақомот дастур додаанд, ки корхонаҳои пахтатозакунӣ ҳар кило пахтаро аз деҳқон ба қимати 5,5 сомонӣ харанд. Дар гузашта чанде аз хоҷагиҳои пахтакор шикоят карда буданд, ки пахтаи онҳоро ба берун баромадан намемонанд ва баъзе ширкатҳо онро бо пули кам мегиранд.
Дар Тоҷикистон имсол бояд тақрибан 400 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шавад. Имсол дар вилояти Суғд дар ҳудуди 60 ҳазор гектар пахта парвариш карда, талош доранд, 130 ҳазор тонна "тиллои сафед" бигиранд. То рӯзи 6-уми октябр 50 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шудааст, ки ҳанӯз нисфи нақша нест.
Суғд баъд аз Хатлон дувумин вилояти бузурги пахтакори Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар вилояти Хатлон ҳам дар ин шабу рӯз маъракаи "60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор" идома дорад. Қарор аст хоҷагиҳои пахтакор дар вилояти Хатлон дар ин мавсим бештар аз 275 ҳазор тонна пахта рӯёнанд. Дар ин вилоят то имруз ҳудуди 70 дарсади нақша иҷро шудааст.
Алимурод Авазов, раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилояти Хатлон гуфт, имсол дар ду гектар пунбадона кишт карда, дар ин рӯзҳо аз он 500 кило ҳосили аввалро ҷамъ овардаанд. Вай мегӯяд, “бо назардошти нирӯи кории худ ва имконоти худамон пахта киштем, зеро бо нархе ки ба пахтачинҳо медиҳем, на ҳамеша ҳашарчӣ ёфт мешавад.”
Истифода аз нерӯи кормандони идораҳову корхонаҳои давлатӣ дар мавсими пахтачинӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари пахтакори Осиёи Марказӣ анъанаест, ки аз Шӯравӣ ба мерос мондааст. Дар замони Шӯравии пешин, ки нақшаи пахтаи Тоҷикистон 900 ҳазор тоннаро ташкил медод, дар мавсими пахтачинӣ қариб тамоми корхонаҳои саноатӣ, донишгоҳҳову омӯзишгоҳҳо ва идораҳои давлатӣ маҷбур буданд, худро дар ин шабу рӯз ба кумаки деҳқонон бирасонанд.
Коршиносон мегӯянд, бо кумаки кормандони идораҳои буҷавӣ, аз ҷумла омӯзгорону табибон яқин аст, ки ҳосили пахта тезтар ҷамъ оварда мешавад, вале оё зиёне, ки ба ҷараёни таълими кӯдакону муолиҷаи cокинон мерасад, аз он бештар нахоҳад буд? Суолест, ки ҷавобаш вақт мехоҳад.