Моҳи апрел Тоҷикистон аз талошҳои худ зидди фасоду ришват ба Созмони Ҳамкорҳои Иқтисодӣ ва Рушд гузориш хоҳад дод.
Раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, Абдулфаттоҳи Ғоиб, ба Радиои Озодӣ гуфт, ниҳоди зери сарварии ӯ гузоришеро дар бобати вазъи мубориза бо фасоду ришват дар кишвар омода кардааст, ки моҳи апрел дар ҷаласаи коршиносони Созмони Ҳамкорҳои Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) дар Порис баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бахши асосии пешниҳодҳои Шабакаи зиддикоррупсионии созмони мазкурро ба иҷро расондааст: “Таъини ҷавобгарӣ барои шаҳрвандон ва созмонҳои хориҷӣ барои додан ё гирифтани пора яке аз чунин тавсияҳо буд, ки ба иҷро расид. Бо пешниҳоди мо, ба ҳамин маънӣ дар қонунҳои Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.”
Ҷаноби Ғоиб аз гурӯҳи кории Созмони Ҳамкорҳои Иқтисодӣ ва Рушд, ки барои омӯзиши вазъ, ба Тоҷикистон сафар кардааст, барои кӯмак дар таҳияи гузориши Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Ин коршиносон аз 17 то 19 феврали соли равон дар Тоҷикистон ҷараёни иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии ин кишварро барои ҷилавгириӣ аз ришвату фасод хоҳад омӯхт. Ин дар ҳолест, ки Созмони Ҳамкорҳои Иқтисодӣ ва Рушд барои коҳиши бунёдии фасоду ришва ба Тоҷикистон 17 тавсия додааст ва акнун коршиносон татбиқи ин пешниҳодҳоро тафтиш хоҳанд кард. Барои ин онҳо бо намояндагони вазоратхонаҳо, кумитаҳои созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва намояндагони васоити ахбори умум мулоқот хоҳанд кард.
Раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз тирамоҳи соли гузашта ба ин баррасӣ омодагӣ шурӯъ шуда буд: “Мутобиқи фармони перзиденти Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, дар бораи стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, вазорату идораҳо вазифадор шуда буданд, ки барномаҳои идоравии соҳавии зиддикоррупсионӣ ва кодекси одоби касбии худро таҳия ва қабул намоянд. Бояд қайд кард, ки дар ин стратегия ҳамаи тавсияҳои созмони мазкур ҷойгир карда шудаанд.”
Ба гуфтаи Абдулфаттоҳи Ғоиб, тавсияҳои мазкур аз иҷрои стратегияи зиддикоррупсионӣ, барномаҳои зиддикоррупсионии вазорату идораҳо, шаффофияти фаъолиятҳои молиявии давлат ва мудирияти ҳукумат, такомули шартҳои хадамоти давлатӣ ва пешгирӣ аз ҳама намудҳои фасоду ришват иборат аст. Дар он ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистонг хоста мешуд, ки ҳамаи намудҳои фаъолиятҳои коррупсионӣ ҷиноят шумурда шуда, ҷазои онҳо пешбинӣ шавад. Раҳбари Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бар ин аст, ки ин тавсияҳо амалӣ шудаанд.
Аммо чӣ гуна амалӣ шудани ин пешниҳодҳо ё амалӣ нагаштани онҳоро коршиносони Созмони Ҳамкорҳои Иқтисодӣ ва Рушд пас аз дидору гуфтугӯҳо бо намояндагони вазоратхонаҳо, кумитаҳо, бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, ба сурати умум бо тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистонва таҳқиқи санаду ҳуҷҷатҳои мавҷуда муайян хоҳанд кард.
Зимнан, ин даври сеюми омӯзиши вазъи мубориза бо ришвату фасод дар Тоҷикистон аст. Коршиносони СҲИР ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон машварат додаанд, ки шароити муносибе барои гузаронидани пурсишҳо ва тафтишҳои мунтазам ҷиҳати мушаххас кардани фасоду ришва дар шохаҳои ҳукумат, шароит фароҳам оварда шавад ва чунин таҳқиқ ақаллан як бор дар се сол анҷом дода шуда, натиҷаи он дар барномаҳои зидди коррупсияи Тоҷикистон истифода гарданд.
Раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, Абдулфаттоҳи Ғоиб, дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки талошҳои муқвоимат бо коррупсия бештар мешаванд ва маълум гаштааст, ки асосан мақомоти назоратӣ даст ба ин ҷиноят зада, дар навбати худ, аҳолӣ низ бо пешниҳод кардани ришва ин падидаро нерӯ медиҳад. Биноан, афзуд ӯ, бояд маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон такмил ёбад ва ҷомеа дар мубориза бо фасод “ аз як гиребон сар барорад”.
Тавсияҳои байнулмилалӣ пас аз пайвастани Тоҷикистон ба СҲИР дар соли 2004 ба Тоҷикистон пешниҳод шуда, даври аввали мониторинги он дар соли 2006 ва даври дуввум дар соли 2010 сурат гирифта буд. Пас аз даври сеюм Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои узви СҲИР ҷой дода хоҳад шуд. Ҳамасола дар баҳогузориҳои созмони байнулмилалии Transparency International Тоҷикистон дар қатори кишварҳое зикр мешавад, ки барои густариши фасоду ришва шароити мусоид доранд. Соли гузашта ин ниҳод дар раддабандии фасодзадагӣ ба Тоҷикистон дар миёни 177 кишвар ҷои 154-уми раво дида буд.