Э.Раҳмон: Додситонҳоро иваз ва фасоду ришваро решакан кунед!

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амният. 17 феврали 2015

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ки дар ҷаласаи Шӯрои амният аз хатари коррупсия сӯҳбат мекард, ба иваз намудани муовинони додситони кулл ва додситонҳои ҳамаи вилоятҳо амр додааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳоле ки дар ҷаласаи 17 феврали Шӯрои амният аз хатари “коррупсия” ё фасоди молӣ суҳбат мекард, дастур дод, то муовини якум, муовинони додситони кулл ва роҳбарони додситонии вилоятҳо иваз карда шаванд. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, агар Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ фаъолияташро ба шакли кунунӣ идома диҳад, онро бо дастони худаш хоҳад баст.

Як манбаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон баъд аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои амният ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ҳатто кормандони дордситониҳои кишвар дар ҷинояҳои коррупсионӣ даст доранд ва сабаби аслии беҷазо мондани омилони фасод дар кишвар аз ҷумла ҳамин аст.

Абдуфаттоҳи Ғоиб

Президент инчунин аз фаъолияти Оҷонсии зидди коррупсия изҳори ноқаноатмандӣ намуда, ҳушдор додааст, агар ин ниҳод бо ҳамин мизони камранг фаъолияташро идома диҳад, барҳамаш хоҳад дод. Ҷаноби Раҳмон хитоб ба раиси Оҷонсӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфтааст, дар ҷиноятҳои коррупсионӣ вақте кормандони худи Оҷонсии зидди фасод ба даст меафтанд, ин ниҳод барои кишвар чӣ зарурат дорад? Ӯ афзудааст, "оҷонсиро худам таъсис додам ва худам барҳам медиҳам.”

Президенти Тоҷикистон дар ин нишаст гуфтааст, кор ба ҷое кашида, ки ба кормандони оҷонсии зиддифасод ва додситониҳои навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз ҷамоатҳо талаби ҷудо кардани қитъаҳои заминро кардаанд ва ба ин далел 4 раиси ҷамоат аз дасти онҳо Тоҷикистонро тарк карда, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ба Русия фирор кардаанд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони Оҷонсӣ ва додситониҳо даъват карддааст, ки боздошту ба маҳкама кашиданро кам кунанд.

Шерхон Салимзода

Аммо як натиҷаи муҳими то ҳол ба дасти расонаҳо расида аз ин ҷаласа талаби барканории муовинони додситони кул ва раҳбарони додситониҳои ҳамаи вилоятҳои Тоҷикистон аз сӯи оқои Раҳмон аст. Далели ин амри раисиҷумҳур ҳанӯз маълум нест. Аммо ин дастур дар ҳоле баён шудааст, ки моҳи январи соли ҷорӣ Шерхон Салимзода аз мақоми додситони кулли Тоҷикистон барканор ва ба ҷои ӯ Юсуф Раҳмонов таъин гардид. То ҳол оқои Салимзода ба мақоме таъин нашудааст.

Гузашта аз ин, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти тобистони соли гузаштааш бо кормандони додситонӣ аз фаъолияти онҳо ба шиддат интиқод карда, таъкид карда буд, агар аз иҷрои вазифа намебароянд, ҷойро холӣ кунанд.

Раиси ҷумҳур дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбе бо ҳузури мақомоти қудративу интизомии кишвар баргузор шуд, инчунин, ба санҷиши ҳарсолаи бонки миллӣ ҳам таъкид кардааст. Вай ин ҳарфҳо баъд аз гузориши Дилмурод Давлатзода, раиси палатаи ҳисоби Тоҷикистон, ба забон овардааст, ки гуфтааст, дар пайи як санҷиш дар

бонки миллӣ ба андозаи 15 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардаанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амният аз афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони манзилу таъин ва пардохти нафақаҳои маъюбӣ низ суҳбат кардааст. Вай гуфтааст, "таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвар ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад. Агар соли 2010 ҳамагӣ 1639 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, пас, соли 2014 2310 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст."

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҷаласа Абдуфаттоҳи Ғоиб -- раиси оҷонсии зиддифасод, Рамазон Раҳимзода – вазири умури дохилӣ, Нуриддин Саид -- вазири маориф ва илм, Нусратулло Салимзода -- вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Нусратулло Давлатзода -- раиси Кумитаи андоз ҳам гузориш додаанд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб аз ҷумла гуфтааст, ки ниҳодии зери назари ӯ дар 5 соли охир мавридҳои фасоду ришва ва дуздии амволи давлат ба маблағи 1 миллиард сомониро ошкор кардааст. Рамазон Раҳимзода аз ошкор шудани 11 741 ҷинояти коррупсионӣ дар соли 2014 хабар дод ва гуфт, беш аз 4000 аз ин ҷиноятҳоро мақомоти милиса ошкор кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи барқарор кардани зарарҳои молиявӣ дар сохторҳои кишвар гуфтааст, “тамоми маблағҳои зарари молиявии

Юсуф Раҳмонов

ошкоршуда бояд баргардонда шаванд, аммо на ба ҳисоби бонкии сохторҳо, балки ба буҷаи давлатӣ.”

Ҳангоми ҳисобаташ аз вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода дар бораи 88 миллион сомонӣ зарари молиявӣ, ки тайи 5 сол дар ин соҳа ошкор шудааст, низ пурсида шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, “тавре зикр гардид, 15 миллион сомонӣ зарар дар ин соҳа танҳо дар соли 2014 ошкор карда шудааст.”

Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз ниҳодҳои қудратии кишвар хостааст, алайҳи коррупсия муборизаи ҷиддӣ баранд. Ӯ коррупсияро “кирдори хатарноки зиддидавлатӣ” номида ва гуфтааст, “ин амали нангин обрӯи давлатро дар дохил ва хориҷи кишвар коҳиш дода, асосҳои давлатдориро заиф менамояд.”