Тоҷикон аз ришват "иммунитет" надоранд

Сокинони сайёра ҳамасола барои ҳалли мушкилоти худ ба мақомот ва идораҳои фасодкори давлатӣ то 1 триллион доллар пора медиҳанд. Маълум нест, ки аз ин маблағ чӣ қадараш ба Тоҷикистон рост меояд.

Оморе дар он бора, ки сокинони Тоҷикистон ҳамасола чӣ миқдор пулро ба кисаи раису вакилу миёнаравҳо мерезанд, мавҷуд нест. “Ришвахорӣ ҷиноятест, ки маҳрамона содир мешавад ва ҳаҷми пора танҳову танҳо баъди ошкор шудани ҷиноят мушаххас мешавад”, - мегӯяд Алиакбар Абдуллоев, раиси Маркази ҷумҳуриявии тарғиби маърифати зиддикоррупсионии Тоҷикистон.

Алиакбар Абдуллоев

Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли 2014 кормандони идораҳои давлатӣ дар маҳалҳо 224 ва бонкҳои кишвар 214 ҷинояти марбут ба фасод содир карданд ва аз фасодкорҳои аслӣ буданд. Ба гуфтаи Оҷонсӣ, соли гузашта дар вазорати маориф 101 маврид ва дар вазорати тандурустӣ 70 ҷинояти марбут ба фасод ошкор шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки солҳои пеш дар рӯйхати фасодкорони аслӣ буд, соли 2014, ба гуфтаи Оҷонсӣ, ҳамагӣ 46 ҷинояти марбут ба фасод доштаст. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи мутахассисони Оҷонсӣ, мизони фасод ё зиёни ба давлат воридшуда ҳудудан 128 миллион сомонӣ, муодили 25 миллион доллар буд ва аз ин рақам беш аз 28 миллион сомонӣ ё 6 миллион доллар ба хазинаи давлат баргаштааст.

Олимҷон Забирзода, корманди масъули Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мансабдорони маҳаллӣ - раисони ҷамоату маҳалла, раҳбарони идораҳои заминсозӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бештар барои фурӯши замин боздошт шудаанд. Яке аз онҳо Салим Бобохонов, раиси пешини ҷамоати деҳоти "Кӯлоб", ки моҳи феврали соли ҷорӣ барои фурӯши "заминҳои президентӣ" боздошт шуда буд, чанд рӯз пеш баъд аз пардохти 62 ҳазор сомонӣ (муодили 10 ҳазор доллар) ҷарима раҳо карда шуд. Ба гуфтаи Олимҷон Забиров, дар вазорати маориф ва илм ҷиноятҳое чун ришвахории устодон ҳангоми имтиҳонҳо, талаби пора барои мусоидат дар дохилшавӣ ба мактаби олӣ, аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар ё аз коллеҷ ба донишгоҳ гузаронидан бисёр буданд.

Миёни сохторҳои қудратӣ ришвату фасод дар мақомоти додситонӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҳам камтар аст, мегӯяд ӯ. Ҳарчанд охирин ҳодисаи ришваситонӣ маҳз дар мақомоти додситонӣ ошкор шуд - муфаттиши калони додситонии шаҳри Норак аз шахсе бо номи О. - падари шаҳрванд А., ки дар латукӯб ва ба алоқаи ҷинсӣ маҷбур кардани Б, айбдор мешуд, 5000 доллар пора талаб карда, ҳангоми гирифтани як қисми маблағ дастгир шуд.

ҲАҶМИ МИЁНАИ ПОРА ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ ҚАДАР АСТ?

Алед Вилямс, мушовири Маркази таҳқиқоти зиддикоррупсионӣ (Anti-corruption Resource Center), мақараш дар Норвегия, бо такя ба таҳқиқоти ахири ин созмон мегӯяд, 70 дар сади афроди пурсидашуда дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳадди аққал як бор ришва додаанд ё дар садади ришвадиҳӣ буданд. Мутахассисони Марказ ва Transparency International дар як гузориши муштарак ҳисоб кардаанд, ки маблағи миёнаи ришва дар Тоҷикистон 1800 сомонӣ, муодили тақрибан 300 доллар аст. Дар муаррифии пажӯҳиши ахири Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта ҳам гуфта шуд, ки дар панҷ соли ахир маблағи миёнаи ришва аз 600 то 1800 сомонӣ боло рафтааст. Аз ин пеш Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар як пажӯҳиш маблағи миёнаи ришватро дар Тоҷикистон 1000 сомонӣ ё 200 доллар ҳисоб карда буд.

Манучеҳр, як тоҷири муқими шаҳри Маскав мегӯяд, соли гузашта додараш, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, барои тезтар гирифтани паспорт 350 сомонӣ ва боз ҳамин қадар пули иловагӣ барои ҳуҷҷати ронандагӣ дод. “Ин ғайр аз он ки барои духтуру барои инспектори ГАИ-ву дигару дигарҳо ҳам садҳо сомонии дигар пора додааст”, гуфт Манучеҳр.

Зафар Абдуллоев

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ришва дар Тоҷикистон аз 5 сомонӣ сар шуда, баъзан то даҳҳо ва ҳатто садҳо ҳазор доллар мерасад. Маблағҳои аз ҳама бузург, ҳадс мезананд онҳо, аз ҷумла, ҳангоми тендерҳо барои бунёди иншооти бузург ва дар тиҷорати сохтмон пардохт мешаванд. Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, шахсони манфиатдор “худашон ба мансабдорон барои пуштибонӣ дар тендер ё дар тиҷорати сохтмон пора медиҳанд ва ба ин васила худашон ба фасод мусоидат мекунанд”.

Зимнан, ёфтани ҷои кори "равғанӣ" аз рӯъёҳоест, ки на танҳо калонсолон, балки зеҳни кӯдаконро низ банд кардааст. Агар дар гузашта наврасон бештар мехостанд сарниши ҳавопаймо ва ё артисти синамо шавад, кӯдакони имрӯза касбҳоеро орзу мекунанд, ки пул дошта бошад. Бахтиёр Юсуфов, корманди пешини Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод мегӯяд, ҳоло аксари талабаҳо мехоҳанд, ки дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кунанд ва дар оянда додситону додрас ё милиса шаванд, зеро баъзе додситону додрасу милисаҳо дар манзилҳои боҳашамат зиндагӣ мекунанд. “Онҳо аз овони мактабӣ бо андешае бузург мешаванд, ки рисолати ниҳодҳои қудратӣ на ҳифзи қонун, балки қонуншиканӣ аст, аз ин рӯ беҳтар аст, агар дар барномаи мактабӣ таълими мубориза бо фасод роҳандозӣ шавад”, мегӯяд ӯ.

НИГАҲЕ АЗ КАНОР. РИШВАТ, НЕПОТИЗМ, ТАҒОБОЗӢ

Денис Примаков, ҳуқуқшиноси дафтари Transparency International дар Русия, ки бо даъвати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар як таҳқиқот оид ба сатҳи фасод дар Тоҷикистон ширкат кардааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фасоду ришват аз ҳама бештар дар ниҳодҳои гумрук, хадамоти давлатӣ ва дар муомилоти давлату тиҷорат ошкор шудаанд. Ӯ меафзояд, “мушкил он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон иҷозати шинос шудан бо парвандаҳои марбут ба фасодро намедиҳад. Тоҷикистон баръакс мехоҳад нишон диҳад, ки вазъ хеле хуб аст. Фақат як намуна меорам – писари калонии раисиҷумҳур, ки пештар раиси Хадамоти гумрук буд, ҳоло раҳбарии Оҷонси мубориза бо фасодро раҳбарӣ мекунад. Ва ин бозгӯи вазъ аст”.

Денис Примаков мегӯяд, ки ҳангоми баргузории таҳқиқот онҳо бо непотизм ё таборгарӣ, бархӯрди манфиатҳо дар ҳама соҳаҳо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. “Робитаҳои шахсӣ, ки бештар хоси кишварҳои осиёист, яъне, ба кор гирифтани хешу табору дӯстон, аз тариқи “тағо”-ву ёру ошноҳо ҳал кардани мушкилиҳо дар Тоҷикистон хеле зиёд ба чашм мерасад”. Мусоҳиби мо меафзояд, сабаб он аст, ки мансабдорон маоши кам доранд ва аз ин рӯ маҷбуранд, ки ҳамзамон ба тиҷорат машғул шаванд. Ба гуфтаи Денис Примаков, вақте мансабдор 800 сомонӣ маош мегирад, ки барои рӯзгузаронӣ дар Тоҷикистон кофӣ нест, ӯ манбаи иловагии даромадро меҷӯяд - ришват мегирад ё дар муомилоти ғайриқонунии коррупсионӣ ширкат мекунад.

"РАИС ГИРИФТ, МАН ЧӢ КАМӢ ДОРАМ?"

Дар посух ба суоли «Чаро сатҳи фасод дар Тоҷикистон пойин намеравад?», Бахтиёр Юсуфов ба ду сабаб таъкид мекунад – яке набудани шароит барои зиндагии арзанда аст, зеро давлат наметавонад ҳамаро бо маоши хуб таъмин кунад, ва дигар ин ки аксаран ришвахориро на ҷиноят, балки як рукни зиндагӣ мешуморанд. Онҳо бовар доранд, ки мушкилашон бо пул тезтар ҳал мешавад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи мусоҳибони мо, идома ёфтани ришваситонӣ ба он маъност, ки мансабдорон тарсе аз қонун надоранд ва ба бемуҷозот монданашон мутмаинанд. Зимнан, иддае ин корро дар пайравӣ ба дигар мансабдорони воломақом ҳам анҷом медиҳанд, яъне аз рӯи принсипи “ман аз ӯ чӣ камӣ дорам?» амал мекунанд.

Зафар Абдуллоев, мегӯяд, ки дар Тоҷикистон касе аз ришвадиҳӣ “иммунитет” надорад. “Ман ҳам як-ду бор ба нозири роҳ пора додаам, чунки қоидаи роҳро вайрон карда будам ва бояд ҷаримаи калонтар месупурдам”, мегӯяд ӯ. Ин мусоҳиби мо ҳам мегӯяд, ки бозори ришваро на фақат мансабдорон, балки худи мардум ҳам гарм нигаҳ медорад, зеро мутмаинанд, ки барои ҳалли мушкилашон бояд ҳатман пул бидиҳанд. Аммо бисёр вақт мансабдорон ё ёварони онҳо масъаласозӣ ва бо ишораҳои таҳдор шахсро ба порадиҳӣ маҷбур мекунанд.

РОҲИ НАҶОТ ҲАСТ!

Зафар Абдулоев мегӯяд, ки схемаи ришвадиҳӣ дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳо шояд фарқе надошта бошад. Ҳоло аз дабиристон сар карда то вазоратхонаҳо ришвадиҳӣ асосан аз тариқи миёнаравҳо сурат мегирад. Таври маъмул, миёнаравҳо аз ҳар ду ҷониби ҳавасманд ин корро махфӣ, бо мувофиқаи пешакӣ, дур аз чашмҳо ва ҳатман берун аз муассиса анҷом медиҳанд. Аз ин рӯ, дастгир кардани порадеҳу порахӯр кори осон нест. Аксар ҳодисаҳое, ки то ҳол ошкор ва расонаӣ шудаанд, баъд аз он сурат гирифтаанд, ки шаҳрванд аз талаби маблағи бузург батангомада аз мақомоти милиса ё Оҷонси назорати молиявӣ ва фасод ёрӣ хостааст.

Дар ҳамин ҳол Алиакбар Абдуллоев, ки ду сол боз Тифлис рафта таҷрибаи Гурҷистон дар мубориза бо фасодро меомӯзад, мегӯяд, ягона роҳи коҳиш додани ришвахорӣ – ҳарчи камтар кардани тамоси мансабдор ва шаҳрванд аст. Ба гуфтаи ӯ, дар Гурҷистон дарёфти санадҳое чун шиноснома, зоднома, санади ронандагӣ дар Хонаи Адолат бидуни тамоси шаҳрванд бо мансабдор ва аз тариқи компютер сурат мегираду ҳамагӣ 5-7 дақиқа тӯл мекашад. “Фасод кай рӯ мезанад? Ҳамон вақте, ки мансабдор мӯҳтоҷии шаҳрвандро дида аз мақомаш сӯиистифода мекунад ва аз ӯ пора мехоҳад. Агар онҳо бо ҳам рӯ ба рӯ нашаванд, зарурати пора додан ҳам аз байн меравад, ба компютер пора намедиҳед-ку”.

Алиакбар Абдуллоев меафзояд, ки бардошташро аз таҷрибаи мубориза бо фасод дар Гурҷистон дар чанд саҳифа ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, аммо то ҳол посухе нагирифтааст....