Чанде аз сокинони ҷамоати Ворухи Исфара даъво доранд, ки ҳафтаи гузашта марзбонҳои Қирғизистон ба чорвои онҳо ҳамла карда, нӯҳ говро бо корд захмӣ намудаанд. Мақомоти Исфара ҳодисаро тасдиқ мекунанд, аммо Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон расман ҳеч эътироз накардааст.
Яке аз сокинони ҷамоати Ворух рӯзи 7-уми июн дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ фиристод, гуфтааст, ба шикаму гардани говаш чаҳор дафъа корд заданд ва "ҷонвар дигар ба худ намеояд".
Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати Исфара, мегӯяд, ҳодиса 4-уми июн дар чарогоҳи Пули Офтобрӯя, дар наздикии марз бо Қирғизистон рух додааст. Ба қавли ӯ, "чарогоҳ ба ҳудуди Тоҷикистон тааллуқ дорад".
Як узви Кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон низ бе зикри номаш гуфт, "Пули Офтобрӯя қитъаи баҳсӣ ба шумор намеравад".
Мақомоти сарҳадбонии Қирғизистон хабари ҳамла ба чорвои мардуми Ворухро беасос номида, гуфтанд, "масъала мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт, вале тарафи Тоҷикистон ҳеч шикоят накард".
Гулмира Борубоева, сухангӯи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт: "Рӯзи 8-уми июн дар гуфтушуниде, ки намояндагони ду тараф ширкат карданд, ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, нисбат ба сарҳадбонҳои мо ҳеч шикоят надоранд. Аз шарҳи сухангӯи ҳукумати Исфара мутаассифем, ки ба расонаҳо чунин хабарро додааст. Ҳоло он ки кӯшиш ба харҷ додан лозим аст, то аз сар задани муноқиша ва иғво пешгирӣ карда шавад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пас аз изҳори назари намояндаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати Исфара, муроҷиат кардем. Вай гуфт, "дар видео рӯшан дида мешавад, ки сарҳадбонони Қирғизистон 9 гови сокинони Ворухро захмӣ кардаанд. Ман ба ҳар гапи гуфтаам масъулият дорам. Мардуми Ворух говҳои худро чок намекунанд."
Сокинони Ворух мегӯянд, бори дувум аст, ки бо чунин тарз ба чорвои онҳо ҳамла сурат мегирад. "Соли гузашта дар охирҳои моҳи май ба бадани говҳо чанд зарби корд заданд ва ҳатто пойҳояшонро шикаста буданд", -- нақл кард Домулло Муқомиддин, имомхатиби масҷиди Ворух.
Ба қавли ӯ, ҳодисаҳои ахир дар марз бо Қирғизистон яке пайи дигаре рух дода, вазъро печида ва сокинонро нигарон кардааст. Як рӯз пеш аз ҳамла ба чорво, миёни сокинони Оқсой ва маъмурони милисаи Ворух ҷанҷол сар задааст.
Тақрибан як сол пеш дар чорроҳаи тангии Ворухи Исфара ва Оқсойи Қирғизистон дидори раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифта буд. Дар он мулоқот раҳбарони ду кишвар ба тезонидани раванди таъйини марзҳо таъкид карданд ва зикр намуданд, ки "марзро ба дарвозаи сулҳ табдил медиҳем”.
Аммо тавре сокинони ҳарду тарафи марз нақл мекунанд, дар як соле, ки гузашт, на ин ки порчае аз қитъаи баҳсӣ таъину аломатгузорӣ нашуд, балки муноқишаҳо дар минтақаҳои марзӣ афзудааст.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ҳар сари чанд вақт шоҳиди муноқиша миёни сокинони наздимарзӣ мешавад, ки баъзан марзбонон низ ба он ҳамроҳ мешаванд. Ҷанҷолу тирандозӣ дар минтақаҳои баҳсӣ барои обу замин ва чарогоҳ гоҳе бо хунрезӣ меанҷомад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд ва хатти марзро бикашанд.